Мо дар замони рушди босуръати илму техника, раванде, ки ҳамакнун неруҳои мухталиф барои ба даст овардани қудрат нисбат ба аслиҳаву яроқ аз иттилоот бештар кор мегиранд, зиндагӣ дорем. Дар шароити муосир мафҳуми нав - «ҷанги иттилоотӣ» ё «муборизаи иттилоотӣ» хеле маъмул гаштааст. Барои пешбурди манфиатҳои худ ва паст задани манфиати дигарон – давлатҳо, ҳизбу созмонҳо ва гурӯҳҳои алоҳида ба муқобили ҳамдигар муборизаи иттилоотиро торафт вусъат медиҳанд.
Феълан шумораи истифодабарандагони интернет дар миқёси ҷаҳон марзи 4,6 млрд нафарро убур намудааст, ки ин тақрибан 60%-и сокинони сайёраро ташкил медиҳад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки давоми ҳар сол сафи корбарони интернет то 7% рӯ ба афзоиш дорад. Яъне танҳо давоми як сол 298 миллион корбари нав ба интернет дастрасӣ пайдо мекунанд.
Зиёд шудани шумораи истифодабарандагони интернет агар аз як тараф торафт дастрас шудани интернет ва рушди технологияро нишон диҳад, аз ҷониби дигар, далел аз вобаставу пайваста шудани инсоният аз интернет ва таъсири амиқи ин фазо ба ҳаёти одамон унвон мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дастрасӣ ба интернет, тамоюли зиёдшавӣ дорад. Тибқи маълумоти Хадамоти алоқаи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар соли 2019 шумораи истифодабарандагони интернет 2,9 млн. нафарро ташкил медод, ин нишондиҳанда дар соли 2020 ба 3,18 млн. баробар гардидааст.
Натан Ротшилд ҳанӯз дар асри 17 зикр намуда буд: “Касе, ки дар даст иттилоъ дорад, ҷаҳонро идора мекунад”. Ҳикмати амалӣ ва татбиқи ин нуктаро мо имрӯз дар мисоли вазъи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид мешавем.
Солҳои охир дар сомонаҳои гуногуни интернет як маъракаи огоҳонаву муғризонаи зидди Тоҷикистон идома дорад. Агар ба унвони маводи ғаразнок ва сирф фармоишӣ назар андозем, чунин тасаввур ҳосил мешавад, ки гӯё давлати мо ба суботи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ноил нагаштааст ва дурнамои инкишофи он норавшан аст.
Ҳадафи асосии ҷанги иттилоотӣ, ки бар зидди Тоҷикистон бурда мешавад, бешак, ноором сохтани вазъ дар дохили кишвар ва таҳияю эҷоди раванди зиддитоҷикии афкори ҷамъиятӣ дар кишварҳои муайян ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ки ба ин тариқа мехоҳанд, обрӯю нуфуз ва эътибори байналмилалии кишвари моро халалдор кунанд.
Мутобиқи маълумоти таҳлилии коршиносон, беш аз 80 фоизи маводе, ки аз тариқи сомонаҳои интернет дар муқобили кишвари мо интишор шудаанд, аз туҳмату бадгӯӣ, матлабҳои ғаразнок ва пешгӯиҳои бебунёд иборат мебошанд.
Пешрафти рӯзафзуни технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва таҷрибаи ҷаҳони имрӯза аз он далолат мекунанд, ки истифодаи самараноки воситаҳои электронии ахбор на танҳо боиси пурра гардидани фазои иттилоотӣ мегардад, балки, зимнан, метавонад ба таъмини беҳтари амнияти иттилоотии кишвар нақшгузор бошад.
Хусусан, барои раҳгум сохтани наврасону ҷавонон ва ба сафи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҷалб кардани ин қишри осебпазир аз шабакаи интернет ба таври васеъ истифода бурда мешавад.
Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки солҳои охир 70 фоизи шахсони ба сафи ҷангиёни кишварҳои дигар, аз ҷумла, Сурияву Ироқ шомилшуда аз байни муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ ҷалб гардидаанд.
Бо таъсири шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ, баъзе аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳи мо ба доми гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат мекунанд, ба обрӯи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ иснод меоваранд, падару модарон ва наздиконашонро дар байни ҷомеа шармсор месозанд.
Омили асосии фирефташавии одамон тавассути интернет, пеш аз ҳама, надоштани саводи расонавӣ ва тафаккури интиқодӣ маҳсуб меёбад. Маҳз надоштани дониши қабул ва малакаи коркарди иттилоъ замина мегузорад, ки истифодабарандагони интернет зери таҳдиди фазои маҷозӣ қарор гиранд, ки дар натиҷа масъалаи таъмини амнияти иттилотӣ ва амнияти миллӣ мавриди таҳдид қарор мегирад.
Ҷиҳати ҳифзи амнияти иттилоотӣ ва таъмини амнияти миллӣ зарур аст, ки ҳузури фаъолонаи воситаҳои ахбори оммаи кишварро дар шабакаи интернет тақвият бахшид. Ин амр имкон медиҳад, ки мавқеи сегменти тоҷикии интернет устувор гардида, дар фазои маҷозӣ оид ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик ва арзишҳои миллӣ маводи бештар ва хонданиву ҷолиб интишор шаванд.
Фарҳанги кор бо интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ аз муҳимтарин масъала маҳсуб меёбад. Дар ин замина, дар самти ба роҳ мондани омӯзиши фанҳои ҷадид, ба мисли саводи расонаӣ-иттилоотӣ ва рақамӣ тадбирҳои амалиро бояд анҷом дод. Ин корро метавон дар байни қишрҳои мухталифи аҳолӣ роҳандозӣ кард, то ки саводнокии расонаӣ ва рақамии онҳо баланд гардида, ба истифодабарандагони огоҳи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ табдил шаванд ва худро аз ҳама гуна дасткорӣ (манипулятсия)-и фазои маҷозӣ муҳофизат намоянд.
Масъалаи ҷорӣ кардани назорати волидайн ба дастрасӣ ба интернет барои кӯдакон ва наврасони то 16-сола масъалаи хеле муҳим аст. Бояд дар ин самт, қабл аз ҳама, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омӯзиширо барои падарону модарон роҳандозӣ кард, то ки онҳо аз шеваи корбарӣ, истифодаи дурусти барномаҳо огоҳ бошанд. Ин кор осон нест, аммо онро сарфи назар кардан низ хавф ва таҳдидҳои муайянро ба бор меорад.
Ниҳоят, далелсанҷӣ, ки омили муҳими муҳофизат аз таҳдидҳои фазои маҷозӣ мебошад, дар доираи машғулиятҳои тарбиявии мактабҳои таҳсилоти миёна ва коллеҷу донишгоҳҳо мавриди омӯзиш қарор додани он имкон медиҳад, ки дар ҳама гуна ҷанги иттилоотӣ манфиатҳои миллӣ ҳимоя карда шаванд.
Фаридун ҲОДИБОЕВ,
номзади илмҳои фалсафа,
сардори Маркази иттилоот ва таҳлили Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Иловакунӣ
Иловакунии фикр