Кӯдакистони «Офтобак»-и шаҳри Роғун дар даврони Шӯравӣ бунёд гардида, аз 2 ошёна иборат мебошад. Солҳои тӯлонӣ дар ин ҷо тақрибан 200 – 300 нафар тарбиятгиранда дар 8 гурӯҳ ба машғулиятҳо фаро гирифта мешуданд ва мураббияҳои дилсӯзу ғамхор кӯдаконро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва дӯст доштани марзу буми Тоҷикистони азиз тарбият мекарданд. Мутаассифона, ҳоло кӯдакистони мазкур вазъи табоҳу ташвишоваре дошта, солҳост, ки рӯйи таъмиру тармимро надидааст. Ҷои истироҳату фароғати кӯдакон хароб гардида, ҳуҷраҳои боғча ба ҳезумхона табдил ёфтааст. Саҳни кӯдакистон пур аз партовҳо мебошад. Дару тирезаи аксар ҳуҷраҳо канда, деворҳо аз ҳам рехтаву фаршҳо пӯсидаанд. Намуди берунии бино низ харобу валангор буда, ба дили кас ҳузн ҷо мекунад. Дар муассисаи томактабие, ки солҳои сол 200-300 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта мешуданд, айни ҳол ҳамагӣ 30-35 тарбиятгиранда тарбия мегиранд ва ин ҳол ҳеҷ як масъулеро ба ташвиш наовардааст.
Машғулиятҳо дар чунин шароит дар сатҳи паст гузаронида мешаванд.
Ба ин бесарусомонӣ ва вазъи тоқатфарсои кӯдакистони «Офтобак» роҳбарони шаҳри Роғун ва масъулони шуъбаи маорифи он чӣ мегуфта бошанд?
Ҳокими Сафар,
рӯзноманигор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр