Нашрияи Омӯзгор

Кӯлбори пурбори муаллим

Сана: 2021-07-01        Дида шуд: 777        Шарҳ: 0

 

Муаллими хирадманду асил Шарифбек Абдураҳмоновро аз овони кӯдакӣ мешиносам ва ин шиносоиву дӯстии мо ҳангоми мактабхонӣ низ давом ёфт ва мустаҳкамтар гардид. Ӯ яке аз омӯзгорони собиқадори  мактаби деҳа аст. Аз ман якчанд синф поён мехонд, вале новобаста ба синну сол ҳарду дӯстони ҷонӣ будем, чунки ному насаби қариб якхела камина Абдураҳимов Шарифҷон ва ӯ Абдураҳмонов Шарифбек доштем. Ин дӯстиву бародарии мо ҳангоми дар мактаби олӣ таҳсил кардан низ давом кард ва  боз мустаҳкамтар гардид. Ӯ дар факултаи физикаю математика мехонд, камина дар риштаи таъриху филология. Ин солҳои 60-уми  асри гузашта буд. Аз ҳамон солҳои донишҷӯӣ бо матбуоти даврӣ сару кор доштам ва барои маводи навиштаам гоҳ-гоҳ ҳаққи қалам ҳам мегирифтам.

Дар институт он солҳо ҳаққи қалам, мактуб ва дигар ҳуҷҷатҳоро танҳо бо нишон додани ҳуҷҷати донишҷӯӣ медоданд ва Абдураҳмонов бештар ҳаққи қаламу ҳуҷҷатҳои дигари ба номи банда омадаро бемайлон аз почтаи донишкада гирифта меовард, чунки ному насабамон қариб якхела буданд ва кормандони почта  ба ин он қадар эътибор намедоданд ё сарфаҳм намерафтанд.

Ҳамин тавр, баъдҳо дӯстиву бародарии мо ҳангоми дар мактаби деҳа кор кардан низ давом ёфта, мустаҳкамтар шуд.

Солҳои 70-уми асри гузашта банда сарварии  мактаби деҳаро ба уҳда доштам ва муаллим Абдураҳмонов яке аз муаллимони ҷавону ояндадори мактаб буд. Он солҳо азбаски дар мактабҳо омӯзгорони маълумотдор намерасиданд, ғайр аз сарбории таълимӣ боз соатҳои холимондаро ба омӯзгорон месупориданд. Муаллим Ш.Абдураҳмонов низ аз ин истисно набуд ва дар ду баст пурра дарс мегуфт ва маошаш ҳам аз дигар омӯзгорон баландтар буд.

Боре вазири маориф, шодравон Рауф Додобоев бо гурӯҳи калони нозирон ва дигар кормандони вазорат барои санҷидани мактаб меоянд. Ҳангоми тафтиши дафтарҳои синф чашми вазир ба ному насаби муаллими ҷавон Ш. Абдураҳмонов меафтад ва мебинад, ки ӯ нисбат ба дигар омӯзгорони мактаб ҳам соати бисёр дораду ҳам маоши баланд мегирад. Вазир, ки хислати «тез даргиранда» дошт, ба чашмонаш бовар накарда, дарҳол супориш медиҳад, ки муаллими ҷавони «қаҳрамон»-ро ба наздаш ҳозир кунанд. Вазир лаҳзае нобоварона ба муаллим нигариста, аз ҳар тараф ба ӯ саволу ҷавоб мекунад. Вақте ки ҷавобҳои пурра ва қаноатбахш мегирад, аз хурсандӣ ба китфи муаллим тап-тап зада, «писарам, бояд омӯзгори муваффақ шавӣ» мегӯяд.

Ҳамин тавр, муаллими ҷавон бо гузашти солҳо яке аз омӯзгорони муваффақ ва таҷрибадори мактаб ва ноҳия гардид. Ҳоло аз нисф зиёди омӯзгорони мактаб худро шогирди муаллим Абдураҳмонов мешуморанд ва ба ӯ эҳтиром доранд. Ва ӯ низ ёрии хешро аз онҳо дареғ намедорад.

Шарифбек Абдураҳмонов бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст. Шогирдони муаллим пайваста дар озмунҳои фаннӣ иштирок намуда, ҷойҳои ифтихориро соҳиб мегарданд. Мо, ҳамкасбону дӯстон ва шогирдони муаллим, ба ӯ умри пурбаракату саломатии бардавом орзу менамоем.

 

Шарифҷон РАҲИМЗОДА,

омӯзгор аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш