Нашрияи Омӯзгор

Рисолати як рисола

Сана: 2021-07-01        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Боиси  хурсандист, ки бо ташаббус ва дастгирии  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 140- солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ бо саъйю кӯшиш ва заҳмату талоши узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Аламхон Кӯчаров рисолаи илмӣ -  таълимии “Фаъолияти муҳассилӣ ва омӯзгории устод Садриддин Айнӣ” аз тариқи нашриёти “Донишварон” ба  табъ расида, дастраси аҳли  ҷомеа, аз ҷумла, омӯзгорону толибилмон гардид.

Муҳаққиқи  соҳибназар тавассути омӯзиш ва  ҷустуҷӯи зиёди маъхазҳои илмӣ- таърихӣ ва адабӣ дар вокуниш ба  мавзӯи “Фаъолияти омӯзгории устод С.Айнӣ дар замони Тоҷикистони соҳибистиқлол” дар остонаи ҷашни тиллоии кишвар – 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар риштаи айнишиносӣ боз як саҳифаи тозаеро ба рӯйи алоқамандони каломи бадеъ, хосса, омӯзгорону толибилмон кушод.

Воқеан, муҳаққиқ дар муқаддимаи рисола ҷиҳати таҳқиқи ин мавзӯъ оварда: “Оид ба фаъолияти омӯзгорӣ ва муҳассилии устод С.Айнӣ муҳаққиқону адибон, омӯзгорони ватанию хориҷӣ аз қабили  М. Орифӣ, А. Ғаниев, Р. Ҳошим, М. Мирзозода, Ҷ. Икромӣ, М. Қозиҷонов, А. Халилов, И. Николаев, И. Бечка, А.Г. Леменовский, С.Табаров, И.С Брагинский, М. Шукуров, А. Сайфуллоев, Х.Отахонова, Х. Раҳимов, А. Нуров, Ж. Алмаев, А. Аминов, М. Саидова, Х. Асозода, А. Маҳмадаминов, Қ. Рустамов, А. Паҳлавонов ва дигарон фикру андешаҳои ҷолиб баён кардаанд”.

Мутаассифона, аз нигоҳи имрӯз таҳқиқ ва кӯшишҳои дар ин бахш суратгирифта, ба қавли  А.Кӯчаров, ба ҳадафи асосии мавзӯъ - фаъолияти пурсамари муҳассилӣ, омӯзгорӣ, саҳмгузорӣ дар рушди мактабу мактабдорӣ, билохира, нақши устод С.Айнӣ дар таълиму тарбияи чандин насли ҷомеа ба матлаб ҷавобгӯ набуда, тадқиқоти арзишмандеро тақозо мекард.

  Аз ин лиҳоз, муаллиф қисмати аввали рисоларо “Нигоҳе ба таърихи маорифи тоҷик” унвонгузорӣ намуда, комёбӣ ва пешравиҳои соҳаи мактабу маорифи тоҷикро аз ибтидои садаи 20 баррасӣ  карда, дар  саргаҳи он саҳми равшанфикрон: Абдуқодири Шакурӣ, Саидаҳмадхоҷаи Аҷзӣ, Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим, Мирзо Сироҷи Ҳаким, Аҳмадхоҷаи Ҳамдӣ, Садриддини Айнӣ, Абдурауфи Фитрат, Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ ва Саидризо Ализодаро басо назаррас ҳисобидааст.

  Барҳақ, дар рушду нумӯи мактабу маорифи тоҷик дар даврони Шӯравӣ, дар миёни зиёиён, асосгузори адабиёти Шӯравии тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, шоир, нависанда, олим, публитсист ва омӯзгори асил Садриддин Сайидмуродхоҷа Айнӣ дар сафи пеши мардони ватандӯсту мубориз қарор дошта, хизмати бедареғ ва шоистаеро ба сомон расонидааст.

Рисола аз муқаддима ва нуҳ фасл иборат мебошад.

Феълан, рисола барои шогирдони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ пешниҳод гашта, муҳаққиқ дар анҷоми он бо замима кардани феҳристи луғатнома   то андозае ба хонанда дасти ёрӣ дароз кардааст.

Ногуфта  намонад, ки банда ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик фаъолият дорам.  Дар “Барномаи таълимии адабиёти тоҷик барои синфи 11” ба омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти Садриддин Айнӣ 6 соат ҷудо  гардида, як соати он ба мавзӯи “Фаъолияти омӯзгории устод Айнӣ”  бахшида шудааст.

Мутаассифона, дар китоби дарсӣ сари ин мавзӯъ танҳо ду ишорае рафта;

Аввалан, соли 1906 дар Бухоро Абдураҳмон Саъидӣ ном тотор нахустин мактаби тоториро ташкил карда, Айнӣ дарсҳои Саъдиро барои бачагони тоҷик тарҷума мекард.

Баъдан, соли 1908 дар ҳавлии Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим мактаби нави тоҷикӣ таъсис ёфта, фаъолияти омӯзгории Айнӣ васеътар гардид. (Асозода Х, Кӯчаров А,  Адабиёти тоҷик, барои синфи 11, Душанбе, “Маориф”, соли 2018, саҳ.66.)

Ростӣ, барои хонандаи имрӯзаро, ки бо интернет дар иртибот аст, қаноатбахш намудан омӯзгор ба мушкилот рӯ ба рӯ мегардид.

Хушбахтона, дастрасӣ ва мутолиаи рисолаи тозанашри профессор А.Кӯчаров “Фаъолияти муҳассилӣ ва омӯзгории Садриддин Айнӣ” ба ман имконоти хубе фароҳам овард, ки ба саволҳои толибилмони хатмкунанда;

- Устод Айнӣ дар кадом мактабҳо ба ҳайси омӯзгор фаъолият кардаанд?

- Омӯзгор С.Айнӣ аз кадом фанҳо дарс мегуфтанд?

- Лаҳзаи баёни мавзӯи навро омӯзгор С.Айнӣ чӣ  хел таълим медоданд?

- Оё устод Айнӣ роҳбари  синф буданд?

- Дарсҳои омӯзгор С.Айнӣ аз тарафи нозирон дар ягон муассиса санҷида шудаанд ё не?

- Устод Айнӣ шабона ҳам дарс мегуфтанд?

- С.Айнӣ дар муассиса ба ягон маҳфил роҳбарӣ мекарданд?

- Устод С.Айнӣ тафтишу дафтарҳои даврии хонандагонро чӣ  хел мегузаронид?

- Дар чорабиниҳои беруназсинфӣ устод С.Айнӣ чӣ хел ширкат доштанд?..

Бо овардани ҳуҷҷату далелҳои дар рисола дарҷёфта ба шогирдон посухҳои саҳеҳ дода, худро хушҳол ва болидарӯҳ  ҳис мекардам.

Аз он таассуф мехӯрам, ки чунин маводи барои омӯзгорон зарур  ба теъдоди 1000 нусха дар нашриёти “Донишварон” рӯйи  чопро дида...

Умедворем, ки мутасаддиёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба заҳмати  муҳаққиқи сермаҳсул  А.Кӯчаров баҳои воқеӣ дода, барои дастгирии  омӯзгорони ҷавон теъдоди нашри рисолаи мазкурро зиёд мекунанд.

Пиралӣ Қурбонов,

ҷонишини директори мактаби №40-и ноҳияи Муъминобод, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш