Нашрияи Омӯзгор

Фурӯғи зиндагонӣ

Сана: 2021-07-01        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Китобро барҳақ манбаи илму дониш, сарчашмаи хирад, асоси фарҳанги миллӣ ва пояи тамаддуни ҷаҳонӣ мегӯянд. Пайдоиши китоб ба пайдоиши хат ва забон вобаста аст. Ҳамин ки одамони қадим хатро  ихтироъ карданд, китобҳои қадима ҳам пайдо шуданд. Дар замонҳои қадим одамон дар рӯи санг, чӯб, сафол, баргҳои дарахтон, ва устухонҳо менавиштанд. Баъдтар дар Мисри қадим папирусро кашф карданд. Акнун дастнависҳоро дар рӯи папирусҳо менавиштанд.  Лекин ин-кишофи хақиқии китоб ба ихтирои коғаз вобаста аст.

Назар ба чӯбу санг ва папирус дар коғаз навиштан ва китоб сохтан хеле хуб ва осон буд. Ба воситаи китоб  мардум саводнок мегардиданд. Ҳамин тавр, китобхонаҳои бузурги дорои аҳамияти ҷаҳонӣ ба вуҷуд омаданд.   Яке аз чунин китобхонаҳои хеле қадим ва машҳур китобхонаи Искандария буд, ки дар асри ІІІ – и то мелод дар Миср бунёд шуда буд.  Дар ин китобхона қариб ҳафтсад ҳазор ҷилд китоб мавҷуд будааст. Дар Хитои қадим, ки яке аз кишварҳои қадимтарини Шарқ аст, дар асри VІ  бори нахустин ба чопи китоб шурӯъ карданд. Ғарбиён дар асри ХV дар Олмон ба китобчопкунӣ сар карданд.

А. Маҳмадова,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш