Деҳи ман дар соҳили Оби Мазор –
Пораи марзи барӯманди диёр.
Деҳи ман дар домани кӯҳи азим -
Пуршукӯҳу хушнамою ҳуснбор.
Дар канори деҳаи худ растаам,
Бар ҳама хору хасаш дилбастаам.
Бар азизону накукорони деҳ
Бо тамоми ҳастиам пайвастаам.
Босахомарзу ҳумоюношён,
Бошадо пеши назар чун бӯстон.
Марҳабо, бар ин замини сабзгун,
Деҳи ман бо ҷон пазирад дӯстон.
Салим Раҳим,
омӯзгор, ноҳияи Ховалинг
Иловакунӣ
Иловакунии фикр