Нашрияи Омӯзгор

Дарс бояд фарогир бошад

Сана: 2021-07-01        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

«Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»  мо - омӯзгоронро вазифадор месозад, ки фаъолиятамонро  такмил бахшем, худомӯзиро дар ҷойи аввал гузорем ва  кадрҳои баландихтисоси ояндаро тарбият намоем.

Муддатест, ки раванди тадрис дар мактабҳои миёнаи умумӣ бо усули муносибати босалоҳият ба таълим баргузор мешавад. Тасмим гирифтам, ки як лаҳзаи дарсамро барои ҳамкорон пешниҳод намоям, ки мавзӯи он хосиятҳои физикавӣ ва химиявии спиртҳо мебошад. Дар ин дарс ба шогирдонам оид ба хосиятҳои физикавӣ ва химиявии спиртҳои якатомаи сер маълумот пешниҳод мекунам. Мақсади дарс ба хонандагон омӯзонидани реаксияҳои деҳидротатсия ва оксидшавии спиртҳои якатомаи сер мебошад. Ҳангоми баргузории дарс аз воситаҳои аёнӣ, аз қабили маҳлули спирт, этиленгликол, глитсерин, овезаҳо оид ба хосиятҳои физикӣ ва химиявии спиртҳои якатомаи сер истифода мебарам

Дар қисми пурсиши вазифаи хонагӣ хонандагонро 4 - нафарӣ ба гурӯҳҳо ҷудо мекунам (агар 24 хонанда бошанд, 6 гурӯҳ). Ба ҳар як даста аз мавзӯъҳои гузашта супоришҳои гурӯҳӣ медиҳам. Масалан: Мавзӯъҳои зеринро месупорам ва  тахтаи синфро чунин тақсим мекунам.

Ба шогирдон 2 дақиқа вақт медиҳам, то ки маълумот ҷамъ оваранд. Дар ин вақт ба назди гурӯҳҳо рафта, фаъолияти хонандагонро назорат мекунам. Ба онҳо мефаҳмонам, ки дар гурӯҳҳо ҳар яке  алоҳида маълумот омода созад. Яке маълумоти умумӣ ва қоидаҳоро, дигаре хосияти физикиро, нафари сеюм хосияти химиявиро тафсир бахшанд ва нафари чаҳорум оид ба истеҳсол ва истифодаи он маълумот диҳад. Пас аз ба анҷом  расидани вақт диққати хонандагонро ба тахтаи синф ҷалб мекунам. Хонандагонеро, ки муодилаи реаксияҳо ва формулаҳоро навистан мехоҳанд, ба тахтаи синф даъват намуда, то иҷрои муодила бо хонандагони дигар (бо ҳар як гурӯҳ) аз рӯи супориши додашуда тариқи шифоҳӣ саволу ҷавоб мегузаронам. Сипас, хонандагон муодилаҳои навиштаи худро мефаҳмонанд. Бо  хонандагон хато ва камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ мекунам. Дар рафти дарс фаъолияти ҳар як гурӯҳ ва хонандаро ба эътибор мегирам.

Баёни мавзӯи нав

Сипас, омӯзиши маводи навро оғоз мекунем. Ба гурӯҳҳо аз рӯи мавзӯи нав саволгузорӣ мекунам. Масалан:

а) Сабаби дар байни спиртҳо мавҷуд набудани моддаҳои газшакл дар чист?

б) Деҳидротатсияи дохили-молекулавӣ ва байнимолекулавӣ гуфта, чиро дар назар доранд?

в) Оид ба оксидшавии спиртҳо чӣ маълумот дода метавонед?

Барои омодашавии хонандагон 1 дақиқа вақт медиҳам ва фаъолияти хонандагонро назорат мекунам. Баъди пешниҳоди ҷавобҳои хонандагон камбудӣ ва хатоҳоро ислоҳ карда, барояшон маълумоти комил медиҳам. Дар вақти баёни мавзӯи нав низ аз воситаҳои аёнӣ, ба монанди маҳлулҳои спирт, этиленгликол, глитсерин ва овезаҳо оид ба хосиятҳои спиртҳо истифода бурда мешавад.

Мулоҳизаронӣ

Мустаҳкамкунӣ: Саволҳо ба гурӯҳҳо.

а) Дар вақти оксидшавии спиртҳои якумин ва дуюмин кадом модда ҳосил мешавад?

б) Ҳангоми деҳидротатсияи дохилималекулавӣ ва байнималекулавӣ кадом моддаҳо ҳосил мешавад?

Арзёбӣ: Фаъолияти хонандагонро ба инобат гирифта, ба ҳар яки онҳо мувофиқи кораш баҳогузорӣ мекунам.

Дарсро ҷамъбаст намуда, супориши хонагӣ медиҳам.

Бо истифода аз чунин усули дарс хонандагон дар гурӯҳҳо фаъолият намуда, фикру андешаҳои худро мустақилона баён мекунанд, ки ин хеле самаровар аст.

Фаридун Каримбердиев,

омӯзгори мактаби №13-и ноҳияи Зафаробод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш