Нашрияи Омӯзгор

«Дарвеши сархуш» ё асрори ниҳони як шеър

Сана: 2021-07-01        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Адабиёти рус аз давраи пайдоиш то замони рушд ва шукуфоӣ дар пайравии адабиёти мардумони Ғарб, алалхусус, адабиёти Юнон арзи ҳастӣ намудааст ва барҷастатарин чеҳраҳои он асарҳои мондагори худро дар заминаи омӯзиши асарҳои адибони Ғарб эҷод намудаанд. Ба ҳам пайвастани тамаддунҳо ва омӯзиши амиқи адабиёти классикии форсу тоҷик дар Русия аслан дар ибтидои қарни бистум сурат мегирад, ки ин давраи адабиёти рус бо номи «асри нуқрагин» («серебряный век») шуҳрат ёфтааст ва эҷодиёти як зумра адибони барҷаста, мисли Есенин, Блок, Ахматова, Гумилёв, Набоков ва чанде дигарон бо он алоқаманд аст. Ҳамин ҷо зикр намудан бамаврид аст, ки аз рӯйи ақидаи адабиётшиносон, агар давраи адабиёти руси қадим тӯли 7 қарнро (аз асри XI то асри XVII) дар бар гирад, «асри нуқрагин»-и ин адабиёт ҳамагӣ 29 сол (аз соли 1892 то соли 1921) идома ёфтааст.

 Моҳи майи соли 1906 дар шаҳри Петербург ҳамоиши аввалини «Маҳфили ҳофиздӯстон»(«Кружок гофизистов») баргузор мешавад, ки поягузорони фаъоли он адибони ҷавон В.Иванов ва Н.С.Гумилёв ҳисобида мешуданд. Дар ин замина, завқи Н.С.Гумилёв ба омӯзиши асарҳои шоирони исломии Шарқ, махсусан, Ҳофиз, Хайём, Носири Хисрав, Румӣ, Саноӣ, Аттор ва чанде дигарон зиёд мешавад. Ин ҷо зикр кардан бамаврид аст, ки маҳз пас аз ташкил шудани «Маҳфили ҳофизшиносон» дар таърихи адабиёти рус равияи нав бо номи «Акмеизм» (аз калимаи юнонӣ – қулла, шукуфоӣ, максимум) пайдо мешавад.

«Дарвеши сархуш» (Пьяный дервиш») ибораи шоири шаҳир ва барҷастаи оғози қарни бистуми адабиёти рус Николай Степанович Гумилёв мебошад, ки таҳти ҳамин унвон ӯ шеъри алоҳидае низ эҷод намудааст. Ин шеър саросар ба мавзӯи фалсафаи ҳаёт аз нигоҳи ақидаҳои исломӣ бахшида шуда, дар ҳар як мисраи он нақшҳои бадеии хоси адабиёти форс, мисли булбул (соловей), соқӣ (виночерпий), кӯйи харобот (трущоба), май (вино), рӯйи дӯст (лик друга) ва ғайра ба чашм вомехӯрад. Ёдовар бояд шуд, ки муаллиф ба шеъри мазкур аввалан «Илҳом аз форсӣ» («Подражание персидскому») унвон додаст. Ҳамчунин, дар ин шеър нуқтаи назари ирфонии муаллиф, ки натиҷаи шиносоии ӯ бо ақидаҳои исломӣ аст, аз ҷумла, боварӣ ба ҳаёти пас аз марг (…кричит из ямы череп) ва мунозира бо рафтагон (..иду я по могилам) баръало намудор аст. Чунин образҳо дар шеър ақидаҳои фалсафии шоирони форсу тоҷикро ба хотир меоранд. Аслан вожаи «дарвеш» форсӣ – тоҷикӣ буда, маънояш марди сӯфии нодорам (дар баъзе мавридҳо ба маънои «ошиқ» ҳам меояд) аст ва Гумилёв ин вожаро ҳамчун муродифи калимаи русии «монах» (суфӣ) истифода намудааст. Муаллиф вожаи «дӯст» (друг) -ро ишора ба Офаридгор ва ибораи «рӯйи дӯст (лик друга) – ро ишора ба қувваи бузурги илоҳӣ намуда, дар ҳар як банди шеър онҳоро батакрор истифода мебарад, ки ин усул низ хоси назми форсӣ тоҷикӣ мебошад:

 …Вот иду я по могилам, где

лежат мои друзья,

 О любви спросить у мёртвых

неужели мне нельзя?

 И кричит из ямы череп тайну гроба

своего:

 Мир лишь луч от лика друга, всё иное тень его…

 Бояд гуфт, ки шеъри дар боло зикршуда дар эҷодиёти Н.С.Гумилёв ягона нест ва ин шоир ашъори ирфонӣ ва сӯфиёнаи худро дар силсилаи шеърҳои «Персия» («Форс») ҷой додааст. Зиёда аз ин, номбурда асари саҳнавии калонҳаҷме низ бо номи «Фарзанди аллоҳ» («Дитя аллаха») эҷод намудааст, ки дар он саҳнаҳои ба ақидаҳои исломӣ алоқаманд ва ҷолиб хеле зиёд аст. Саҳнаи мунозираи Ҳофиз бо мурғони чаман, вохӯрии ӯ бо ҳазрати Хизр ва муроҷиати Ҳофиз ба Хизр аз зумраи саҳнаҳое мебошанд, ки ба адабиёти асримиёнагии форсу тоҷик робитаи зич доранд. Қайд кардан бамаврид аст, ки образи Хизр аз «Қуръон»-и карим набошад ҳам, дар нақлу ривоятҳои исломӣ ҳамчун нақши хоҷа, роҳгузар, саёҳатчии хайрхоҳ, ҳомии боғҳои сабз ва чашмаҳои соф, мӯнис ва такягоҳи мардумони бечора ва оворагард тез-тез вомехӯрад. Ҳамчунин, дар саҳифахои асари Н.С. Гумилёв вожаю ибораҳое ба чашм мерасанд, ки аз меҳри беандозаи муаллиф нисбат ба сарзамини форсҳову тоҷикон гувоҳӣ медиҳанд. Масалан, шаҳри Самарқандро ҳамчун пойтахти давлати Темуриён дар асри XIV, ки дар чорроҳаи «Роҳи бузурги абрешим» чойгир буда, Ҳиндустону Чин, Бағдоду Қоҳира ва Димишқу Нишопурро бо ҳам мепайваст, муаллиф бо ибораҳои «Оинаи даҳр» («Зеркало мира»), «Дурдонаи шарқ» («Жемчужина востока»), «Боғи ҷонбахш» («Сад души»), «Самарқанди олиҷаноб» («Великолепный Самарканд») ба забон меорад.

Шарқшиноси барҷастаи рус Е.Э.Бертельс дар китоби «Истилоҳоти назми сӯфиёни форс» («О поэтической терминологии персидских суфиев»), ки соли 1926 дар шаҳри Ленинград ба нашр мерасад, асарҳои дар боло зикршудаи Н.С. Гумилёвро чун самараи мутолиаи чандсолаи ӯ аз асарҳои барҷастаи исломии адабиёти тоҷику форс, мисли асари Аттор «Мантиқ-ут-тай» («Язык птиц» ё «Беседа птиц»), шеърҳои Носири Хусрав, ғазалиёти Ҳофиз, «Маснавии маънавӣ» («Поэма о скрытом смысле»)-и Румӣ, «Ҳадиқат-ул-ҳақиқат» («Окружённый стеной сад истины»)-и Саноӣ ва чанд асари дигари адабиёти тасаввуф хисобидааст. Ин ҷо қайд кардан бамаврид аст, ки асари зикршудаи Саноиро дар таърихи адабиёти форсу тоҷик ҳамчун «Қуръони форсӣ» ба забон меоранд.

 Мутаассифона, ҳаёти Гумилёв фоҷиавӣ ба поён расидааст. Моҳи августи соли 1921 бо сабаби маълуми таъқиботи сиёсӣ бо ҳукми суд парронида мешавад. Санаи вафоташ мушаххас нест.

Абдуҷаббор ХАЛИЛОВ,

устоди калони кафедраи

забонҳои коллеҷи омӯзгории  шаҳри Панҷакент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш