Нашрияи Омӯзгор

Ҳамкорӣ ба хотири таълиму тарбия

Сана: 2021-07-01        Дида шуд: 808        Шарҳ: 0

 

Барои иҷро намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳамкории падару модар ва муассисаҳои томактабӣ, Маркази инкишофи кӯдаки (МИК) Хадамоти Оғохон оид ба маориф, дар Тоҷикистон (ХОМТ) низ “Рӯзҳои падару модар”- ро тавассути вохӯриҳои алоҳида бо волидони толибилмони марказ ба роҳ монд.

Омӯзгорон доимо дар алоқа бо падару модар мебошанд, то ки дар бораи фаъолияти ҳаррӯзаи фарзандонашон бо онҳо маълумоти пурра дастрас намоянд. Дар маҷлисҳои фардӣ барои ҳар як падару модар соати алоҳида ҷудо карда шуда, мураббӣ-омӯзгор оид ба фаъолият, муаррифии инкишоф, пешрафт ва одобу ахлоқи кӯдак маълумот пешниҳод карда, рушди ҳаматарафаи ӯро якҷоя муҳокима ва афкору андешаҳои хешро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.

Нақшаҳои тартибдодашуда аз тарафи волидайн ва омӯзгор дар варақаи махсус қайд шуда, дар муддати муайян ҳам мураббӣ дар МИК ва ҳам волидайн дар хона аз болои онҳо кор карда, кӯшиш менамоянд, ки масъалаҳои пешниҳодшуда ҳаллу фасли худро ёбанд.

Ин гуна фаъолиятҳо ва ҳамкориҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки иҷрои бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз тарафи падару модар ва муассисаҳои томактабӣ ба эътибор гирифта мешавад.

Роҳи дигари ҳамкории падару модар бо МИК ин иҷрои вазифаи хонагӣ мебошад, ки ҳафтае як маротиба аз тарафи мураббӣ-омӯзгор роҳнамоӣ карда шуда, бо ёрии падару модар дар хона иҷро карда мешавад. Дар баробари ҳал шудани чунин супоришҳо волидон имконият пайдо мекунанд, ки бо фарзанди худ ҳамкорӣ намуда, аз лаёқат, маҳорат ва малакаи кӯдакашон бархӯрдор гарданд. Волидон ва омӯзгорони МИК тавассути сомонаҳои интернетӣ доимо дар тамос буда, суратҳои кӯдакон аз кору фаъолияти ҳаррӯзаи гузарондашуда дар марказ, эълонҳо, номи мавзӯъҳо, ҷадвали омӯзиши якҳафтаина, маълумот дар бораи пешравӣ ва ё мушкилиҳои мавҷудаи синф дар гурӯҳи махсуси вайберии барои ҳар як синф ва маълумоти мушаххас дар бораи ҳар як кӯдак, дар гурӯҳҳои фардии волидон мубодила ва муҳокима мекунанд.

Волидон доимо аз омӯзгорони марказ ёрии худро дареғ надошта, дар чорабиниҳои гуногун омӯзгоронро доимо дастгирӣ мекунанд. Падару модар дар масъалаи аз ёд кардани шеър, матн, саҳнавӣ намудани афсона ва омода кардани либосҳо барои саҳнача ва либосҳои идона барои кӯдаконашон саҳми арзанда мегузоранд. Аз омодагии кӯдакон ба мактаб ва таҳсили онҳо дар муассисаҳои таълимӣ зиндагии минбаъдаи онҳо вобастагӣ дорад. Чуноне ки мегӯянд : “Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ, То ба охир меравад девор каҷ”.

 Гулрӯ ГУЛБЕКОВА,

омӯзгори Маркази инкишофи кӯдаки Хадамоти Оғохон оид ба маориф дар Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш