Нашрияи Омӯзгор

Такмили ихтисоси омӯзгорон - масъалаи муҳим

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

 

Бо дастгирии раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва бо ташаббуси Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ дар донишгоҳ конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Масоили мубрами такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ» баргузор гардид.

Конфронс ба 10–умин солгарди таъсиси Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ бахшида шуда буд.

Дар чорабинӣ Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илм, Диловар Қодирзода, муовини вазири маориф ва илм, Қобилҷон Хушвахтзода, ректори ДМТ, ректорону намояндагон ва олимону муҳаққиқони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва намояндагони сохторҳои илмию таълимии кишвар иштирок намуданд.

Меҳмонон аз дастовардҳои илмию таълимӣ ва эҷодии устодону кормандони донишгоҳро, ки дар саҳни даромадгоҳи донишгоҳ ба намоиш гузошта шуда буд, тамошо карданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Қ.Хушвахтзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои рушди тамоми соҳаҳои кишвар, аз ҷумла, илму маориф заминаи мусоид фароҳам овард. Дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ мо бо дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Таъсиси Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гаштааст, гувоҳи гуфтаҳои болост. Зикр шуд, ки баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии омӯзгорон, ба таври доимӣ ташкил кардани курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва ҳарчи бештар шинос намудани онҳо бо технологияҳои муосири таълимӣ яке аз вазифаҳои асосии донишкада ба ҳисоб меравад.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Имомзода дар робита ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат суханронӣ намуда, саҳми Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар баланд бардоштани донишу малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ назаррас арзёбӣ намуд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш