Нашрияи Омӯзгор

Пажӯҳише мондагор доир ба наҳв

Сана: 2021-07-01        Дида шуд: 824        Шарҳ: 0

 

Дар оғози солҳои 60-уми садаи ХХ, баъд аз рӯйи кор омадани «Очеркҳо оид ба грамматикаи забони тоҷикӣ» таҳқиқу омӯзиши ҷиддии вежагиҳои наҳвии забони тоҷикӣ аз вазифаҳои муҳимми муҳаққиқони забоншинос  гардид. Ин аст, ки солҳои 60-уму 70-уми асри гузашта паси ҳам осори илмии марбут ба наҳв рӯйи кор меоянд. Дар ин роҳ пажӯҳишгарони чирадаст, чун профессор Д.Тоҷиев, Х.Ҳусейнов, М.Қосимова, Ш.Рустамов, С.Атобуллоев, Ф.Зикриёев ва дигарон заҳмати бештар кашидаанд.

Бо ҳидояту маслиҳати шодравон Д.Тоҷиев дар таҳқиқи ҷумлаи мураккаби тобеъ бо пайрави муайянкунанда қурраи фол ба номи муҳаққиқи ҷавон, вале ҳушманд Давлатбек Хоҷаев меафтад. Баъди ҷустуҷӯ ва ковишҳои чандсола мавзӯи мазкур соли 1981 ба сифати рисолаи номзадӣ ба дифоъ мерасад.

Муҳаққиқони тавонову шинохта, мисли мудири кафедраи филологияи эронии Донишгоҳи давлатии Боку, профессор А.Шафоӣ, наҳвшиноси номӣ А.Мирзоев ва дигарон ба рисолаи Д.Хоҷаев баҳои баланд медиҳанд.

Хушбахтона, соли ҷорӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ таҳқиқи мазкур бо номи «Ҷумлаи мураккаби тобеъ бо пайрави муайянкунанда дар забони адабии ҳозираи тоҷик» бо ду забон (тоҷикӣ ва русӣ) манзури аҳли илм гардид.

Рисолаи мавриди тақриз аз муқаддима, се боб бо фарогирии чанд фасл, хулоса ва феҳрасти адабиёт иборат аст.

Дар муқаддима муҳаққиқ аз дараҷаи омӯзиши мавзӯъ ва зарурати таҳқиқи он баҳс ба миён оварда, таъкид бар ин нукта менамояд, ки «дар синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик хели ҷумлаҳои пайраве … дида мешаванд, ки ё тамоман омӯхта нашудаанд ва ё оид ба онҳо ғайр аз маълумоти мухтасари китобҳои дарсӣ ва мақолаю қайдҳои ҷудогона таҳқиқи махсуси илмӣ ба табъ нарасидааст» (с.10), ки ҷумлаи пайрави муайянкунанда (минбаъд ҶПМ – А.Ҳ.; М.О.) яке аз онҳост.

Боби якуми рисола «Хусусиятҳои асосии сохту маънои ҷумлаи пайрави муайянкунанда» унвон гирифта, аз чаҳор фаслу панҷ зерфасл иборат аст.

Дар оғози боби мазкур  муаллиф аз афкори сегонаи олимони наҳвшинос сухан ба миён оварда, баъди таҳлили онҳо мавқеи худро дар ин маврид чунин муайян менамояд: «…ҷумлаи пайрави муайянкунандаро дар алоқа бо сарҷумлааш аз назар гузаронида, ҳам аломату нишонаҳои шаклӣ ва ҳам ҷиҳати маъноии онҳоро ба эътибор гирифтем» (с.22).

Аз таҳлилҳои муҳаққиқ муайяну муқаррар мешавад, ки ҶПМ метавонад, ки бар эзоҳи калимаи алоҳида ва ё ҷузъе аз ибора омада, тамоми аъзои ҷумларо шарҳу эзоҳ диҳад (ниг. с.31-40).

Фасли якуми боби якум «Хел ва хусусиятҳои маъноии ҷумлаи пайрави муайянкунанда» унвон дошта, фарогири се зерфасл мебошад.

Дар забони тоҷикӣ ҶПМ аз сермаҳсултарин навъҳои ҷумлаи мураккаби тобеъ ба шумор омада, аз рӯйи вазифа ва муносибатҳои синтаксисӣ мухталифанд. Ин аст, ки Д.Хоҷаев дар боби мазкур дар заминаи маводи забони тоҷикӣ, ки, хушбахтона, қисме аз онҳоро осори забони адабиёти классикӣ ташкил мекунанд, ҶПМ-ро ба се навъ ҷудо мекунад: 1) ҶПМ-и ҷудоӣ (аслӣ); 2) ҶПМ-и монандӣ-ташбеҳӣ; 3) ҶПМ-и эзоҳӣ-ахборӣ (с.41).

Зерфасли аввали фасли мавриди таҳлил «Ҷумлаи пайрави муайянкунандаи ҷудоӣ (аслӣ)» унвон дошта, муҳаққиқ пайгирона дар заминаи маводи зеридаст вежагии ин навъи ҷумлаҳоро чунин муқаррар менамояд: «ба мақсади махсус ҷудо кардани шайъи эзоҳшаванда (аъзои эзоҳшавандаи таркиби сарҷумла) калимаҳои ҳамнисбат, шумораи миқдории «як» ва морфемаи -е дар таркиби сарҷумла чун калимаи ҳамнисбат (бо ҳамон шайъ) аъзои эзоҳшаванда дар як таркиб меоянд» (с.41-42).

Дар зерфасли дувуми боби якум - «Ҷумлаи пайрави муайянкунандаи монандӣ-ташбеҳӣ» доир ба ҶПМ-е сухан меравад, ки «маъно ва вазифаи онҳо низ кушодани моҳияти шайъ, нишон додани аломату сифат ва хусусияту характери шахсу шайъи зикргардида ё тасаввуршавандаи сарҷумла мебошанд» (с.47).

Зерфасли сеюми боби мавриди назар - «Ҷумлаи пайрави муайянкунандаи эзоҳӣ-ахборӣ» ба таҳлили вежагиҳои навъи сеюми ҶПМ ихтисос дорад. Аз омӯзиши фасли мазкур аён мегардад, ки ин навъи ҷумлаҳои пайрав ба фикри гуфташуда ягон ахбори иловагӣ ҳамроҳ намуда, аъзои эзоҳшаванда калимаи ҳамнисбат ва морфемаи -е намегирад (ниг. с.51).

Фасли дуюми боби якуми асар «Тафовути ҷумлаи пайрави муайянкунанда аз баъзе ҷумлаҳои пайрави дигар» номгузорӣ шуда, соҳибрисола фарқи ҶПМ-ро аз ду гурӯҳи ҷумлаҳои пайрав: 1) ҷумлаи пайрави замон (ниг. с. 55-58); 2) ҷумлаи пайрави миқдору андоза (ниг. с. 58-60) нишон медиҳад.

Дар зерфасли дувуми фасли мазкур фарқи ҶПМ аз ҷумлаи пайрави миқдору андоза нишон дода шудааст…

Фасли сеюми боби якум «Тобишҳои маънои иловагии ҷумлаи пайрави муайянкунанда (сермаъноӣ)» унвон дорад. Муҳаққиқ дуруст таъкид менамояд, ки яке аз масъалаҳое, ки дар таснифи ҷумлаҳои пайрав халал ворид менамояд, сермаъноии онҳо ба шумор меравад. Таҳлили маводи забони тоҷикӣ соҳибрисоларо ба хулосае овардаанд, ки ҶПМ низ сермаъно буда, бештар аз ҳама тобишҳои маъноии замон, макон, сабаб, мақсад, монандӣ, шарт, хилоф, натиҷа, тарзи амалро доро мебошанд (ниг. с.61-66).

Муаллиф дар фасли чаҳоруми боби якум доир ба вежагиҳои ҶПМ-и бепайвандак баҳс намудааст. Собит мешавад, ки ҷумлаҳои мазкур аксар дар шарҳу эзоҳи хабари номӣ ва ё ҷузъи номии хабар истифода шуда, аз рӯйи вазифа ва мазмун ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд.

Боби дуюми китоби мавриди тақриз «Воситаҳои алоқаи тобеии ҷумлаи пайрави муайянкунанда» ном дорад ва дорои панҷ фасл мебошад. Фасли якум ба таҳқиқи вежагиҳои грамматикии пайвандаки муштараквазифаи «ки» ихтисос дорад. Як вежагии ҶПМ аз дигар навъи ҷумлаҳои пайрав дар он аст, ки он пайвандаки маъноӣ (семантикӣ) надорад. Ин вазифаро дар таркиби ҶПМ пайвандаки «ки иҷро менамояд. Таҳлилу омӯзиши маводи забони тоҷикӣ соҳибрисоларо ба хулосае овардаанд, ки пайвандаки ки» «аз ҳамаи хели ҷумлаи пайрав бештар бо ҷумлаи пайрави муайянкунанда омада, дар алоқаманд гардидани ҳама хелҳои ин навъи ҷумлаи пайрав воситаи асосию муҳим ба шумор меравад» (с.70).

Дар натиҷаи омӯзиш таъй-ин мегардад, ки ба вазифаи калимаҳои ҳамнисбат дар таркиби ҶПМ: 1) ишораҷонишинҳо; 2) калимаи як; 3) морфемаи -е; 4) баъзе калимаву таркибҳои дигар истифода мешаванд.

Фасли сеюми боби дуюм «Калимаҳои тобеъкунандаи ҷонишинӣ» номгузорӣ шуда, ба афкори муаллиф, «калимаҳои тобеъкунандаи ҷонишинӣ, ҳарчанд ки воситаи асосии алоқаи тобеи ҷумлаи пайрави муайянкунанда набошанд ҳам, дар марбуту устувор гардидани таркибу ҷузъҳои ҷумлаи мураккаби тобеъ бо пайрави муайянкунанда, алоқаи маъноии байни онҳо, махсусан, муайян кардани аъзои эзоҳшавандае, ки ҷумлаи пайрав мутеи он аст, аҳамияти калон доранд» (с.91).

Воситаи дигари алоқаи сарҷумла бо ҶПМ ҷои ҷумлаи пайрав аст, ки мавриди баҳси фасли чаҳоруми боби дуюм -«Ҷойи ҷумлаи пайрави муайянкунанда» қарор гирифтааст. Дар алоқаи сарҷумла бо ҷумлаи пайрав ҷойи ҷумлаи пайрав низ муҳим буда, ба таъбири профессор Д.Тоҷиев, аз қадимтарин воситаҳои алоқаи синтаксисӣ ба шумор меояд (ниг. с.97).

Дар натиаи таҳлили маводи гирдоварда аз забони тоҷикӣ муҳаққиқ чаҳор қолаби ташаккули ҶПМ-ро муқаррар менамояд (ниг. с.99).

Фасли панҷуми боби дуюм - «Интонатсия» дар мавриди нақши оҳанг (интонатсия) дар ташаккули сарҷумла бо ҶПМ баҳс менамояд. Дар натиҷаи таҳлили маводи зиёди фактологӣ соҳибрисола тасдиқ мекунад, ки дар қатори дигар ҷумлаҳои пайрав дар созмонёбии ҶПМ низ нақши оҳанг назаррас буда, «маҳз ба туфайли интонатсия алоқаи грамматикию маъноии ҷумлаи пайраву сарҷумла барқарор мегардад» (с.101).

Боби сеюми рисолаи мавриди тақриз «Муродифоти ҷумлаи пайрави муайянкунанда» унвон дошта, фарогири панҷ фасл мебошад. Фасли якум «Ҷумлаи пайрави муайянкунанда – муродифи ибораи сифати феълӣ» номгузори шуда, муаллиф таъкид менамояд, ки ибораи сифати феълӣ бо ҶПМ бештар наздику ҳаммаъност, зеро «ибораи сифати феълӣ аксар вақт тафсил ёфта, ин ё он мазмуни баёнию тавсифиро пурратар ифода менамояд» (с.105).

ҶПМ бо ибораи сифатӣ низ муродиф мешавад, ки дар фасли дувуми боби сеюм - «Ҷумлаи пайрави муайянкунанда – муродифи ибораи сифатӣ» баррасӣ гардидааст. Ба ибораи сифатӣ танҳо он ҶПМ бармегарданд, ки хабарашон номист (ниг. с.113), сониян, тамоми ҶПМ ба ибораи сифатӣ ва сифати феълӣ ва, баръакс, барнамегарданд, ки дар асар собит шудааст.

Фасли сеюми боби сеюм «Ҷумлаи пайрави муайянкунанда – муродифи баёнияҳо» унвон дорад. Муаллиф ба бардоште расонидааст, ки як навъи ҶПМ – эзоҳӣ-ахборӣ бо баёнияҳо низ муродиф шуда метавонад. Дар ин сурат пайвандаки ки ва ҷузъи феълии хабар фурӯгузор гардида, қисми боқимонда аз ду тараф бо вергул ҷудо карда мешавад (ниг. с.115-117).

Фасли чаҳоруми боби сеюм – «Ҷумлаи пайрави муайянкунанда – муродифи ибораҳои хели махсус» ва фасли панҷум «Ҷумлаи пайрави муайянкунанда – муродифи калимаҳо» унвон дошта, аз имкониятҳои фишурдашавии ҶПМ то ба ҳадди як калима баҳс ба миён овардаанд (ниг. с. 117-124).

Дар қисмати хулосаи рисола бардоштҳои муаллиф дар панҷ банд мушаххас натиҷагирӣ шудаанд.

Монографияи мавриди тақриз дар заминаи мутолиа ва омӯзиши бештар аз сад осори илмӣ ва таҳлили фаровони осори бадеии забони адабии тоҷикӣ рӯйи коғаз омада, аз заҳмати фаровони муаллиф дарак медиҳанд.

Абдуҷамол Ҳасанзода,

доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири кафедраи забони тоҷикии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров,

Мӯсо Олимҷонов,

номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш