Нашрияи Омӯзгор

Шеваҳои ҳифз намудани шеър

Сана: 2021-07-01        Дида шуд: 870        Шарҳ: 0

 

Инкишофи нутқи шифоҳиро бе шеър тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Барои инкишоф ва мустаҳкам гардидани нутқи шифоҳӣ азёд кардани шеър зарур мебошад. Шеъразёдкунӣ  забони хонандагонро суфта ва хотираи хонандагонро мустаҳкам менамояд. Усули мазкур яке аз душвортарин методҳои инкишофи нутқ ба ҳисоб меравад. Омӯзгор вазифадор аст, ки мазмуни шеърро пурра фаҳмида, мувофиқи мазмуни вай нақша тартиб  диҳад.

Барои инкишофи нутқи хонандагони синфи як ба мо лозим аст, ки ғайр аз шеърҳои дар барнома нишондодашуда, боз  шеърҳои дигари шоиронро ба  хонандагон дастрас намуда, дар хусуси мазмуни шеърҳо маълумот диҳем.

Шеърҳое, ки ба хонандагони хурдсол пешкаш гардиданд, асосан, дар мавзӯъҳои модар, фаслҳои сол, дар бораи касбу ҳунар, бозичаҳо, ҳайвонҳо ва ғайраҳо мебошанд.

Омӯзгор шеърро бурро ва бо овози баланд мехонад ва дар назди хонандагон вазифа мегузорад:

а) калимаҳои ифодакунандаи   номҳоро ёбед;

б) маълум намоед, ки дар шеър дар хусуси кадом чиз бештар сухан меравад?

в) дар ин шеър кадом калима такрор ёфтааст?

Барои тасдиқи фикр шеъри Убайд Раҷаб ”Кабӯтари ман”-ро метавонем, ҳамчун намуна орем.

Болу парат кушо, биё, кабӯтари ман!

Нишин ба тори боми мо, кабӯтари ман!

Биё, ки сила мекунам болу паратро!

Биё, биё, ки мебарам туро ба ҳар ҷо!

Биё, биё, ки мениҳам лона бароят!

Биё, биё, ки медиҳам дона бароят!

Ба воситаи шеър нутқи хонандагонро такмил бахшида, таркиб ва фонди луғавиашонро ғанӣ менамоем. Дар рафти хондани шеър омӯзгор калимаҳоро такрор намуда, калимаҳои нави дохили шеърро шарҳ медиҳад. Калимаҳои “Кабӯтар, сила, бол, пар, лона, дона” дар забони хонанда нав мебошад ва дар хусуси он маълумот додан лозим аст. Калимаи “кабӯтар” барои он душвор аст, ки дар забони халқӣ муродифҳои худро дорад:  кафтар, кабӯтар .

Калимаи “Лона” низ маъниву муродифи хона, ошён ва ғайраро доро мебошад. Вазифаи муаллим он аст, ки моҳияти чунин калимаҳоро фаҳмонад. Агар моҳияти калимаҳоро пурра нафаҳманд, хонандагон дар ҳолати вохӯрӣ бо чунин калимаҳо душворӣ мекашанд. Калимаи “лона” ба парандагон хос аст.        

Бинобар он, шоир дар ин ҷо хонаи кабӯтар не, лонаи кабӯтар гуфтааст. Сила-молиш, навозиш, бол-қанот, пар ва ғайра. Ҳамин тариқ, ҳамаи ин калимаҳо муродифи худро доранд. Бояд диққати хонандагонро ба он ҷалб  намуд, ки дар ҳолати такрор  хондани шеър бо овози баланд кӯдакон худро ба ҷойи қаҳрамонҳои он  тасаввур кунанд. 

Шеърҳоро ба қисм-қисм ҷудо карда, дар ҳар як дарс аз ёд кардан ба мақсад мувофиқ аст.

 

М.САЛОМАТОВА

омӯзгори мактаби №62, шаҳри Душанбе                                                        


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш