Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ибтикори Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдураҳмони Ҷомии ВМИ ҶТ дар пажӯҳишгоҳи номбурда дар мавзӯи «Усулҳои роҳандозии анъанаҳои халқи тоҷик бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» семинари илмиву амалӣ барпо гардид.
Директори пажӯҳишгоҳ, доктори илми педагогӣ, профессор Лутфия Иматова доир ба амалӣ намудани нақша – чорабиниҳои пажӯҳишгоҳ дар робита ба иҷрои нуктаҳои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи зикргардида изҳори ақида кард.
Оид ба масъалаи мероси маънавии таърихи пурифтихори халқи тоҷик вобаста ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ номзади илми педагогика Изатулло Давлатшоев суханронӣ кард. Дастам Маҳкамов – ходими пешбари илмии шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ПРМ АТТ оид ба таърихи ташаккули анъанаи некбинонаи халқи тоҷик дар камолоти касбии хонандагон андешаронӣ намуд.
Мудири шуъбаи ҷомеашиносӣ, сиёсат ва стратегияи рушди маорифи ПРМ АТТ Назир Назиров оид ба асосҳои илмиву педагогии омӯзондани хонандагон бо ҳунарҳои мардумӣ сухан гуфт.
Дар қисмати музокироти семинар кормандони пажӯҳишгоҳ - докторҳои илми педагогӣ И. Каримова, Ф. Гулматов, Ҳ. Қаюмова ва дигарон доир ба таври амалӣ омӯзондани ҳунарҳои мардумӣ дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ андешаронӣ карданд.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр