Нашрияи Омӯзгор

Хонандаи мактаб ва тарбияи гуманистӣ

Сана: 2018-07-25        Дида шуд: 747        Шарҳ: 0

Тарбият дар макотиби имрӯз бояд ҳадафҳои рӯшану мушаххас ва ниҳоии худро дошта бошад. Имрӯз ҳамагон бо вуҷуди пешрафту дастовардҳои шогирдони муассисаҳои таълимии кишвар хоҳу нохоҳ аз омилҳои нигаронкунанда низ сухан мегӯем.

Ба худ суол медиҳему ангушти ҳайрат мегазем: чаро хонандагони мактаби муосир аз мутолиа дур мондаанд, чаро танбалу коҳил ва то андозае коргурезу меҳнатқимоб шудаанд, чаро доираи тафаккуру биниши эшон тангу маҳдуд аст, чаро аз мафҳумҳои арзишманду волои ватандӯстӣ, ҳуввиятхоҳӣ, худогоҳию хештаншиносӣ ва озодманишӣ моҳиятан бардошти хираю андаке доранд? Воқеан, чаро?

Посухҳо, бешак, мухталифанд. Аммо ба андешаи мо, нуқс дар адами раванду паҳлуҳои рангорангу таъсирбахши тарбия нуҳуфтааст.

Чаро омӯзгор наметавонад хонандаро дар рӯҳияи дарки шахсият – яъне, «Ман»-и ӯ тарбият намояд? Чаро наметавонем ба шогирдон аз омилҳои созандаи шахс суҳбат дар миён андозем? Дар ҷомеаи кунунӣ дар иртибот бо равандҳои гуногуни сиёсии ҷаҳон баҳри такомулу таҳаввули зеҳнии фард (насли наврас) метавон аз сойири паҳлу ва сӯву самтҳои ахлоқию пандомӯз ва шоиста, ки баҳри ба камол расондани инсони комил таъсири файзбахш мерасонад, баҳс  анҷом дод.

Аввалан, ба хонанда фаҳмондан лозим аст, ки инсон тибқи таълимоти адабиёти куҳани форсу тоҷик, муосир ва ҷаҳон дар ҷомеа танҳо барои худу манфиатҳои шахсияш зиндагӣ ва пайкор набояд кунад. Зиндагии инсонҳои саодатманду комил фаротар аз омилҳову хоҳишҳои шахсӣ ва манфиатҷӯёна мебошад. Одамият дар рӯзгори пур аз муаммову мушкилбарангез фақат барои нафси хеш зиста, фирӯзбахту комёб намегардад. Суол ин аст, ки ҳар фард даҳҳову садҳо проблемаю норасоии моддӣ ва маънавӣ дорад ва баҳри ҳаллу фасл ва рафъи ин ҳама мушкилот дасташ намерасад ва аз уҳдаи канор задани ҷамеи он монеаҳо баромада ҳам наметавонад. Онҳое, ки фақату фақат ба «дарду аламҳо» ва проблемаҳои шахсияшон гирифторанду дар амвоҷи ин баҳри сардаргум ғарқ гардидаанд, мутассил дар банди андешаҳои ғамандуд, ки чӣ тавр аз ин мушкилиҳо раҳо ёбанд, дармонда, ба рӯҳафтодагию навмедӣ мувоҷеҳ мегарданд.

Бадеҳист, ки ҳар як мушкил дар ҳаёт мушкили дигареро тавлид месозад ва бад-ин тариқа он «дардҳо» беохир зуҳур карда, маҷоли аз чоҳи проблемаҳо берун баромадани шахсро сангинтару маҳолтар месозанд. Аз ин рӯ, мантиқан андешае рӯйи об мебарояд, ки инсон баҳри аз ин гирдоби «маснӯӣ» халосӣ ёфтан, бояд аз гузаштаҳои умр камтар фикр кунаду боҷасоратона ба пеш ҳаракат кунад. Аммо чӣ тавр? Он гуна ки ӯ (фард) дар зиндагӣ набояд фақат барои худу манфиатҳои шахсияш талош варзад, балки андеша кунад, ки дар паҳлуи вай дигарон низ ҳаёт ба сар мебаранд. Баҳри дигар одамон низ бояд зисту ҷонфидоӣ кард. Охир, мо ҳама – инсонҳо, ба таъбири Шайх Саъдӣ, «аъзои якдигарем». Барои бародарону хоҳарон, хешу пайвандон ва оқибатуламр Ватан – ин марзу буми аҷдодӣ, ҳимояту ҳифзи он бояд зиндагӣ кард. Инсонҳо маҳз бо зистан бо фикру хаёли дигарон (саодату хушбахтии ҳамҷинсони хеш) ва сарсабзию шукуфоии Ватани азизашон тадриҷан аз мушкилоти рӯзмарраи тамомнашавандаи зиндагии худ ва ҳар гуна майда-чуйдаҳои тазъйқовари рӯҳӣ раҳоӣ хоҳанд ёфт. Аз ин рӯ, ба ҳеҷ ваҷҳ набояд шогирдони мактаби замони муосирро дар заминаи оҳангҳои навмедонаю рӯҳафтодагӣ, оҷизию нотавонӣ ва карахтию каҳолат тарбия намуд. Ба эшон талқин намудани омилҳое, чун амалҳои созанда ба нафъи миллату Ватан, саъю азм ва иродатмандӣ муҳим ва аввалиндараҷа ба шумор мераванд. …Ман, фарзи мисол, рӯзноманигорам ё адиб, вазифаам эҷоди асарҳои баландарзишу гаронғоя мебошад, ки ба нафъи беҳ гардидани зиндагии инсонҳо ва боло бурдани маърифату маънавияти онон бояд мусоидат кунад, дуредгар ҷевони китоб ё курсию мизи табъи дили худро месозад, муҳандис дар таҳияи тарҳи роҳу биноҳо заҳмат мекашад, омӯзгор бӯр дар даст дар тахтаи синф формулаи математикӣ ё кадом як қоидаи сарфу навҳро менависад, то ба шогирдон дониш омӯзонад, меъмор, рассом, ҳайкалтарош… хулласи калом, ҳар соҳибпеша амали хосаеро анҷом медиҳад, ки агар он аз сари сидқ, самимӣ ва бо шӯру шавқ ва  илҳом роҳандозӣ гардида бошад, ба ӯ (яъне пешавару соҳибкасб) лаззату  кайфияти рӯҳии аҷибе мебахшад. Ҳамин талошу заҳмат ба Инсон бахт меорад. Ба шогирдон дарку фаҳмиши марҳалаҳои ҳаракату талош ва амалҳои созанда бо тартибу назме, ки баён кардем, мушкилию вазниние эҷод нахоҳад кард. Дигар омиле, ки ба хонандагон пайваста гӯшзад мебояд кард, эътиқоду бовар ба неруи ақлонию зеҳнию  худи ӯ ва дар маҷмӯъ, ба ояндаи дурахшон мебошад. Дар дарозои таърих инсонҳои қудратманди бузурге зиндагӣ ва пайкор намудаанд, ки ҷараёни таърихро тағйир додаанд. Ҳар одам метавонад зиндагии хешро (ба маънои мусбаташ) тағйир диҳад, ҳатто агар аз азму иродаи хеш ҷиддан истифода намояд, ояндаи худро метавонад дигар кунад. Вале, дар ҳар сурат, нерую азм ва иродаи инсон ҳадду сарҳади худро дорад. Ба иҷрои тамоми хоҳишу мақсадҳо ва амалӣ намудани орзуҳо дасти инсон намерасад, балки қувваи рӯҳию ҷисмонияш басандагӣ намекунад. Бо вуҷуди ин, ба хонандаи мактаб мукарраран таъкид кардани он фикр, ки ӯ ҳар субҳ бояд бо андешаи «аз дасти ман корҳои зиёде меояду имрӯз ва ҳама рӯз муваззафам, ки амалҳои неку ба ҷомеа судмандро ба анҷом расонам», ҳеҷ гоҳ аз манфиат холӣ нест. Бо майлу иродат ва қувваи волои тафаккур магар мо наметавонем, ки бо даъвату муроҷиат ва хитобаҳои хаттию шифоҳӣ хусусиятҳои зиддибашарию ҳалокатбори ин ҷангро, ки дар саргаҳи он давлати ба ном исломии Шому Ироқ истодааст, маҳкум намоем? Метавонем, оре! Ана, ҳамин андешаро, ки сарчашмаи он аз омилҳое, чун эътиқоду боварӣ ба неруи ақлонию зеҳнии ҳар фарди соҳибдил (насли наврас ва ҷавонон низ) ва иродати қавӣ об мехӯрад, бояд ба шогирдон таъкиду хотиррасон кард. Яъне, бо роҳҳову шеваҳои мухталифи маҳкумнамоии амалиётҳои тахрибкоронаи размандагони бе аслу насаби ДИИШ метавон раванди даҳшатангези ҷангро суст ё ба қафо партофт. Ба хотири зиндагии фирӯзу масарратомези бани башар, ҳифзи арзишҳои бузурги маънавии инсоният, нигоҳ доштани тамаддуни фарҳангии ҷаҳонӣ, ки дорои ғоя ва консепсияи олии  гуманистӣ мебошад, набояд мавқеи беиродагӣ ва бетарафиро пеша кард.

Омили дигари муҳими таконбахш дар раванди тарбияи ахлоқии насли наврас ва ҷавонон содиқу боаҳду паймон будан ба ғояву ормонҳои миллии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз ба шумор меравад. Вафо ба аҳду паймон, ба сухан, ба ҳуқуқу уҳдадориҳо, ба худи шахс, ба супоришҳои Ватан мелоки (ченаки) арзишманди ҳар фарди меҳанпараст бояд бошад. Аз қавли нависандаи бузурги Фаронса Андре Моруа, бояд инсон дар радифи онҳое қарор гирифта бошад, ки ҳеҷ гоҳ, ба ҳеҷ ваҷҳ ба аҳду паймони додаашон хиёнат накардаанд ва як чунин фикрро дар сар ҳам надоранд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки боварию эътиқод, аҳду паймон ва якрӯю якқавл будан ҳаргиз кӯр-кӯрона, маснӯӣ ва танҳо дар гуфтор намебошад. Булҳавас будан низ дар ин ҷода касро ба соҳили мурод намерасонад. Шахс дар дуроҳаи интихоб амиқан ба таври ҷиддӣ рафтор намуда, пас аз таҳлил ва баррасии андешаҳои зиёд ба хулоса ва натиҷагирӣ мерасад. Дар ин самт, дудилагӣ ва шакку тардид барои ҳар нафар шикаст аст.

Суоли дигаре, ки муттасил моро ба андеша мувоҷеҳ месозад, дар ҷомеа ба вуқӯъ пайвастани падидаҳои кинситезию ниқорталабонаи афроди алоҳида ва ба ҳар роҳу восита халалдору муташанниҷ намудани ҳаёти орому осудаҳолонаи мардум аз ҷониби гурӯҳҳои дасисаҷӯию иғвогар ба шумор меравад.

Омилҳои манфию музире, чун кинситезӣ, қасосгирӣ ва бадбиниро ҳанӯз аз айёми ба остонаи мактаб қадам гузоштани хонанда бо тарбияи неку ҳамида, панду андарзи пероста бо ҳикояту ривоёти ибратомӯз ва мисолҳои воқеӣ бояд аз ниҳоди шогирдон тадриҷан, бо сипарӣ гардидани вақту замони муайян берун андохт ё канор зад. Ба хонанда дар синфҳои болоӣ фаҳмондан лозим меояд, ки аз рафиқаш ба сабабеву ваҷҳе ранҷида, ба таъҷил нисбат ба ӯ дар дил кинаю қасос нагирад. Ба бадбинӣ ҳеҷ гоҳ бо бадбинӣ набояд ҷавоб гардонд. Бар хилофи он, бузургтарин хислати инсонӣ, ки фузалову удабои гузаштаи мо ва нобиғаҳои олам онро басо сутудаву тавсиф намудаанд, бахшидани ҳамдигар – авф мебошад. Кинахоҳӣ, дар дил қасд гирифтан бадтарин аз хисоли бани башар аст.

Хонандаи мактаби муосир бояд дар рӯҳияи ҷасорату шуҷоат ва омода будан ба ҳимояи ватан ва зарбаҳои ҷавобии муҳлик задан ба ҳама гуна неруҳои хатарзои ҷангҷӯ, чи дар дохили кишвар ва чи хориҷ аз он тарбия карда шавад.

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш