Нашрияи Омӯзгор

Ташаккулбахши шахсият

Сана: 2021-07-01        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

Мақсади асосии таълими салоҳиятнокии фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ дар амал истифода бурдани дониш, малакаю маҳорати ба даст овардани хонанда мебошад. Ин низом дар соҳаи маорифи мо падидаи нав маҳсуб ёбад ҳам, он дар афкори педагогии мардум асрҳои аср арзи ҳастӣ дошт ва манфиатҳои миллию давлатиро дар мадди аввал гузошта, тарбияи ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҷасурӣ, далерӣ, қавииродагӣ, худидоранамоӣ, риояи қоидаҳои бехатарӣ ва тарзи ҳаёти солим, ободсозию гулгулшукуфонии Ватан ва ҳимояи марзу буми он вазифаи аввалиндараҷа мешуморид.

Омӯзиши фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ дар инкишофи шахсияти хонанда нақши муҳим дошта, покизагӣ, тандурустӣ, озодагӣ, иродатмандӣ, тобоварӣ ва зиракӣ барин сифатҳои одамиро парваришу сайқал медиҳад. Донишҳои низомӣ дар баробари тарбияи эҳсосу андешаи инсонпарварӣ, ватандӯстӣ ва садоқату фидокорӣ, мақому манзалат ва эътибори шахсро таҳким мебахшад.

Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ» барномаи таълимии омодагии ибтидоии ҳарбӣ ба тайёр намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарбияи ватанпарастии онҳо равона мегардад. Малакаҳои ибтидоии низомӣ дар баробари эҳсосу андешаҳои инсонпарварӣ, ватандӯстӣ ва садоқату фидокорӣ, мақому манзалат ва эътибори шахсро таҳким мебахшад.

Мазмуни барномаи фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ дар синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пояи ташаккули шахсият, таҳкурсии ояндаи омӯзиш гашта, ҳамчун муайянкунанда дар ҳаёти инсон нақши муҳим мебозад. Ин фан дар сатҳи ибтидоӣ таълим дода шуда, аз роҳбари ҳарбӣ малакаю маҳорати махсуси низомӣ, педагогӣ ва психологиро талаб менамояд. Роҳбари ҳарбӣ, пеш аз ҳама, бояд маҳорати баланди либоспӯшию роҳгардии низомӣ ва рафтори намунавии низомӣ дошта бошад, ки ҳар як ҳаракати ӯ барои шогирдон намунаи ибрат шавад. Аз оғози машғулиятҳои аввалин роҳбари ҳарбӣ бояд иҷрои рафтори низомиро мувофиқи талаботи оинномаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хонандагон талаб намояд, то ки рафтори низомӣ барои ҳар як таълимгиранда фаъолияти рӯзмарра гардад.

Фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ барои ташаккули шахсияти хонанда аҳамияти махсус дошта, дар таъмини он бояд тамоми меъёрҳои  “Стандарти давлатии  таҳсилот дар муассисаи таҳсилоти умуми Ҷумҳурии Тоҷикистон” риоя карда шаванд. Дар ҷараёни дарс ва раванди таълим ба хонанда моҳият ва аҳамияти ин фанро дуруст шарҳ додан лозим аст.

Дар замони муосир донистани қоидаҳои бехатарии ҳаёт, дуруст амал намудан ҳангоми ҳолатҳои ногувори садамавӣ, таҳдиди хатар ва терроризм барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ногузир аст. Аз ин лиҳоз, дар барнома маводи таълимӣ оид ба асосҳои бехатарӣ ва ҳуқуқ дар низоъҳои мусаллаҳона ворид карда мешавад. Воқеан ҳам, шахсе, ки таълими хуби низомӣ дорад, ҳалли ин ё он масоилро дарёфта, дар ҷодаи ҳаёт бе ягон мушкилӣ рӯҳан солиму обутобёфта мебошад. ҳар як шахс малакаҳои дарки хатар, пешгирӣ аз он ва ҳангоми рухдиҳӣ тарзи дурусти рафторро бояд донад, дар ҳолати зарурӣ  худ ва дигаронро наҷот дода тавонад. Аз Ватани худ ифтихор дошта бошад ва дар ҳимояву шукуфоии он саҳм гузорад.

Раванди омӯзиши омодагии ибтидоии ҳарбӣ се вазифаи асосӣ-таълим, тарбия ва инкишофро дар бар мегирад. Таълими пурраи методиву иттилоотӣ ҳангоми омӯзиши фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ истифодаи самараноки ҳама гуна воситаи таълимиро дар назар дорад.

 

Бозор Манияров,

омӯзгори омодагии ибтидоии

ҳарбии мактаби №1,

ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш