Нависандагон Қодири Рустам ва Абдуғаффори Абдуҷаббор, адабиётшинос Муртазо Зайниддинзода, шоирон Абдуҷаббори Суруш, Хайрандеш (Хайриддин Қурбонов) ва Толиби Луқмон, мунаққид Муҳриддин Сабурӣ барандагони ҷоизаҳои адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода дар соли 2020 гардиданд. Дар ин бора ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бо истинод ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки нависанда Қодири Рустам барои тарҷумаи романи “Бозгашт ба Панҷрӯд”-и нависандаи рус Андрей Волос, Абдуғаффори Абдуҷаббор барои тарҷумаи романи “Сад соли танҳоӣ”-и Габриэл Гарсиа Маркес, Муртазо Зайниддинзода барои силсилаи мақолаҳояш доир ба адабиёти муосир барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ гардидаанд.
Шоир Хайрандеш барои девони ғазалиёти “Ҳамешабаҳор”, Абдуҷаббори Суруш ва Толиби Луқмон барои силсилаи ашъор ва мунаққид Муҳриддин Сабурӣ барои силсилаи мақолоташ доир ба нақди шеъри муосир сазовори Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода шуданд.
Соли равон ба ин ду ҷоизаи Иттифоқи нависандагон носирон Давлатшоҳи Тоҳирӣ ва Сипеҳр Абӯабдуллоҳи Ҳасанзод низ пешбарӣ шуда буданд, ки ноком гардиданд.
Мавриди ёдоварист, ки ин ду ҷоизаи адабӣ соли 1989 таъсис ёфта, дар ду сол як маротиба ба адибон дода мешавад.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр