Нашрияи Омӯзгор

Рушди сайёҳӣ - дастоварди истиқлол

Сана: 2021-07-01        Дида шуд: 823        Шарҳ: 0

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳим барои рушди кишвар ба ҳисоб рафта, солҳои охир босуръат инкишоф ёфта истодааст. Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар имкониятҳои воқеӣ дорад.

Инкишофи сайёҳӣ дар Тоҷикистон давраҳои тӯлониро дар бар гирифта, ба марҳилаҳои зерин тақсим мешавад: давраи пеш аз Шӯравӣ, давраи Шӯравӣ, давраи соҳибистиқлолии кишвар.

Сайёҳӣ дар давраи Шӯравӣ арзи вуҷуд дошт. Ба кишварҳои Осиёи Миёна одамон аз дигар кишварҳо аслан барои тиҷорат, омӯзиши илм ва дарёфт кардани кор ворид мешуданд.

Соли 1929 ҷамъияти сайёҳии пролетарӣ бо номи РОТ (Российская организация туризма) арзи вуҷуд кард, баъдан дар ҳамин сол ҷамъияти иттиҳодӣ оид ба саёҳати хориҷӣ дар ИҶШС бо номи «Интурист» ташкил карда шуд. Соли 1930 Ҷамъияти ихтиёрии иттиҳоди шӯрои сайёҳии пролетарӣ ва экскурсия ташкил шуда, субъектҳои он дар ҷумҳуриҳои советӣ, аз ҷумла, дар РСС Тоҷикистон амал менамуданд. Калонтарини ин ҷамъиятҳо дар ИҶШС «Интурист» ва «Спутник», инчунин, ҷамъияти сайёҳии кӯдаконаи назди Вазорати маорифи ИҶШС ба ҳисоб мерафтанд, ки ҳамаи онҳо самти ғоявӣ (идеологӣ) доштанд, зеро дар ин давра аз геокомплексҳои табиии минтақа истифода бурда намешуд.

Давраи сеюми инкишофи сайёҳӣ, давраи истиқлолро дар бар мегирад, ки аз ду марҳила иборат мебошад. Марҳилаи якум марбут аст ба солҳои 1990 - 1998. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ мерафт, аз ин рӯ, танҳо як қатор ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул шуданду халос.

Давраи дуюм аз соли 1998 то ин  ҷонибро дар бар гирифта, дар ин муддат Тоҷикистон ба дастовардҳои бузурги сайёҳӣ ноил гардид.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  (соли 2019) чунин омадааст:

«Рушди сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати мо ба ҳисоб рафта, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он аз ҷониби ҳукумати мамлакат вобаста ба пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд».

То имрӯз дар кишвар зиёда аз 200 ширкати сайёҳӣ фаъолият дошта, 15 лоиҳаи инфрасохторӣ-сайёҳӣ аз имтиёзҳои пешбинишуда бархӯрдор гардидаанд. Дар нуҳ моҳи соли 2019 беш аз як миллион нафар сайёҳ аз мавзеъҳои нодири кишвари мо дидан карданд.

Зарур аст, ки солҳои минбаъда шароити инфрасохтори сайёҳӣ беҳтар карда шуда, сатҳу сифати хизматрасонӣ боз ҳам баланд бардошта шавад.

Бо мақсади рақобатпазир гардонидани соҳа дар бозори ҷаҳони сайёҳӣ зарур аст, ки мутахассисони забондон, донандаи фарҳангу таърих ва технологияи муосирро омода кунем, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладҳо, тарҷумонҳо ва дигар мутахассисони соҳаро мутобиқ ба бозори сайёҳӣ тарбия намоем.

Рушди сайёҳӣ ва тарбияи кормандони баландихтисос дар ин самт ба пешрафти иқтисоди миллии кишвар такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳонро дар мамлакат зиёд менамояд ва барои таъсиси ҷойҳои корӣ имкони бештар фароҳам меорад.

Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, дастгирии сайёҳии дохилию хориҷӣ, ҷалби бештари сармоя ва омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Баъдтар бо ҳамин ҳадафҳо дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Донишкадаи соҳибкорӣ, хизмат ва сайёҳӣ таъсис дода шуд.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ дар осоишгоҳҳои Ҳавотоғ, Хоҷа - обигарм, Шоҳамбарӣ, Зумрад, Явроз, Обигарм, Гармчашма, Чилучорчашма, ки оби гарму хунуки минералӣ доранд, садҳо сайёҳи дохилию хориҷӣ истироҳат мекунанд. Инчунин, дар минтақаҳои сайёҳии Ромит, Варзоб, Балҷувон, Помир ва обанбори Қайроқум истироҳатгоҳҳои зиёд бунёд карда шуда истодаанд, ки дар оянда соҳаи сайёҳиро ба сатҳи байналхалқӣ бароварда, ба яке аз соҳаҳои сердаромади ҷумҳурӣ табдил медиҳанд.

Мавқеи географӣ, релеф, иқлим, наботот, олами ҳайвонот, боғҳои миллӣ, кӯлу обанборҳо, пиряхҳои кӯҳӣ, кӯлҳо унсурҳои географии соҳаи сайёҳиро дар бар гирифта, меҳмонхонаҳо, нақлиёт, тарабхонаҳо, осоишгоҳҳо, истироҳатгоҳҳо, истеҳсоли таҷҳизоти сайёҳӣ, дастовезҳо ва ғайра индустрияи сайёҳиро ташкил мекунанд.

Ҳамин тариқ, дар даврони истиқлолият соҳаи туризм хеле рушд намуда бошад ҳам, барои ба сатҳи байналмилалӣ баровардани ин соҳа омилҳои зеринро ба назар гирифтан лозим меояд:

- тайёр намудани мутахассисони касбии соҳаи сайёҳӣ;

- коркард ва қабули санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ, ки ба тараққиёти соҳаи сайёҳӣ мусоидат мекунанд;

- ба кормандони соҳаи сайёҳӣ шароиту имкониятҳо ва имтиёзҳо додан барои равнақи соҳа;

- ба меъёрҳои байнал-милалӣ мутобиқ сохтани низоми хизматрасонии сайёҳӣ;

- ташкилу таблиғи за-хираҳои сайёҳӣ, нашри плакатҳо, харитаҳо, филмҳо ва дигар маводи таблиғотӣ – иттилоотӣ доир ба сайёҳӣ;

- ташкили марказҳои иттилоотии Тоҷикистон дар кишварҳои асосии содиркунандаи сайёҳон;

- ташкили сафарҳои рӯзноманигорони хориҷӣ ба мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии мамлакат;

- бунёди шароити зарурӣ барои сармоягузорони хориҷӣ.

Диловар ГУЛМОЧОЕВ,

ходими калони илмии ПРМ АТТ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш