Нашрияи Омӯзгор

Забондонӣ  соҳибмаърифатист

Сана: 2021-07-01        Дида шуд: 780        Шарҳ: 0

 

 

Яке аз мақсадҳои асосие, ки ҳар як омӯзгори  забони русӣ ҳангоми навиштани нақша – конспект ба пеш мегузорад,  равнақ додани нутқи шифоҳии  хонандагон аст. Барои муваффақ  шудан метавон аз маводи гуногун истифода бурд. Аслан, ҳангоми омӯзиши забони русӣ алоқа бо фанни забони тоҷикӣ вуҷуд дорад. Аммо агар сухан дар бораи адабиёти тоҷик равад, ин алоқамандиро бояд ёфт. Масалан, бо истифода аз маводи фанни адабиёти тоҷик (шарҳи ҳоли шоиру нависандагон, порчаҳо аз асарҳои бадеӣ, вариантҳои русии эҷодиёти адибони тоҷик, зарбулмасалу мақолҳо ва ғайра) дарсро омода кардан мумкин аст. Хушбахтона, ин хел мавод дар китобҳои дарсии мо ҷой доранд.

Ҳар як омӯзгори ин фанро зарур аст, ки барои соҳибнутқ гардидани шогирдон тамоми усулҳои таълимро истифода намояд. Мусаллам аст, ки нутқи инкишофёфта ба сатҳи луғатдонии шогирдон вобастагии зич дорад. Бинобар он, кор бо луғат ва ҳифз кардани луғатҳои додашуда дар ғанӣ гардидани таркиби луғавии ҳар як хонанда нақши муҳим дорад. Бояд омӯзгор ба он диққат диҳад, ки ҳар як шогирд  дар ҳар як дарси забони русӣ ҳатман бо дафтари луғати худ иштирок варзад. Дар ҳар як машғулият навиштани 3 – 5 ё аз ин ҳам зиёдтар луғат  ба фоидаи ӯст. Омӯзгорро зарур аст, ки дар ҳар як дарси минбаъда аз луғатро азбар кардани шогирдон аз дарсҳои гузашта хабардор шавад. Яъне, хонанда то кадом дараҷа  луғатҳои додашударо аз бар намудааст, маълум мегардад.  Ҳангоми истифодаи луғат  ба хотир овардани калимаҳои ҳаммаъно низ ба фоидаи кор аст.

Умуман, ҳар як хонанда бояд се навъи дафтар дошта бошад: дафтари корӣ, луғат ва дафтари мавзӯъҳои озод. Барои он ки луғат дар зеҳни  хонанда зуд ва дуруст ҳифз гардад, дар баробари ин, он калимаву вожаҳоро дар мавриди даркорӣ ва дар ҷояш истифода барад, заҳмати омӯзгор ва худи наврас басо муҳим аст. Азбар кардани луғат дар ниҳоди хонанда на ба якборагӣ, балки тадриҷан, зина ба зина  сурат мегирад.

Дар машғулиятҳои забони русӣ зарур аст, ки ҳамаи хонандагон дафтарҳои  корӣ низ дошта бошанд ва ҳангоми навиштани калимаҳои нав хонандагон дар баробари машқи талаффуз, инчунин, ба такрори навиштани  шакли дурусти онҳоро  дар зеҳн ва хотираи худ сабт мекунанд.

Ҳамин тариқ, хонандагон тадриҷан на танҳо бо калимаҳои  гуногун шинос мешаванд, балки бо системаи мураккаби сатҳи онҳо низ ошноӣ пайдо мекунанд ва илова бар ин, аз хатоҳои имлоӣ ва сактаи нутқ ҷилавгирӣ менамоянд.  Тарбияи  самаранок истифодабарии луғат дар хонандагон кафолати тавсеаи забономӯзӣ, худинкишофдиҳии рушди камолоти забонӣ ва ҳамчунин, саводнокии шогирдон маҳсуб меёбад.      

Тӯрахон  ИСОЕВ,

 омӯзгори забони русии мактаби №121, ноҳияи Фирдавсӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш