Рӯзе ҳангоми гузаронидани дарс мушоҳида намудам, ки ду шогирдам – Саидбахт ва Фаромарз байни худ дар бораи чизе бо шавқ суҳбат доранд ва ба дарс аҳамият намедиҳанд. Барои диққати хонандагонро ба дарс ҷалб намудан ба онҳо супоришҳои иловагӣ додам.
Дар вақти танаффус мушоҳидаи хешро давом додам. Хонандагони дигари синф ҳам дар атрофи Саидбахт ва Фаромарз ҷамъ шуда ба онҳо бо диққат гӯш медоданд. Баъди анҷоми дарс хонандагонро ҷавоб дода, Саидбахт ва Фаромарзро нигоҳ доштам. Аз онҳо пурсон шудам, ки дар бораи чӣ ин қадар бо шавқ суҳбат мекардед. Онҳо ҷавоб доданд, ки дар бораи «Аксия»- и донаҳои офтобпарасти «Супер». Аз нақли хонандагон маълум гашт, ки дар дохили қуттиҳои донаи офтобпараст ҳарфҳои гуногун ҷойгир карда шудааст. Шахсоне, ки аз ҳарфҳои бадастовардаи хеш калимаи «Супер»-ро сохта тавонанд, соҳиби мукофотҳо мегаштаанд.
Хонандагонро ҷавоб дода ба андеша рафтам; чӣ бояд кард, то диққати хонандагон ба донишомӯзӣ ҷалб шавад? Чанд рӯз фикр карда, ба хулосае омадам, ки «Аксия»-и «Ифтихорнома»-ро ба роҳ монам. Ҳарфҳои лозимаро барои гузаронидани «Аксия»-и «Ифтихорнома» омода намуда, ба қуттие пинҳон намудам. Рӯзи дигар ба хонандагон дар оғози дарс фаҳмонидам, ки дар давоми ду моҳ дар синфи мо «Аксия»-и «Ифтихорнома» гузаронида мешавад. Хонандагоне, ки дар давоми рӯз аз ҳамаи фанҳо баҳои аъло мегиранд ва интизоми хуб нишон медиҳанд, иштирокчии «Аксия» мегарданд. Пас аз анҷоми дарс метавонанд, аз дохили қуттии ҳарфҳо ҳарферо берун оранд. Ҳарфҳои бадастовардаи хонандагон дар дасти онҳо то анҷом ёфтани муҳлати «Аксия» нигоҳ дошта мешавад. Хонандагоне, ки рӯзи ҷамъбаст намудани «Аксия» бо ҳарфҳои бадастовардаи худ калимаи «Ифтихорнома»-ро менависанд, соҳиби ифтихорнома мегарданд. Пешниҳоди ман ба хонандагон писанд омад ва ҳама мехостанд иштирокчии «Аксия» шаванд. Диққати Саидбахт ва Фаромарз низ ба дарс банд шуд. Онҳо дигар дар бораи «Аксия»-и донаи офтобпараст сухан намегуфтанд. Баъд аз ду моҳ «Аксия» ҷамъбаст гардид. Чанд нафар хонанда соҳиби ифтихорнома гаштанд, ки яке аз онҳо Саидбахт буд. Хонандагон хоҳиш намуданд, ки муаллим «Аксия»-ро давом диҳед ва ҳар ду моҳ ҷамъбаст намоед.
Ин буд яке аз усулҳое, ки ман дар давоми фаъолияти хеш истифода бурдам ки он натиҷаи хуб дод.
Саидҷон Фахриддинов,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
мактаби №49-и ноҳияи Айнӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр