Нашрияи Омӯзгор

ДМТ: мақолаҳои илмиро такмил мебояд

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 806        Шарҳ: 0

 

24-уми июни соли равон дар толори Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ректори донишгоҳ, профессор Қ.Хушвахтзода бо ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Паёми ДМТ, бахшҳои илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ, кормандони Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи донишгоҳ ҷаласа баргузор намуд.

Ректор фаъолияти илмиро аз самтҳои афзалиятноки касбии устодону муҳаққиқони донишгоҳ арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки силсиламаҷаллаҳои илмии донишгоҳ оинаи илми на танҳо ДМТ, балки тамоми ҷамҳурӣ дониста шудаанд. Бинобар ин, беҳтар гардонидани мазмуну муҳтавои мақолаҳои илмӣ вазифаи муҳимми масъулон мебошад.

Таъкид шуд, ки соли ҷорӣ талабот ба мақолаҳои илмӣ таҷдиди назар карда шуд, ки мақсади ин баланд бардоштани сифати мақолаҳо, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ кардани онҳо ва зина ба зина баланд бардоштани сатҳи силсиламаҷаллаи «Паёми ДМТ» барои ворид гардидани онҳо ба махзани байналмилалии «Scopus» ва «Web of Science» мебошад.

Бахтовар Сафаров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш