Нашрияи Омӯзгор

Мо бо китобҳои дарсиамон ифтихор дорем

Сана: 2021-07-01        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

(Ҷавоб ба мақолаи Ҳ. Бобоев ва Ҳ. Мениқулов - «Забони китоби дарсӣ бояд саҳеҳ бошад», («Омӯзгор, №23, аз 10-уми июли соли 2021)

Муаллифон дар ибтидои мақола иқрор шудааст, ки дар ҳоли ҳозир яке аз сабабҳои дониши хуб надоштани як қатор хонандагон аз фанни риёзӣ (гарчанде дар барномаи таълимӣ чунин фан вуҷуд надорад) аз лиҳози методӣ ва илмӣ асоснок ва содаву равон навишта нашудани қисмҳои назариявии китобҳои дарсии математикаи синфҳои ибтидоӣ ва математикаи синфҳои 5 ва 6 мебошад. Онҳо овардаанд, ки дар китобҳои нави таълими математикаи солҳои охир муаллифон ба таври худ гуфторҳои бемавриди зиёдеро дохил намуда, омӯзиши мавзӯъҳоро мураккаб гардонидаанд. Сипас, мисоли 1-и дар саҳ. 89  ҷойдодашудаи китоби дарсии «Математика -5»-и бандаро намуна оварда, як саҳифаи пурраи ҳафтаномаи «Омӯзгор»-ро ба ҳамин мисол бахшида, чун мақолаҳои қаблиашон эродҳои зиёди пучу беасосе низ ворид сохтаанд.

Эроди нахустине, ки ин «муқарризони худнамо» гирифтаанд, истилоҳи тақсими «кунҷакӣ» мебошад. Барои истифодаи ин истилоҳ маро ҳамчун муаллифи китоби дарсӣ зери тозиёнаи танқид қарор додаанд. Бояд иқрор шавам, ки ин истилоҳ нав нест, балки дар чандин китоби дарсии замони Шӯравӣ ва баъди он низ истифода шудааст ва истифода мешавад. Барои ин омӯзгорон китоби дарсии русии «Математика-5» (муаллифон С. М. Никольский, М. Потапов ва дигаронро (нашрияи «Просвещение» 2013), ки он дар озмуни китобҳои дарсии ба забони русӣ таълифшудаи Федератсияи Россия тақризҳои мусбати ҳам Академияи илмҳои Россия (аз 14. 10. 11) ва ҳам Академияи таҳсилоти Россияро (аз 17. 10. 11) соҳиб шудааст, намуна меорем. Эҳтимолан, боварӣ дорем, ки муаллифони мақола ба ин ва китобҳои дигари бо забони русӣ нашршуда шубҳа надошта бошанд. Дар ҳамин китоб ҳангоми тақсим кардани адади бисёррақама ба адади дурақама, аз ҷумла, дар (саҳ. 52) ва минбаъд истилоҳи «деление угольком» истифода шудааст, ки шубҳа ва нофаҳмиро ба миён намеорад. Он суханоне, ки муаллифони мақола доир ба тақсими «кунҷакӣ», инчунин, доир ба ибораҳои « мефурорем», «таг ба таг», дар шакли «сутун» ва ғ. овардаанд, ки мақоли «ҳар кӣ мувофиқи фаҳмишаш муҳокима ронда метавонад, на беш аз он»-ро ба хотир меорад. Ман ҳамчун муаллифи китоби дарсии «Математика-5» ин эродҳои муқарризонро қабул надорам. Ҳалли мисолҳои 1 ва 2 дар китоби мо хеле сода ва осон баён шудаанд. Инро ман на фақат чун муаллифи китоби дарсӣ барои синфи 5, балки ҳамчун омӯзгори фанни математика дар синфи 5 иброз менамоям. Шогирдоне, ки ман онҳоро аз китоби дарсии навиштаи худам таълим медиҳам, маводи қисми назариявии китоби навиштаи маро хуб мефаҳманд ва онро дар ҳалли мисолу масъалаҳо татбиқ карда метавонанд. Агар шогирдони Бобоев ва Мениқулов ин амалҳои содаро иҷро карда натавонанд, пас, сабаби дониши паст доштани онҳоро на дар китоби дарсӣ, балки дар тарзи таълиму фаҳмонидани худашон ҷустуҷӯ кунанд.  Оё дарк мекунед, ки солҳои охир садҳо хонандаи макотиби миёнаи ҷумҳуриамон дар озмунҳо ва олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ аз фанни математика ба муваффақиятҳои калон ноил гардида, бо медалҳои тилло, нуқра, биринҷӣ ва бо ифтихорномаҳои сатҳи байналмилалӣ сазовор мегарданд ва обрӯю эътибори мактаби тоҷикро баланд мебардоранд. Ба фикри шумо, онҳо ин донишҳоро аз паси партаи мактабӣ ва аз китобҳои таълимӣ нагирифта аз куҷо дастрас кардаанд? Танҳо одами нобино инро нодида гирифта, аз дастовардҳои Истиқлол ношукр буда метавонаду бас! Оё шумо ягон нафар шогирде тарбия кардаед, ки номи эшонро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ он тараф истад, дар сатҳи минтақавӣ муаррифӣ карда бошанд? Чаро ба худатон чунин савол намедиҳед? Охир, мо шуморо чандин маротиба дар матбуот ба навиштани китоби дарсӣ ё ягон маводи манфиатовари таълимӣ даъват кардем-ку? Шумо фақат ба эрод гирифтану иғво андохтан машғуледу халос.

Шумо ба таври ҳамешагӣ талаб менамоед, ки пеши роҳи чопи китобҳои дарсии математика гирифта шавад ва боз талаб доред, ки фарзандони тоҷик бояд аз рӯи тарҷумаи китобҳои дарсии замони Шӯравӣ таълим дода шаванд. Аз ин ақидаи кайҳо куҳнашудаатон 30 сол аст, ки даст намекашед! Аввал ин ки, 30 сол боз давлати Шӯравӣ вуҷуд надорад, умри миёнаи китобҳои дарсӣ бошад, 5-7 солро дар бар мегирад. Табиист, ки вобаста ба талаботи замон сари ҳар чанд вақт зарур меояд, ки ба барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ тағйирот ворид карда шавад. Дуюм, китобҳои замони Шӯравӣ дар муҳити дигар, зери сиёсати идеологии дигар аз ҷониби муаллифони дигар иншо гардида, манфиати сиёсии давлати бузурги Шӯравиро ҳимоя мекарданд ва муаррифгари миллатҳову халқҳои ҷумҳуриҳои гуногун буданд. Сеюм, китобҳои замони Шӯравӣ анъанаҳои миллӣ, иқлим, табиат, иқтисод ва ғайраро дар бар мегирифтанд, ки хоси ИҷШС буданд. Китобҳои миллии мо бошанд, таърихи миллати тоҷик, урфу одат, ҳунарҳои мардумӣ, олами ҳайвоноту наботот, ҷуғрофия, иқлим муҳити сарзамини муқаддаси мо, иқтисоду фарҳанги мардуми моро инъикос менамоянд. Чаро шумо ин фарқиятҳоро дарк накарда, дар мақолаҳои иғвоангезатон талаб менамоед, ки мо ба китобҳои дарсии замони Шӯравӣ баргардем? Бароятон хотиррасон мекунам, ки 10-15 сол пештар аз ин Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Думаи давлатии Федератсияи Россия дар хусуси аз китобҳои дарсии русӣ дар Тоҷикистон истифода бурдан иҷозат пурсида буд. Дар ду маврид ҳам аз ҷониби Россия ин хоҳиш рад карда шуд.

ҳ. Бобоев бо ҳамин мазмун бо мактуб боз ба редаксияи ҳафтаномаи «Минбари халқ» дар хусуси китоби «Математика-6» низ муроҷиат карда буд. Ман ба он ҷо низ бо чунин мазмун бароятон ҷавоб навиштаам. Метавонед ба редаксия омада, бо ҷавоби ман шинос шавед.

 

Асадулло ШАРИФЗОДА,

дотсенти ДМТ, барандаи ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллифи китобҳои дарсии «Математика-5»,

«Математика-6», «Алгебра -7» ва ғ. (25.06.2021)


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш