Нашрияи Омӯзгор

Дидори мубораки ту наврӯзи дилам

Сана: 2021-07-01        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

 

Муҳаббати модаронаи муаллимаи кафедраи баҳисобгирии муҳосибии таҳлил ва аудити факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро мо - донишҷӯёни кафедра ҳамеша ва дар ҳама ҳолат эҳсос мекунем. Бисёр инсони донишманд ва тозакоранд.  То ба ҳол аз назди эшон ягон донишҷӯ ноумед набаромадааст. Агар рафту ҳангоми машғулиятҳо ба мушкилие дучор гаштем, ҳатман наздашон меравем, маслиҳат мепурсему машварат мегирем. Дилором Абдуллозода бисёр инсони раҳмдиланд ва маро ҳамеша бо суханҳои нек ва самимӣ рӯҳбаланд мекунанд, то ман дар байни шарикдарсонам аз маъюб будани хеш дилшикаста нашавам. Худоро шукр, ки меҳру эҳтироми устодам ба камина зиёд аст ва ман кӯшиш мекунам, ки ба он муҳаббат, садоқат ва боварияшон сазовор бошам.

Ман бештар ба адабиёт ва фарҳанг майлу рағбат доштаму дорам. Эҷод мекунам ва чанд дафтари шеърам низ рӯйи чопро дидааст. Маҳз ташвиқи муаллима буд, ки дили маро ба дунёи муҳосибот гарм кардаву шамъи ин пеша-муҳосибиро дар дилам фурӯзон намудааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки Дилором Абдуллозода яке аз аввалин хонандагони китобҳои ман - “Шабеҳи Шарқ” ва “Саодат аз иродат” мебошад. Барои иродат ва эҳтироми хос ин каломи мавзунро барои инсони шариф ва модари маънавиям эҳдо менамоям: 

Дидори мубораки ту наврӯзи дилам,

Ҳарфи ту чароғи нурафрӯзи дилам.

Дар шаҳр ба ҷои модари деҳотим,

Малима, туӣ ҳамеша дилсӯзи дилам.

Дилшодзода Файзуллои Сулаймон,

донишҷӯи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш