Лагери солимгардонии Суғд дари худро барои истироҳату фароғати толибилмон боз намуд. Дар маросими кушодашавии лагер намояндагони раёсати маорифи вилоят, падару модарони истироҳаткунандагон иштирок намуданд.
Дар вилояти Суғд ситоди вилоятии “Тобистон-2021” ташкил гардид. Имсол дар вилоят 15 адад лагери беруназшаҳрӣ амал намуда, дар назди дабистонҳо низ истироҳатгоҳҳои дохилимактабӣ барои толибилмон оғӯши худро боз менамоянд. Дар дохили муассисаҳои таълимӣ ташкил намудани 524 адад лагери наздимактабӣ пешбинӣ шудааст.
Айни замон истироҳатгоҳи “Шоҳин”, воқеъ дар шаҳри Гулистон, дари худро барои қабули хонандагон боз кардааст. Дар истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонони “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” истироҳати толибилмон дар басти аввал шурӯъ гардид. Дар он 150 нафар муҳассилин аз тамоми минтақаҳои кишвар барои истироҳату фароғат фаро гирифта шуданд.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр