Нашрияи Омӯзгор

Оилаи солим – кафили пешрафти ҷомеа

Сана: 2021-07-01        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Аз вақти ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 10  сол сипарӣ мегардад. Он 2-юми августи соли 2011, №762 бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудаасту иҷрои он ҳам аз тарафи падару модар ва ҳам омӯзгорону шогирдони онҳо шарт аст.

Мутаассифона, бархе аз занону мардоне, ки асоси оилаанду Худованд ба онҳо фарзандони дӯстрӯро лоиқ донистааст, бо сабаби надонистани роҳҳои дурусти таълиму тарбия фарзандони худро нодуруст тарбия додаву ба камол мерасонанд. Бештари ин гуна волидон ба мактаб алоқаи зич надоранд. Ин аст, ки ба фарзандони хеш назорати қатъӣ намебаранд. Агар ба сарварони ин гуна оилаҳо танбалӣ, камбудӣ, бадахлоқӣ ва бесаводии фарзандашонро ёдовар шавед, мегӯянд: «Худам ҳам дар вақташ сустхон будам, аз куҷо донам, ки тарбияаш чист? Сониян, таълим ва тарбия вазифаи мактабу маориф, муаллимон аст».

Қисми дигари волидон гӯё аз он бехабаранд, ки ҳеҷ гоҳ  таълимгоҳе меҳру муҳаббати волидайнро иваз карда наметавонад. Аз бисту чор соати шабонарӯзӣ 6 ё 7 соати хонанда дар ихтиёри омӯзгор аст. Вале охир, 18 соати дигар дар итоати волидон аст – ку? Ку инсофу адолат? Бар замми ин, иддае аз падару модарон ҳайрон мешаванд, ки чаро фарзандашон гапнодаро, коргурез ва бадмаст (майхора) шудаанд. Онҳо аксаран дар ин бобат аз мактабу кинофилмҳо, аз таъсири кӯча домангир мешаванд. Бояд гуфт, ки бачагону наврасонро  одамон, чизҳо, ҳодисаҳо тарбия менамоянд. Аз байни онҳо дар ҷойи аввал падару модарон меистанд, ки бо ахлоқ ва симои маънавии худ ба бачагон ва наврасон таъсир мерасонанд. Албатта, бачагон ба ахлоқи ин гуна падару модарон тақлид менамоянд, ки хуб аст. Онҳо, пеш аз ҳама,  ба волидон, бародарон ва хоҳарони калонсолашон пайравӣ менамоянд.

Асосҳои хислату характер дар оила ташаккул ёфта, дастурҳои нахустини ҳаётро бача дар оила мегирад. Вақте оила мегӯем, аввалтар аз ҳама тифлони маъсум пеши назарамон меоянд. Барои он, ки бо таваллуди онҳо мафҳуми оила пайдо мегардад. Бо пайдо шудани онҳо унвони ифтихории падар ва модар насиби шахсони издивоҷёфта мешавад. Ин масъулият на танҳо назди оилаи хеш, балки ҳукумату давлат ва ҷамъият низ хеле муҳим мебошад. Биноан, месазад, ки баҳри бунёд намудани оила заҳмати зиёд кашид, то дар нимароҳ лолу ҳайрон, зору ҳақиру парешон намонем. Албатта, дар оиладорӣ ҳуқуқҳои падару модар баробар буда, ҳар кадом масъулияти хешро дорад. Оила моро як навъ ҳушдор медиҳад, ки дар пойдору бобақо мондани он ба саҳлангорӣ роҳ надиҳем. Оила ташкилоти хурдакаки узви ҷомеаи башарист. Ин ҳам мисли давлат ҳама гуна қонунҳои худро дорост. Бояд, ки ҳама узви оила мавқеи хешро дар он муайян карда бошанд, дар афзудани буҷаи он саҳми боризе гузошта тавонанд. Ҳамин ки ҳамдигарфаҳмиву мусолиҳа байни калонсолони оила ба вуқӯъ пайваст, муносибати волидайн бо мактабу маориф беҳ гардид, фарзандон аҳамияти таълим ва тарбияро ҳам аз тарафи волидону ҳам аз ҷониби омӯзгорон эҳсос намуданд, он гоҳ бовар кардан мумкин, ки ҷомеа минбаъд рушд намуда, барои ҳалли ҳадафҳои дарпешгузошта ноил мегардад.

Ба таъкиди Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба наслҳои имрӯзу ояндаи кишвар нигаронида шудааст. Зеро масъулият барои сарнавишти Ватан ва ояндаи миллат дар навбати аввал маҳз ба уҳдаи насли ҷавон хоҳад гузашт. Вазифаи муқаддаси мо ба камол расондани насли ҳаматарафаи солим, соҳибмаълумот, бунёдкор, неруманд ва миллатдӯсту  меҳанпараст мебошад».

Дарвоқеъ, агар хоҳем, ки насли ҷавон минбаъд аз мо домангир набошад, бояд аз имрӯз тарбияро хеле ҷиддӣ бигирем, то барои ба камол расидани онҳо саҳми худро гузошта тавонем.   

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш