Нашрияи Омӯзгор

Донишҷӯёни Бадахшон ғолиб омаданд

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

 

Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии кишвар таҳти унвони «Дониш талабу бузурги омӯз…» баргузор гардид.

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев низ дар олимпиада иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ба даст оварданд.

Фахрия Мирзохонова, донишҷӯи курси чоруми факултаи педагогика аз фанни педагогикаи умумӣ сазовори ҷойи аввал, Мародбахт Назархонова, донишҷӯи соли чоруми факултаи таърих аз фанни фалсафа ва Иқболшо Лутфишоев, донишҷӯи курси чоруми факултаи филологияи англисӣ аз фанни забони англисӣ сазовори ҷои дуюм гардида, бо дипломи дараҷаи 1 ва 2-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф шуданд.

Дидора РАҲМАТШОЕВА


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш