Нашрияи Омӯзгор

Хатлон: вусъати бунёди мактабҳо

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

 

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ корҳои муайян ба анҷом расонда мешаванд. Аз ҷумла, бунёду навсозии беш аз 7500 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, дар 4000 иншоот корҳои сохтмонию азнавсозӣ аллакай анҷом ёфтааст, ки аз он 603 иншоот ба соҳаи маориф дахл дорад. Танҳо дар соли 2017 дар шаҳри Кӯлоб барои 3 ҳазор нафар хонанда муассисаҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шудааст. Дар солҳои 2018-2019, тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар назди муассисаҳои таълимии №№ 17,36 ва 39 бунёди синфҳои иловагӣ барои 325 ҷойи нишаст дар як баст аз тарафи кумитаи падару модарон ва соҳибкорон ба тариқи ҳашар ба анҷом расонида шудааст. Ҳамчунин, дар соли 2019 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳу-рии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисаи таълимии №2 бинои нави таълимӣ барои 640 нафар ҷойи нишаст ва дар маҳаллаи 20-ум бинои муассисаи нави таълимӣ барои 624 нафар ҷойи нишаст бо талаботи замон ва муҷаҳҳаз бо воситаҳои навини таълимӣ сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.  Боиси ифтихор аст, ки солҳои охир аз тарафи хатмкардагони муассисаҳои таълимӣ, соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша барои рушди муассисаҳои таълимӣ, таъмиру азнавсозӣ, харидорӣ намудани воситаҳои аёнӣ ва техникии таълим, мизу курсӣ, ҷиҳозонидани кабинету толорҳои варзишӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин ҷода кумаку дастгирии беғаразонаи худро дареғ намедоранд. Аз ҷумла, хатмкунандаи муассисаи таълимии №10 Н. Олимзода, аз муассисаи таълимии №14, Ш. Сабзов ва Шомадов аз муассисаи таълимии №25, Ғ. Нозимов аз муассисаи таълимии №31 А. Раҳимзода, аз муассисаи таълимии №13 О. Ҳасанов, З. Мирзоев ва З. Азизулло аз муассисаи таълимии №1, Б. Нурматов ва амсоли онҳо мебошанд, ки дар ободу зебо гардонидани муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ҳиссагузор мебошанд. Айни ҳол, дар асоси «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» сохтмони муассисаҳои таълимӣ барои 480 нафар хонанда дар деҳаи Офтоблиқо, барои 320 нафар хонанда дар деҳаи Сангпар ва сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ дар маҳаллаи Абдушукурова бомаром идома дорад. Соли 2020 дар деҳаи Зарқалъаи Ҷамоати деҳоти Даҳана сохтмони бинои мактаби нави дуошёна иборат аз 8 синфхона, як утоқи корӣ барои омӯзгорон дар назди муассисаи таълимии №20 сохта ба истифода дода шуд.

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар асоси нақшаи тасдиқ гардида, сохтмони 9 бинои нави муассисаи таълимӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Даҳана, Зиракӣ, Кӯлоб ва Зарбдор таҳрезӣ шуда, аллакай корҳои ташкилию омодагӣ оғоз гардидааст. Бояд қайд намуд, ки дар шаҳр сохтмони зиёда аз 9 муассисаи таълимии типи нав, таъмир ва азнавсозии 10 муассисаи таълимӣ, сохтмони 55 синфхонаи иловагӣ ва сохтмони 2 муассисаи томактабӣ барои 200 нафар тарбиятгиранда ба нақша гирифта шудааст.

Дар ноҳияи Ш. Шоҳин 188 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз соли 2016 то 2020 синфҳои иловагӣ барои 144 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №5 аз тарафи БМИМТ, бинои нави таълимӣ барои 240 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №9 аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои иловагӣ барои 144 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №40 аз ҳисоби БМИМТ ва ҶТ(НИСФТ), муассисаи нави таълимӣ барои 125 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №47 аз тарафи БМИМТ ва сохтмони муассисаи нави таълимӣ барои 80 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №58 аз тарафи ФРСА, соли гузашта  сохтаву мавриди истифода қарор дода шудааст. Мутаассифона, соли гузашта дар ноҳия ягон муассисаи таълимии типи нав сохта ба истифода дода нашудааст. Дар соли 2021 дар назди муассисаи таълимии №№8, 11 синфхона барои 320 ҷойи нишаст дар як баст аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ, дар назди муассисаи таълимии №10,10 синфхона барои 300 ҷойи нишаст дар ду баст ва дар муассисаи таълимии №28,12 синфхона барои 500 ҷойи нишаст дар ду баст бо маблағгузории раёсати сохтмони вилояти Хатлон идома дорад. Бояд тазаккур дод, ки сохтмони бинои дуошёнаи таълимӣ барои 180 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №11 аз тарафи фонди Бунёди миллии иҷтимоии Тоҷикистон идома дорад. Ҳамчунин, бунёди синфхонаҳои иловагӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ дар назди муассисаҳои таълимии №40 ва №60 дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, дар назди муассисаҳои таълимии №№7,21, 30 барои 862 ҷойи нишаст дар як баст ва бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия ба нақша гирифта шуда, корҳои лоиҳакашӣ идома дорад.

Дар ноҳияи Фархор айни ҳол аз 66 муассисаи таълимии ноҳия 17-тояш дар ҳолати садамавӣ ва 25 адади дигар ба азнавсозӣ ва сохтмони синфхонаҳои иловагӣ эҳтиёҷ доранд. Мавриди зикр аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар соли 2019 дар назди муассисаҳои таълимии №№ 20,38,47 ва 52 синфи иловагӣ барои 250 ҷойи нишаст аз тарафи кумитаи падару модарон ва соҳибкорон ба тариқи ҳашар ба анҷом расонида шудааст. Соли 2020 дар назди муассисаҳои таълимии №№36,43 ва 44 сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ барои 239 ҷойи нишаст дар як баст мавриди истифода қарор дода шуд. Дар соли 2021 ҳуҷҷатгузории сохтмони 12 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №22 барои 240 ҷойи нишаст, сохтмони бинои муассисаи таълимии №53 барои 240 ҷойи нишаст ва сохтмони бинои муассисаи таълимии №14 барои 240 ҷойи нишаст ба анҷом расида, дар соли 2021 оғоз мегардад.

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бунёду таъмири 196 иншоот ба нақша гирифта шудааст.То имрӯз 120 адад иншооти таъйиноташон гуногун ба истифода дода шудаанд. Аз ҷумла,  дар ноҳия 9 муассисаи таълимӣ таъмиру тармим гардида, синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шудааст. Дар соли таҳсили 2019-2020 13 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №42 аз тарафи Бонки Рушди Саудӣ ва 6 синфхона дар назди гимназияи давлатии №1 сохта ба истифода дода шуд. Сохтмони бинои муассисаҳои таълимии №№ 43 ва 51 бо суръат идома дошта, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Танҳо дар соли таҳсили 2018-2020 дар 85 муассисаи таълимӣ 318 синфхонаи иловагӣ барои 8585 ҷойи нишаст дар як баст ва 2 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 130 нафар хонанда сохта ба истифода дода шудааст. Дар соли таҳсили 2020-2021 дар назди муассисаи таълимии №23 бинои иловагӣ иборат аз 10 синфхона барои 250 ҷойи нишаст сохта шуда, аз тарафи соҳибкор Сайид Аъзам ва дар назди муассисаи таълимии №20 таъмири маҷлисгоҳ ва бинои ошхонаи мактаб аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон анҷом дода шудааст. Бояд қайд кард, ки аз тарафи корхонаи давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» дар назди муассисаи таълимии №35 сохтмони 2 синфхонаи иловагӣ, дар назди муассисаи таълимии №37 8 синфхонаи иловагӣ аз тарафи соҳибкор Шералӣ Шайхов, дар назди муассисаи таълимии №53 10 синфхонаи иловагӣ ба тариқи ҳашар дар назди муассисаи таълимии №55 сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ бо қувваи сокинон дар назди муассисаи таълимии №54 сохтмони ошхонаи мактаб бо биноҳои ёрирасон аз тарафи соҳибкор Н. Шамшерзода ва сохтмони бинои нави кӯдакистони хусусӣ барои 318 нафар тарбиятгиранда аз тарафи соҳибкор М. Абдулҳаева давом дошта, то рӯзи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Дар ноҳияи Муъминобод бунёди 232 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Айни ҳол дар 118 иншоот корҳои сохтмонӣ идома дорад. Дар солҳои 2019-2020 дар назди муассисаи таълимии №9, 10 синфхонаи иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст аз тарафи БМИМТ сохта ба истифода дода шудааст. Ҳамчунин, дар назди муассисаи таълимии №51 аз тарафи ташкилоти «Эҳсони Сомониён» 6 синфхонаи иловагӣ ва дар назди муассисаи таълимии №35 тариқи ҳашар 4 синфхонаи иловагӣ бунёд гардидааст. Соли равон сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №№5,7 ва 37 барои 720 ҷойи нишаст тарҳрезӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ шуда, сохтмонаш дар соли 2021 оғоз мегардад. Қайд кардан бо маврид аст, ки дар назди муассисаи таълимии №38 аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 синфхонаи иловагӣ барои 160 ҷойи нишаст ва дар деҳаи Хосабоӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои 160 ҷойи нишаст дар як баст сохтмони мактаби нав оғоз гардид.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш