Барои шавқовар гузаронидани дарсҳои алифбои ниёгон ба омӯзгор лозим аст, ки бо истифодаи технологияи нав, аз ҷумла, проектор дарсҳои намоишӣ гузаронад. Ин имконият медиҳад, ки натанҳо дарс шавқовар гузарад, балки диққати хонандагон ба дарс ҷалб шавад.
Ба сабаби он ки соатҳои фанни алифбои ниёгон кам аст, (дар як ҳафта як маротиба омӯзонида мешавад) омӯз-гор мебояд дарсҳояшро шавқовар гузарад, то ки дар дили хонанда нисбат ба ин фан шавқу ҳавас пайдо шавад. Мавзӯъҳои дарсӣ дар синфи 7 барои ду соат дар як ҳафта кифоят мекунад, аммо аз он, ки дар як ҳафта ба таълими ин фан як соат дода шудааст, омӯзгорро зарур аст, ки мавзӯъҳоро дуруст ҷо ба ҷо намуда, 34 соат тақсим намояд.
Агар мавзӯи мо дар синфи 7 «Имлои ҳуруфи хоси арабӣ» бошад, пеш аз ҳама хонанда бояд алифбои арабиасоси форсиро азёд донад. Омӯзгор метавонад дар ин дарс чунин бозиҳоро анҷом диҳад:
Баъди аз назар гузаронидани ашёи хониши хонандагон (китоб, дафтар, қалам луғат) дар пурсиши вазифаи хонагӣ бозии «Ҳарфёбак»-ро гузаронад. Ин бозӣ чунин сурат мегирад:
Ба хонандагон 32 ҳарфи пешакӣ аз картон тайёрнамударо тақсим намояд. Хонандае, ки дар дасташ ҳарфи алифро дорад, аз ҷояш бо садои баландтар алиф гуфта мехезаду мешинад, хонандаи дуюм «бе» гуфта мехезаду мешинад, ҳамин тавр аз алиф то ҳарфи «ё» меравад. Ин бозӣ ҳушёрӣ ва зиракии хонандаро талаб мекунад, агар хонандае, ки фаромӯш кунад ё дер монад, дар ин ҳолат бозиро аз аввал шурӯъ бояд кард.
Муаллим метавонад аз ин бозӣ боз бозии нав ташкил намояд. Масалан, пас аз бозии ҳарфёбак вобаста ба мавзӯи нав хонандагонеро, ки дар даст ҳарфҳои сои мусаллас, ҳои ҳуттӣ, зол, сод, итқӣ, изғӣ, айн, ғайн, қоф доранд, ба тахтаи синф мебарорад. Муаллим метавонад хонандагонро ҳамчун аёнияти зинда истифода барад. Дар ин ҳолат хонандагони нишаста ҳарфҳоро дар аёниятҳои зинда мебинанд, ки он дар хотирашон хуб нақш мебандад.
Азбаски хонандагон дар ҷараёни дарс тез-тез монда мешаванд, омӯзгорро зарур аст, ки раванди дарсҳоро шавқовар ва ба синну соли хонандагон мувофиқ гардонад.
Пас аз фаҳмонидани мавзӯи мазкур муаллим барои мустаҳкамкунии мавзӯъ метавонад бозии «Кӣ бештар»-ро гузаронад. Ин бозӣ чунин аст: Хонандагонро ба 3 гурӯҳ ҷудо карда, бо ёрии худи хонандагон ба гурӯҳҳо ном гузошта, 9 ҳарфи хоси арабиро ба 3 гурӯҳ сетогӣ тақсим карда мефармояд, бо ҳарфҳое, ки ба гурӯҳи онҳо тааллуқ дорад, калима созанд. Кадом гурӯҳе, ки калимаи зиёдро бехато нависад, ҳамон гурӯҳ ғолиби бозӣ дониста мешавад. Ё ҳамин бозиро ба таври дигар метавон гузаронид. Муаллим тахтаи синфро ба се қисм ҷудо карда, дар ҳар як қисм даҳтогӣ калима бо истифода аз ҳарфҳои хоси арабӣ менависад. Ҳарфҳои дохили ин калимаҳо дар шакли пурра ва аз ҳам ҷудо навишта мешаванд. Муаллим аз ҳар гурӯҳ якнафарӣ хонандаро ба тахта даъват карда, шарти бозиро мефаҳмонад, ки бояд онҳо ҳарфҳои ҷудонавиштаи дохили калимаҳоро дуруст бо ҳам пайваст карда, калимаро дуруст нависанд. Ҳар кӣ ин амалро тезтар ва дуруст иҷро кард, ғолиб дониста мешавад.
Хулоса, таҷриба нишон медиҳад, ки истифодаи чунин бозиҳо назар ба дарсҳои анъанавие, ки хонанда аз он дилгир мешавад, беҳтар аст. Бо гузаронидани ин гуна бозиҳо хонандагон ба дарс шавқманд шуда, дониш ва малакаву маҳорати бештар ҳосил менамоянд.
Саид Ҳисайнов,
омӯзгори мактаби
Президентии шаҳри Кӯлоб
Иловакунӣ
Иловакунии фикр