Нашрияи Омӯзгор

Худшиносии  наврасон

Сана: 2021-07-01        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Дар наврасӣ организми кӯдакон зоҳиран ба калонсолон  монанд  шавад  ҳам, байни онҳо тафовути куллӣ мавҷуд аст.  Наврасон  дар зинаи гузариш қарор дошта, тағйиротои куллии анатомию физиологӣ, психологӣ ва биологиро аз сар мегузаронанд. Аз ин рӯ, душвории овони наврасӣ, пеш аз ҳама, дар тағйирёбии имконоти маънавӣ, иҷтимоӣ ва шаклҳои нави муоширати байниҳамдигарии онҳо бо ҳамсолону  атрофиён,  махсусан, волидайн ва дигар калонсолон зоҳир мегардад..

Худшиносии «ман»,  ташаккулу таҳаввули эҳсоси калонсолӣ  яке аз хусусиятҳои  муҳими синну соли наврасӣ ба шумор меравад. Наврас дарк мекунад, ки вай дигар кӯдак нест, балки ба балоғат расида истодааст. Омода будани худро ба ҳаёти калонсолӣ ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеа эҳсос мекунад ва дар ҳама ҷабҳаи ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок менамояд. Пайдо шудани эҳсоси балоғат ва камолот ё «ман»-и  наврас ҳодисаҳои фавқулодда нест. Наврас ҳис мекунад, ки қадаш баланд, вазнаш афзуда истодааст, тобоварии ҷисмониаш  афзуда, аломатҳои  инкишофи ҷисмонӣ дар ӯ бо суръати тез ба назар мерасанд. Дарк мекунад, ки дониш,  маҳорату малакаи меҳнатӣ ва ҷаҳонбиниаш васеъ гашта истодааст. Ҳамин худшиносӣ ва ҳисси калонсолӣ дар наврас кӯшиши мустақилиятро  ба вуҷуд меоварад.

Мо - калонсолон, набояд фаромӯш кунем, ки пайдо шудани «эҳсоси калонсолӣ»,   ҳиссиёти солиму мусбат буда, ба он фишор овардан нашояд, балки наврасонро ба роҳи дурусти зиндагӣ ва муоширати фарҳанг ҳидоят намоем. Муносибати калонсолон бо наврасон бояд  дар асоси меъёрҳои муайян, бошуурона ва эҳтиёткорона гузарад. Калонсолон бояд донанд, ки назорат ва эҳтироми шахсияти наврас  муҳим мебошад. Аммо назорати доимӣ, ки боиси дилсардӣ ва асабонияти наврас мегардад, баръакс, зарар дошта, онҳоро аз ҷомеаи калонсолон дур месозад.

Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки падару модарон фарзандонро ёрдамчии худ интихоб карда, ба онҳо маҳорат ва малакаҳои меҳнатӣ ва оилавиро ёд диҳанд, корҳои дар ҳаёт заруриро омӯзонанд. Сифатҳои неки калонсолон, аз ҷумла, тарзи сухангӯӣ,  фарҳанги оиладорӣ, меҳнатдӯстӣ, ахлоқи ҳамида ва амсоли ин  ба ташаккули сифатҳои шахсияти наврасон таъсир карда, дар тарбияи онҳо нақши муҳим мебозанд. 

Мусаллама  РАҶАБОВА,

омӯзгори гимназияи рақами 74, шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш