Нашрияи Омӯзгор

Таъмини либоси мактабӣ қонеъкунанда аст?

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

Тибқи иттилои раёсати маорифи вилояти Хатлон, нақшаи таъминоти хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ дар соли таҳсили 2021-2022 389 ҳазору 808 ҷуфтро дар бар мегирад. Ба ҳолати 18-уми июни соли 2021 рафти иҷрои шартномаи тарафҳо (шуъбаи маориф ва коргоҳҳои дӯзандагии ватанию соҳибкорони инфиродӣ) барои соли таҳсили 2021-2022 аз 389 ҳазору 808 ҷуфт шарт-номаи басташуда, зиёда аз 100%-и иҷрои нақшаи шартномабандӣ таъмин гардида, иҷроиши шартнома бошад, (151929 ҷуфт либоси мактабӣ) дастраси хонандагон гардонида шудааст, ки 39 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Дар робита ба истеҳсол ва таъминоти либоси мактабӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17-уми июни соли 2021 зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара таъкид намуданд, ки гарчанде истеҳсоли либоси мактабӣ дар вилоят панҷ баробар афзоиш ёфтааст, вале сатҳи таъминоти хонандагон бо ин намуди маҳсулоти истеҳсоли худӣ қаноатбахш нест.

- Се нафар фарзандам дар муассисаи таълимӣ таҳсил мекунанд ва ҳамасола дар давраи таътил дар фикри харидории либоси мактабӣ, китоб ва дафтару ручка шуда, ташвишу даводавам бештар мешавад, - гуфт Сунатулло Абдуқаҳҳоров, сокини ноҳияи Кӯшониён.

Ба гуфти С. Абдуқаҳҳоров, дар шароити имрӯз бо сабаби гароншавии нархи маҳсулот ба ҳамаи фарзандон либоси ягонаи мактабӣ харидорӣ кардан ғайриимкон аст. Бинобар ин, мавсуф пешниҳод кард, ки дар асоси шартномаи мазкур бояд ба оилаҳои камбизоат либоси ройгон ё бо 50 фоиз тахфиф дастрас карда шавад. Ба андешаи ӯ, аз тарафи соҳибкорони ватанӣ дар мувофиқа бо кумитаи падару модарони муассиса аз 1000 либос ба зиёда аз 10 нафар толибилм аз оилаҳои ниёзманди муассиса кумак расонидан ба нафъи кор хоҳад буд.

Дар масъалаи сифати либоси ягонаи мактабӣ роҳбари коргоҳи дӯзандагии “Сомон”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муқаддас Султонова изҳор дошт, ки сифатро дар ҷойи аввал мегузорем ва маҳсулоти мо босифат аст. Матои босифат бо дӯхти намуди туркӣ пешниҳод менамоем, ки ба талабот ҷавобгӯ аст. Коргоҳҳои дӯзандагӣ ба сифат диққат медиҳанд, зеро маълум аст, ки маҳсулоти пастсифат харидор надорад. Нархи либосҳоямон ҳам гарон нест. Масалан, барои синфҳои як, ду, се либоси духтарона 80, 100 ва 120 сомонӣ арзиш доранд. Ғайр аз ин, либосҳоро барои дастгирии волидон ғайринақдӣ пешниҳод мекунем.

Ба таъкиди ӯ, ду соли ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ беш аз 13 ҳазор сомонӣ қарзро боқӣ гузошт, ки ин дар пешбурди кори тиҷорат ва дӯхти либосҳои мактабӣ мушкилӣ пеш овард. Дар ҳоли мувофиқат накардани андозаи либоси мактабӣ коргоҳи дӯзандагӣ имкони ивази шакл ва андозаи онро дорад. Аммо то ба ҳол чунин муроҷиат нашудааст. Инчунин, тибқи шартномаи миёни муассисаи таълимӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ, ҳавасмандгардонӣ ба инобат гирифта шудааст. Ба андешаи ӯ, зарур аст, ки зимни шартномабандӣ ҳамроҳи директори муассиса намояндаи кумитаи падару модарон иштирок намояд ва аз вазъи ҳамкорӣ бохабар бошанд.

Абдураҳмон Ҷамолов, сокини ноҳияи Қубодиён изҳор дошт, аксаран либоси мактабие, ки аз тарафи коргоҳҳои дӯзандагӣ дар асоси шартнома пешниҳод мегардад, сифати паст дорад. Соли гузашта чунин ҳолат мушоҳида гардид. Ҳамзамон, дар дӯхти либосҳо андоза ба инобат гирифта намешавад. Барои харидории чунин либосҳо волидонро маҷбур карданд, ки аз рӯйи инсоф нест.

Ба қавли Ҷамолов, ба хотири сифати паст доштан ва қобили қабул набудани либосҳои мактабӣ, кумитаи падару модарон либосҳои пешниҳодгардидаи чанде аз сехҳои дӯзандагиро қабул накарданд. Ба ин хотир, имсол якчанд коргоҳи дӯзандагии дигар маҳсулоти худро пешкаш намуданд. Боиси таассуф аст, ки баъзан роҳбарони муассисаҳои таълимӣ барои харидорӣ намудани либоси мактабии коргоҳи дӯзандагии шартномабастаашон волидонро маҷбур мекунанд.

Ҷумъахон Идизода, мутахассиси раёсати маорифи вилояти Хатлон изҳор дошт, ки яке аз сабабҳои асосии бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин намудани мактабиён рушд ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ мебошад. Шартнома барои дастрасӣ ва харидориву таъминоти либоси ягонаи мактабӣ аз тарафи директори мактаб якҷо бо мувофиқаи кумитаи падару модарони муассиса баста мешавад. Яъне ягон роҳбари муассиса ҳуқуқи маҷбур намудани падару модаронро барои харидорӣ кардани либоси ягонаи коргоҳи дӯзандагӣ надорад. Маҳз дар мавриди қобили қабул донистани либоси мактабӣ падару модарон бо хоҳиши худ метавонанд, ки ба фарзандонашон либос харидорӣ кунанд. 

Ба ақидаи Ҷ.Идизода, маҳсулоти шартномавии коргоҳҳои дӯзандагии Хатлон босифат буда, нархашон аз бозор дида арзонтар мебошанд. Сифати либоси мактабӣ аз ҷониби намояндагони шуъбаҳои маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва падару модарон назорат ва санҷида шуда, сипас, харидорӣ карда мешавад.

С.АЗИЗӢ,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш