Нашрияи Омӯзгор

Экспедитсияи донишҷӯён ба ВМБК

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Понздаҳ нафар донишҷӯи факултаи геоэкологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати татбиқи донишҳои назариявӣ ва гузаронидани экспедитсия ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуданд.

Саёҳати мазкур, ки даҳ рӯз идома кард, ҷиҳати тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва дониши тахассусӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Тавре донишҷӯён зикр карданд, дар доираи ин иқдом мутахассисони соҳаи геоэкология тавонистанд, ки доир ба ҷанбаҳои муҳим ва махсусиятҳои экологӣ ва геологии ин минтақаҳо маълумоти муҳиму муфид пайдо намоянд.

Баландкӯҳи Помир, ки онро “Боми ҷаҳон” низ меноманд, асрҳои зиёд боз бо шароитҳои табиӣ, геологию географӣ, экологӣ ва захираҳои сарватҳои зеризаминӣ ва сайёҳиаш таваҷҷуҳи олимон, табиатшиносон ва намояндагони дигар касбу корро ҷалб намудааст. Помир дорои захираҳои бузурги табиӣ, таърихию фарҳангӣ буда, имконияти рушди зиёда аз 30 намуди самтҳои туристӣ-рекреатсиониро фароҳам меоварад.

Дар солҳои охир, сайёҳӣ хусусияти оммавӣ пайдо карда, дар натиҷаи рушди он ба таври назаррас ба захираҳои табиӣ, таърихию фарҳангӣ ва экологию туристӣ таъсири калон расонида мешавад.

Дар натиҷаи омӯзиши махсусият, мушкилот ва афзалиятҳои минтақаҳои мазкур ҷиҳати таъмини пешрафти минтақа, инчунин, вобаста ба рушди бештари соҳаи сайёҳӣ Шодмон Нурматов, докторанти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров пешниҳод менамояд, ки бо ҷалби мутахассисони ҳирфаӣ ба роҳ мондани омӯзиши мунтазами ҷанбаҳои геоэкологии минтақа ба манфиат мувофиқ аст.

Ташкили хатсайрҳои кӯтоҳмуддати геоэкологӣ, ки як воситаи таъмини рафтуомад ва ҷалби сайёҳони дохилу хориҷи кишвар мешавад, роҳандозӣ кардани “пресс-тур”-ҳо, ки ҷиҳати муаррифии минтақа ва ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳон мусоидат хоҳад кард, гузаронидани озмунҳои гуногун миёни воситаҳои ахбори оммаи кишвар, ки махсус аз минтақаҳои мазкур маводи беҳтарини таблиғотӣ таҳия мекунанд ва ташкили мунтазами таҳқиқотҳои гуногун, таҷрибаҳои илмӣ ва экспедитсия - аз ҷумлаи дигар пешниҳодот аст, ки Ш.Нурматов таъкид кард.

 

 Бахтовар Сафаров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш