Реша растаниро бо об ва дигар ғизоҳои органикӣ таъмин менамояд, то ин ки дар хок нағз нашъунамо ёбад. Одатан, мо дар хӯрок ва хӯришҳо бехмева ё решаро истифода мебарем, ки онҳо хосияти шифобахшӣ доранд. Аҷибаш дар он аст, ки решаҳо рангашон гуногун мешаванд; масалан, сабзӣ, шалғам рангашон зард, турб ранги сабз, шалғамча ранги сурх, картошка хокистарранг, лаблабу ранги сурхи гулобӣ ва ғайра. Ҳамаи ин решаҳои номбурда лаззат ва тамъи худро доранд. Мармиҷон яке аз зироатҳои қадима ва сершира буда, ба оилаи настаранҳо дохил шуда, дар лаби дарё, ҷӯйбору каналҳо ва ғорҳои куҳна мерӯяд. Пояаш печанда ва серхор буда, решааш дар зери хок то 20-30 см дароз мешавад. Дар шароити намӣ афзоиши реша хеле фаъол мебошад. Мо решаи мармиҷонро аз зери хок кофта гирифта, нағзакак шӯста, бо корд пӯсти болояшро мегирем ва дар даруни дег мегузорем. Аз болояш 3 литр об рехта дар ҳарорати паст меҷӯшонем, то ин ки 2 литр об боқӣ монад. Оби сафеде, ки мо дар дег рехтем, ранги хокистариро мегирад. Решаро аз даруни дег мегирем. Мувофиқи табъ шакар омехта карда, саҳар, нисфирӯзӣ ва шаб як пиёла истифода мебарем. Ин шарбати тайёрро таркибаш аз элементҳои калсий, йод ва оҳан бой буда, барои зебо ва мустаҳкам кардани пӯст ёрӣ мерасонад. Қувватнокӣ ва масунияти организмро баланд бардошта, пигменти пӯстро зиёд мекунад.
Заррина ҚУРБОНОВА,
омӯзгори гимназияи ба номи Балъамии
шаҳри Ваҳдат
Иловакунӣ
Иловакунии фикр