Нашрияи Омӯзгор

Дурӯғгӯй аст, Суғурҷон!

Сана: 2021-07-01        Дида шуд: 843        Шарҳ: 0

 

Барои он ки дарсҳо шавқовар гузаранд ва ба ҳаёти воқеию синну соли хонандагон мувофиқат намоянд, дар китобҳои забони модарии синфҳои ибтидоӣ ҳикояҳои тамсилӣ, нақлу ривоятҳо, афсонаву латифаҳои халқии зиёд ҷой дода шудаанд. Масалан, дар китоби забони модарии синфи якум ҳикояҳои “Рӯбоҳ ва Хирс”,’’Деҳқон ва Хирс’’,”Рӯбоҳ ва Лаклак”, дар синфи дуюм “Рӯбоҳ ва Буз”, ”Хораку Хасак”, ”Карашма ва Калта”, дар синфи сеюм “Гург ва Харгӯш”, ”Саъва ва Фил”, дар синфи чорум “Суғурҷон ва Рӯбоҳак” ва амсоли инҳо ҷой дода шудаанд. Муаллифони китобҳои дарсӣ завқи хонандагонро ба инобат гирифта, китоб таҳия кардаанд, ки хеле судбахш ва ба манфиати кор аст. Сифати китобҳои дарсии имрӯза нисбат ба солҳои қабл хеле хуб гардидааст. Саволҳои андешапарвар, расму муаммоҳои мухталиф, аломатҳои диққатҷалбкунанда боиси боз ҳам боло рафтани сифати китобҳои дарсӣ мешаванд.

Таълими ҳикояҳои тамсилӣ аз ҳар як муаллим маҳорати баланди касбиву дониши мукаммал мехоҳад. Масалан, ман ҳамчун муаллимаи собиқадори синфҳои ибтидоӣ ҳангоми таълим аз роҳу усулҳои гуногун истифода менамоям. Барои боз ҳам шавқовару ба завқи хонандагон мувофиқтар шудан ҳикояи “Суғурҷон ва Рӯбоҳак”-ро ба риштаи назм дароварда, меомӯзонам. Кӯдакон ба хондану аз ёд кардани матнҳои назмӣ бештар ҳавасманданд ва онро зуд аз бар мекунанд.

Дар вақти таълими ҳикояи мазкур аввал матни китоби дарсиро пурра таҳлил намуда, супоришҳоро ҳамроҳи хонандагон иҷро менамоям ва дар лаҳзаи мустаҳкамкунӣ шакли назмии зеринро пешкаши бачагон месозам:

Рӯбоҳаку Суғурҷон             Баъди тановули он.

Дӯст шуданд ногаҳон.        Аз ростӣ, ки ин дунё 

Гуфтанд, ки ғубори дил     Аҷаб зебо бо дӯстон.   

Барорем чақ-чақкунон.       Дар омади гап Рӯбоҳ

Таклифи Рӯбоҳакро            Пурсидаст аз Суғурҷон:

Маъқул намуд Суғурҷон.   –Таомҳои болаззат

Дар соати шашу сӣ              Мехӯрӣ дар зимистон?

Рӯбоҳак омад чаққон.          –Ҳеҷ чиз намехӯрам ман

Курта-курта гӯшт гирифт,     Тӯли фасли зимистон.

Инро дида Суғурҷон.               Бовар накард Рӯбоҳак,

Дасту остин барзада,                Ба гапҳои Суғурҷон.

Шавла пухт баҳри меҳмон.     Рӯбоҳак намуд гумон

Дар ҳафт қабат кӯрпача         Дурӯғгӯй аст Суғурҷон.

Рӯбоҳакро ӯ шинонд,                Қаҳраш омаду бирафт

Баъди каме ӯ гузошт,                Дӯсташро таънакунон.

Шавларо пеши меҳмон.            Аз ин кори Рӯбоҳак

“Ташаккур”, -гуфт Рӯбоҳак,     Зор-зор гирист Суғурҷон.

Ба худ омаду ӯ  гуфт:

  -Ҷудо шудан беҳтар аст.

 Аз ин тоифа дӯстон.

Пас аз шиносонидани хонандагон бо матни мазкур назарашон ба хондану маънидод кардани мазмуни он тағйир ёфт. Ҳатто, баъзе хонандагоне, ки матнҳоро бо душворӣ азхуд мекарданд, ба шакли назмии афсона бо шавқу ҳавас менигаристанд.

 Қобили қайд аст, ки ба туфайли татбиқи лоиҳаи  “Ҳамроҳ бихонем” дар мактабҳо имрӯзҳо китобҳои шавқовару рангоранги бачагона дастраси доираи васеи хонандагон гардидааст. Ин барои боз ҳам  самаранок гардидани кори омӯзгорон мусоидат менамояд ва ҳавасу завқи хонандагонро барои мутолиаи китобҳои бадеӣ бештар мегардонад.

Набуват Назирова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби №36-и шаҳри Истаравшан


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш