Зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сохтмони бинои нави боғчаи бачагонаи рақами 2-ро аз назар гузаронд. Мавриди зикр аст, ки дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бинои нави кӯдакистон сохта мешавад.
Фармоишгари иншоот шуъбаи маорифи шаҳр буда, он бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ассотсиатсияи падару модарон ва саховатмандону соҳибкорон бунёд хоҳад шуд. Кӯдакистон барои 200 нафар тарбиятгиранда пешбинӣ гардида, тибқи ҳисоботи пешакии масъулин барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 2 миллион сомонӣ сарф мегардад.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр