Нашрияи Омӯзгор

Сотим Улуғзода – публитсист

Сана: 2021-07-01        Дида шуд: 866        Шарҳ: 0

 

Сотим Улуғзода соли 1930 ба пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Сталинобод омада, дар идораи рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”) ва «Тоҷикистони Сурх» (ба вазифаи котиби масъул), маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ (ҳоло «Садои Шарқ», ҷонишини муҳаррири масъул) фаъолият кардааст. Солҳои 1934-1937 иҷрои  вазифаи котиби масъули раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро бар уҳда дошт. Соли 1941 баробари оғоз гардидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ Сотим Улуғзода ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷалб мешавад ва то соли 1944 дар рӯзномае, ки ба фронти ғарбӣ тааллуқ дошт, хизмат мекунад.

 

Дар фаъолияти минбаъдаи Сотим Улуғзода рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», ки вай дар он солҳои 1930-1932 ҳамчун котиби масъул фаъолият мекард, нақши асосӣ бозидааст. Аз  ёддоштҳои ин нависандаи маъруф бармеояд, ки ӯ замони дар вазифаи котиби масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» буданаш шабу рӯз заҳмат мекашидааст. Натиҷаи ҳамин заҳматҳо буд, ки Сотим Улуғзода аллакай солҳои 30-юм чун тарҷумону драматурги нозукбин, публитсисти хушзавқ, мунаққид ва адабиётшиноси варзида маълуму маъруф гардид. Дар саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳои илмиву адабӣ бо мақолаҳои танқидӣ баромад мекард.

Фаъолияти публитсистии Сотим Улуғзода ҳанӯз ҳангоми таҳсилаш дар Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд шурӯъ мешавад. Вай ҳамон солҳо бо матбуоти навташкили «Овози тоҷик», “Раҳбари дониш”, «Комсомоли Тоҷикистон», маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» ҳамкории пурмаҳсул намуда, хабару мақолаҳо чоп мекунад. Аввалин мақолаи ӯ дар рӯзномаи “Овози тоҷик” бо номи «Аҳволи дорулмуаллимини Тошканд» (Овози тоҷик. – 1926. – 25 июн) чоп шудааст. Ҳамкории Улуғзода бо рӯшанфикрону адибони публитсисти он замон, аз қабили Садриддин Айнӣ ва кормандони рӯзномаи “Овози тоҷик” торафт қавитар мегардад. Ҳангоми чопи мақолаи зикршуда Сотим Улуғзода ҳамагӣ 16 сол дошт. Навиштани чунин мавод дар ин синну сол аз ҳар эҷодкор маҳорати баланди касбӣ ва таҷрибаи кофӣ талаб менамуд.

Нависанда дар мақолааш майлу завқи талабагонро ба омӯзишу азбар кардани илму дониш ва кӯшишу ғайрати онҳоро дар ҷодаи эҷод тасвир менамояд, кӯшишу ғайрат ва майлу рағбати шогирдонро барои саводнок шудан ва ҳамчунин, шароити таҳсил дар дорулмуаллиминро хеле  ҷолиб ба қалам додааст.

Яке аз мушкилиҳои асосии замони пас аз инқилоб сатҳи пасти саводнокӣ миёни мардум ва набудани мактабҳо барои таҳсили хонандагон ба шумор мерафт. Сотим Улуғзода ҳангоми иншои мавод бештар ин ҷиҳати масъалаҳоро ба риштаи таҳқиқ кашидааст.

Дар «Хабарҳои дорулмуаллимини Тошканд” (Овози тоҷик. – 1927. – 27 январ) ҳаракати ҷавононро барои аз бар кардани илму дониш ва рӯ овардан ба матбуоти даврӣ хеле хуб тасвир намудааст.

Бояд гуфт, ки Сотим Улуғзода дар давоми соли 1926 дар рӯзномаи “Овози тоҷик” доир ба вазъи таълиму тадриси дорулфунуни шаҳри Тошканд хабару мақолаҳои зиёд ба табъ расонидааст. Дар мақолаҳои “Моро ҳам бояд огоҳ намоянд” (Овози тоҷик. – 1926. – 28 май), «Харитаи деворӣ чӣ шуд» (Овози тоҷик. – 1926. – 5 июн), “Дастовези мо ба анҷумани дувуми мухбирон” (Овози тоҷик. – 1930. – 20 январ), «Баҳра намебаранд» (Овози тоҷик. – 1926. – 20 ноябр) чӣ гуна ба озодӣ расидани мардуми тоҷикро таъкид намуда,  ҷавононро барои ҳисса гузоштан ба баландбардории мафкураи мардум даъват намудааст.

Вай бештар ҳодисаҳои замони пеш аз инқилоб ва ба озодӣ расидани халқро тасвир намуда, оид ба саҳми коргарони рус барои  ба озодӣ расидани як қатор халқу миллатҳои Осиёи Миёна ибрози андеша кардааст. Муаллиф дар мақола зикр менамояд: “Агарчанде ки миллатҳои дигар ба зудӣ истиқлолият барои худашон гирифтанд, аммо аз ин лаззати озодӣ миллати тоҷик қадре маҳрум монд, зеро баъд аз сарнагун кардани ҳукумати подшоҳӣ дар чанд ҷойи Осиёи Миёна гурӯҳи босмачиён пайдо шуда, хусусан дар Тоҷикистон, ин ғоратгарӣ хеле тараққӣ кард” (Овози тоҷик. – 1926. – 28 май).

Сотим Улуғзода нақши матбуотро дар огоҳӣ ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудани мардуми заҳматкаш муҳим медонад. Озодии матбуот барои ҳар миллат зарур аст. Муаллиф дар охир зикр менамояд: “Ҳоло мо, талабагон ва коргаронро лозим аст, ки дар бораи пеш бурдани матбуоти ақибмондаамон сайъ намуда, дар бораи зиёд кардани адади он кӯшиш намоем ва саҳифаҳои рӯзномаамонро бо ахбороти фирқаӣ, навҷавонон, ҷуфтгарон, занону духтарон ва аз фаъолиятҳои онҳо пур намуда, байни оммаи коргарону деҳқонон матбуотро паҳн намоем. Камбудиҳои онҳоро дар рӯзномаҳои худамон нишон дода, ба гӯши ҳукуматамон барои чора дидан бишнавонем” (Овози тоҷик. – 1926. – 28 май).

Тасвири ҷасуронаи масъалаҳо барои Сотим Улуғзода барин ҷавони навҷӯ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ӯ дорои малакаи баланди нигорандагӣ будааст ва тавонистааст нақши матбуоти он замонро дар ҳаёти мардуми тоҷик, бахусус занону духтарон, аз нигоҳи як ҷавони худогоҳу маърифатпарвар муҳим арзёбӣ кунад.

Сотим Улуғзода дар рӯзномаи “Овози тоҷик” 5 сол фаъолият карда, бештар ба масъалаҳои илму маориф ва иҷтимоӣ аҳамият додааст.

Бояд гуфт, ки тарзи нигориши Сотим Улуғзода аз дигар адибони замонаш ба куллӣ фарқ мекард. Ӯ дар ҳар навиштааш вазъи зиндагии мардумро бо тамоми паҳлуҳояш моҳирона ба қалам додааст.

Навиштаҳои Сотим Улуғзода дар рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон ” (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”), “Тоҷикистони сурх” (ҳоло “Ҷумҳурият”) ва маҷаллаи “Барои адабиёти сотсиалистӣ” (ҳоло ”Садои Шарқ”) низ проблемаҳои ҳамон замонро аз паҳлуҳои гуногун ба риштаи таҳлил гирифтаанд.

 Паҳлуи дигари фаъолияти Сотим Улуғзода он аст, ки вай ҳанӯз аз солҳои 30-юм ба таҳқиқи осори намояндагони шинохтаи адабиёти сеҳазорсолаи тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар ин росто низ хидмати бедареғ кардааст. Ӯ чун узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1951) асару мақолаҳои зиёд таълиф намуда, дар инкишофи адабиётшиносии тоҷик саҳми муносиб гузоштааст. Як қатор мақолаҳои олим, аз ҷумла “Лоҳутии мо” (1933) “Анҷумани якуми нависандагони шӯроии Тоҷикистон” (1934), “Садриддин Айнӣ” (1935), “Дар бораи шоирони Помир” (1935), “Барои асарҳои саҳнавии олисифат” (1947), “Дар бори баъзе масъалаҳои танқиди адабӣ ва адабиётшиносӣ дар республика” (1954) ба адабиётшиносӣ ва нақди адабии давраи нав бахшида шудаанд. Ҳамчунин, Сотим Улуғзода оид ба рӯзгор ва эҷодиёти Абӯабдуллоҳи Рудакӣ, Дақиқӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Аҳмади Дониш асару мақолаҳои пурқимат таълиф намудааст. Рисолаҳои “Аҳмади Дониш” (1946) ва “Пири ҳакимони Машриқзамин” (1980) дорои қимати баланди илмӣ мебошанд.

Сотим Улуғзода ҳамчун иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба мавзӯи ҷанг таваҷуҳ намуда, мақолаҳои «Рӯзи ғалаба», «Ҳамдиёрони ман» ва ғайраро навиштааст, ки аз фидокориҳои халқи Шӯравӣ дар он солҳои мудҳиш ва корнамоиҳои фарзандони барӯманди халқи тоҷик – Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Рӯзиев, Тешабой Одилов ҳикоят кардаанд.

Очеркҳои ҳуҷҷатии «Атака», «Семён ва Самад», «Снайпер Низомов», «Вай шаҳри Ленинро муҳофизат мекунад»-и нависандаро маҳсули сафарҳои ӯ ба корзористон метавон ҳисобид.

«Дар оташ» калонтарин асари Сотим Улугзода дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад. Ғайр аз ин, нависанда дар ин солҳо бисёр очерк ва мақолаҳо навиштааст, ки дар варақаҳои ҷангӣ ва рӯзномаҳои фронтӣ, ки дар таҳияи онҳо худи адиб иштирок менамуд, ба забони тоҷикӣ ва ӯзбекӣ чоп шудаанд.

Нақши рӯзномаи фронтии «Ҳақиқати аскарони Сурх» (масъулони он С. Улуғзода, Ф. Ниёзӣ ва С. Ғаффоров...) дар бобати дар рӯҳи садоқатмандӣ ва ватандӯстӣ тарбия намудани аскарони тоҷик шоёни таҳсин буд. Маҳз тарғибу ташвиқи ватандӯстонаи рӯзномаи мазкур буд, ки як зумра фарзандони бонангу номуси тоҷик, ба монанди Домулло Азизов, Саидқул Турдиев, Ҳайдар Қосимов, Ӯрунбек Ёқубов, Сафар Амиршоев, Фатҳулло Ахмедов, Ҳодӣ Кенҷаев, Исмоил Ҳамзаалиев, Исмат Шарифов, Тӯйчӣ Эрйигитов  ва дигарон барои мардонагӣ бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сарфароз гардидаанд.

Мунаққид Масъуд Мул-лоҷонов дар мақолааш «Нависандае, ки дӯсташ медорам» дар бораи фаъолияти эҷодии Сотим Улуғзода дар давраи ҷанг сухан ронда, аз ҷумла навиштааст: «… Сотим Улуғзода дар очерку ҳикояҳои давраи ҷангии худ «Вай шаҳри Ленинро мудофиа мекунад» дар бораи қаҳрамонони Ленинград – Тешабой Одилов, «Исмоил Ҳамзаалиев» «Ҳамшаҳрии мо Эргаш Рӯзиев», «Бачамард» ва бисёр дигарҳо, ки дар рӯзномаҳои фронтӣ ва варақаҳои ҷангии алоҳида чоп шуда..., бо тиражи садҳо ҳазор нусха дар байни ҷанговарони советӣ паҳн карда мешаванд,  ҳақиқати ҷанг ва қаҳрамонии фарзандони тоҷикро дар фронтҳо басо равшану амиқ тасвир кардааст»...

Аксар мақолаҳои Сотим Улуғзода, ки дар матбуоти даврӣ ва ҳам алоҳида чоп шудаанд, дар худогоҳиву худшиносии тоҷикон саҳми бузург гузоштаанд. Вай бо қалами бурро ва сеҳрноки худ дар таърихи фарҳанги мо ҳамчун рӯзноманигор, публитсист ва адиби шӯълавар шинохта шудааст. Аз ин нигоҳ, публитсистикаи Сотим Улуғзода дар матбуоти тоҷик мақоми арзанда дошта, дар тарбияи қаламкашони оянда ҳамчун аз аввалин мактаби рӯзноманигорӣ хидмати арзанда кардааст.

Публитсистикаи Сотим Улуғзодаро бе сафарнома тасаввур кардан мумкин нест. Сафарномаҳои «Саёҳати Бухоро бо ҳамроҳии С. Айнӣ», “Шонздаҳ рӯз дар Афғонистон”, “Раҳовард аз Покистон” хеле дилчаспу хотирмон буда, муаллиф бо таълифи онҳо дар инкишофи жанри сафарнома дар матбуоти тоҷик саҳми босазо гузоштааст.

Ҳамин тариқ, аз назари иҷмолӣ ба публитсистикаи нависандаи забардасти тоҷик, устоди чирадаст Сотим Улуғзода рӯшан мегардад, ки ин гуна асарҳои  ӯ  дар ислоҳ ва мазаммати камбудиҳои ҷомеа дар солҳои аввали ҳокимияти Шӯравӣ, тарбияи ҳисси ватанхоҳиву ватаншиносии насли наврас хидмати бузург кардаанд ва ҳоло низ арзишу аҳамияти худро аз даст надодаанд.

 

Нуриддин БОЗОРЗОДА,

устоди ДМТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш