Бо ибтикори раёсати маорифи вилоят ва созмони ҷамъиятии «Ҷуръат» дар шаҳри Хоруғ ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ озмуни вилоятии «Спелинг Би» баргузор гардид, дар он 150 нафар беҳтарин омӯзгорони забони англисии муассисаҳои таълимии вилоят ширкат доштанд.
Сарвари созмони ҷамъиятии «Ҷуръат» Саъдӣ Хушвақтов арз дошт, дар ҳамкорӣ бо раёсати маорифи вилоят дар асоси талаботҳои ойиннома, дар 68 муассисаи таълимии вилоят омӯзиши иловагии забонҳои русӣ ва англисиро пеш бурда, дар ин омӯзишҳо зиёда аз се ҳазор нафар таҳсил доштанд.
Ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз тарафи раиси вилоят ва роҳбарияти созмони ҷамъиятии «Ҷуръат» бо мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд.
Ҷ. ҚОЗИБЕКОВ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр