Нашрияи Омӯзгор

Омӯзгори асил кист?

Сана: 2021-07-01        Дида шуд: 865        Шарҳ: 0

 

Омӯзгори асил кист? Ҳамонест, ки худ месӯзаду ба дигарон баҳра ва рӯшноӣ мерасонад. Яке аз сифатҳои аввалини омӯзгори асил нияти хуби ӯст.

Дигар хислати вижаи муаллими асил фурӯтанист. Муаллим бояд хушахлоқу  хоксор бошад, ситоиши ахлоқи писандидаро шиори шогирдони хеш қарор диҳад, барои такмили нафс ва покиза кардани ботин кӯшиш намояд. Беҳуда нагуфтаанд, ки муаллими асилро ҳамчун донишманд эътироф мекунанд.

Соли 2012 китоби олими америкоӣ Дуг Лемон “Мисли ғолибон омӯз” чоп шуд, ки дар он 49 методи педагогӣ пешниҳод гардидааст. Як методи педагогӣ чунин шарҳ дода шудааст: “Агар омӯзгор рӯзи сешанбе дарси хуб гузаронда бошад, пас, ӯ наметавонад рӯзи чоршанбе чунин дарси хуб гузаронад, зеро барои дарси хуб гузарондан боз тайёрӣ бояд дид”.

      Омӯзгори асил кист? Шояд ба ин савол ҳар кас ҳар гуна ҷавоб диҳад. Аммо, аз нигоҳи мо, омӯзгори асил онест, ки касби худро бениҳоят дӯст медорад. Арнолд Клинг-педагоги варзидаи Аврупо 3 нишонаи омӯзгори асилро қайд кардааст.

1) Омӯзгор бояд фанни худро пурра донад.

2) Синфро идора карда тавонад, зеро дониши мукаммали омӯзгор ба оромии синф мусоидат мекунад.

3) Дорои лаёқати махсуси омӯзондани ин ё он фан бошад.

Аксари педагогҳои машҳури ҷаҳон бар он ақидаанд, ки муаллими асил як хусусияти хос дорад, ки ба шогирдон маъқул аст, яъне кораш бо амалаш мувофиқ буда, гапҳои беҳудаи дурушту дурӯғро умуман истифода намебарад. Чунонки дар урфият мегӯянд, омӯзгори хуб таваллуд намешавад, балки тарбия меёбад. Омӯзгор барои фаҳмонидани  моҳияти дарсаш бояд усулҳои гуногуни методиро истифода бурда, онҳоро бо мисолҳои гуногуни ҳаётӣ муқоиса карда тавонад.

Донишманди машҳури тоҷик Раҳим Ҳошим дар бораи омӯзгорони камсаводу танбал чунин гуфтааст: “Хоҳишатон айни муддаост. Ман бисёр ба мактабҳо меравам, вале баъзан ҳайрон мемонам, чаро саводи хаттӣ ва лафзии мактаббачагон хеле кунд шудааст, бо вуҷуди доштани ин қадар имкониятҳо. Айби кист? Албатта, айби муаллим, зеро ҳунараш, истеъдодаш, донишаш казоӣ нест.”

Муаллим бояд мушоҳидакору дақиқназар бошад. Ҳар як имову ишораи шогирдонро омӯзад. Аз рафтор ва робитаи шогирдон нисбат ба якдигар, тарзи салому гуфтугӯ кардани онҳо огоҳ бошад.Бар ҳар як кори бади онҳо дахолат карда, бо одатҳои бадашон муборизаи беамон барад. Дар ҳадисе фармудаанд: “Муаллим бошед ва дар таълими худ душворписанду сахтгир набошед, зеро муаллим аз инсони душворписанду сахтгир беҳтар аст”.

Афсӯс, ки имрӯзҳо мо - омӯзгорон   як сирри муваффақияти омӯзгорони гузаштаро фаромӯш кардем. Онҳо дар рафти дарс ба шогирдон бо муҳаббат бо маҳбубтарин номҳо хитоб мекарданд. Имрӯзҳо менолем, ки шогирдони мо аз таълиму тарбия дур шудаанд. Аммо намедонем, ки мо аз сирри омӯзгорони асилу муваффақ воқиф нестем. Сирри муваффақияти омӯзгор дар эҳтироми шогирд аст. Омӯзгор бояд аз бурду бохти шогирдаш бохабар бошад. Дар вақти дарс бештар аз муваффақиятҳои шогирдонаш ҳарф занад. Яке аз сифатҳои хуби омӯзгори асил суботкорӣ мебошад. Омӯзгор набояд дар баробари шогирд асабонияти худро нишон диҳад, ба ҳама бо як чашм нигоҳ кунад ва ҳамаро як хел эҳтиром намояд. Афкори омӯзгори асил, сарулибос, рафтору кирдор ва муносибати ӯ нисбат ба шогирд ҳатман нисфи муваффақияти кори омӯзгорӣ ба шумор меравад. Нисфи муваффақияти дигар дар доштани илму дониш мебошад.

Омӯзгор  бояд шавқу ҳаваси шогирдонро ба омӯзиши ин ё он  фан бедор кунад ва ӯро дар ҷустуҷӯву ковишҳои дунёи илм роҳнамо гардида, бо ҳар як шогирд суҳбатҳои инфиродӣ баргузор созад, хусусиятҳои ақлониву рӯҳии ӯро бо тамоми ҷузъиёташ омӯзад. Инчунин, ҳунару истеъдоди касбии хешро дар омӯхтану омӯзонидани фанни таълимӣ ба шогирдон бо таъсирбахштарин суханон эҳдо намояд.

Имрӯз падару модар, омӯзгорон ва умуман, аҳли ҷомеа ба шуур, ҳиссиёт ва рафтору амали ҷавонону наврасон бояд тавре таъсир расонанд, ки муносибати онҳо бо одамон, ҳодисаю воқеаҳо тағйир ёбад. Накукорӣ, некхоҳӣ, инсонпарварӣ, башардӯстӣ ва дигар сифатҳои ахлоқӣ шиори ҳаррӯзаи зиндагӣ, кору амал ва гуфтору кирдори онон бояд бошад. Ҳар як фард ин арзишҳои умумибашариро дар натиҷаи таъсири мақсаднок, дарозмуддат ва пайгиронаи омӯзгорону волидон азхуд мекунанд.

 

 Марҷона Қодирова,

омӯзгори мактаби №4,

ноҳияи Айнӣ 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш