Нашрияи Омӯзгор

Орзуҳои айёми кӯдакиям амалӣ шуданд

Сана: 2021-07-01        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

 

Бозор Намозов пири барнодил ва меҳрубонест, ки 49 соли ҳаёташро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидааст. Омӯзгори собиқадор айёми кӯдакӣ одате дошт, ки ба ҳисобу китоби даромади волидон кор мегирифт.

-Ҳар вақте ки падарам маошашро мегирифт, барои санҷиш ба ман медод, то ҳисобаш кунам, - мегӯяд Бозор Намозов. - Яъне, аз шашсолагиям маошу даромади падарамро медонистам.

Номбурда зодаи шаҳри Кӯлоби бостонӣ буда, дар мактаби №3-и шаҳр таҳсили илм кардааст. 

-Мактаб адабгоҳ, даргоҳи дониш ва илму маърифат ба ҳисоб меравад, аз ин рӯ, мо -  наврасони он замон бо шавқи беандоза аз дарсҳои устодон илму савод меомӯхтем. Аз фанҳои физика, забони русӣ, адабиёт, таърих, химия ва хусусан, математика фаҳмиши хуб доштам. Бинобар ин, маро ҳамсабақонам ҳамеша “Ҳисобдони синф” ном мебурданд. Чунки дар ҳалли масъалаҳои физикӣ ва математикӣ бо устоди дарсдиҳандаам қувваозмоӣ мекардам, - идома медиҳад ҳамсуҳбати мо.

Устодон ба Бозор маслиҳат медоданд, ки баъди хатми мактаб ба донишгоҳ дохил гардида, илмҳои риёзиро аз худ намояд ва дар рушди илми математика саҳми хешро гузорад. Онҳо умед доштанд, ки шогирдашон омӯзгори математика мешавад. Маҳз бо роҳнамоию машваратҳои устодон соли 1962 Бозори ташнаи илм ба факултаи физика–математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил шуд.

Соли 1966 пас аз хатми донишгоҳ дар мактаби №35–и ноҳияи Регар (ҳозира шаҳри Турсунзода) ба ҳайси омӯзгори математика ба фаъолияти педагогии хеш ҳусни оғоз бахшид ва ногуфта намонад, ки ин пешаи масъулиятнок барои устод Бозор ҷаҳони маънавии наверо падид овард. Аммо кор дар як ноҳияи дур ва ҷудоӣ аз волидон ба Бозори ҷавон мушкил буд. Аз ҳамин сабаб, соли 1969 дар мактаби №1-и шаҳри Кӯлоб фаъолияти худро ҳамчун муаллими математика идома дод. Дар ин даргоҳ солҳои тӯлонӣ ба таълиму тарбияи насли наврас машғул гардида, масъулиятшиносиро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекард... Номбурда соли 2004 ба мактаби №50 ба ҳайси омӯзгори математика ба кор даъват шуд. Пас аз солҳои зиёди фаъолият соли 2015 бо сабаби беморӣ ба нафақа баромад.

Дар тӯли ним асри омӯзгорияш Бозор Намозов шогирдони зиёдеро тарбия намудааст, ки алҳол онҳо дар соҳаҳои гуногун кор мекунанд.

Акмал ҚУРБОН


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш