Нашрияи Омӯзгор

Баррасии масоили рушди тафаккури хонандагон

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 806        Шарҳ: 0

 

Ҳафтаи гузашта дар толори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иқдоми шуъбаи таҳсилот ва технологияи педагогии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон конфронси илмӣ- амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Консепсияи рушди тафаккури хонандагон» баргузор гардид. Конфронсро Президенти АТТ, академик Ғуломқодир  Бобизода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла, қайд кард, ки талаби замон аст, ки мутахассисони соҳаи  педагогика, мактабшиносон, устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ роҷеъ ва масъалаи рушди тафаккури интиқодӣ ва техникии хонандагон таҳқиқоти илмии густурдаро роҳандозӣ намуда, андешаҳои худро дар ин боб баён кунанд. Мудири шуъбаи таҳсилот ва  технологияи педагогии АТТ, номзади илми педагогӣ Сайфиддин Камолзода дар мавзӯи «Технологияҳои рушди тафаккури хонандагон» ҳарф зада, зикр намуд, ки дар шароити нави рушди ҷомеа дар назарияи таҳсилот ва амалияи таълим вазифа ва  талаботи нав ба вуҷуд меояд. Он ба воридшавии Тоҷикистон ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ, ба рушди босуръати илмӣ- техникӣ вобаста буда, доираи мазмуни таҳсилот, аз ҷумла, мазмуни таҳсилоти томактабиро низ ба таври назаррас васеъ менамояд. Имрӯз дар мактаб фанҳое омӯхта мешаванд, ки чанд сол қабл боб ё фасли ягон фанни таълимӣ буданд. Айни замон дар  доираи таълими ҳамгиро  принсипҳо, низоми дидактикӣ ва мазмуни таҳсилот муайян карда шудааст,  ки ба асосҳои назариявӣ ва меъёрҳои дидактикӣ такя менамояд ва дар нақшаю барномаҳои таълимӣ инъикос гардидаанд. Ҳамзамон, бояд таъкид кард, ки дар шароити таълими ҳамгиро рушди тафаккури хонандагон мақсад ва ақидаи пешбарандаи раванди омӯзишро ташкил медиҳад.

Таълими забони модарӣ бояд аз рӯйи мавод ва асоси матнҳое амалӣ гардад, ки робитаи мантиқии гузашта ва имрӯзаи Тоҷикистонро таъкид кунад, ҳаёти олами муосирро инъикос намояд ва хонандагонро ба баровардани хулосаи умумии мантиқӣ раҳнамун созад. Мудири шуъбаи педагогикаи муқоисавӣ ва мактаби муосири АТТ Баҳриддин Муҳиддинзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаи «Нақши синфхонаи муҷаҳҳази таълимӣ дар рушди тафаккури  техникии хонандагон» ҷалб намуда, қайд кард, ки замони муосир дар назди хонанда ва омӯзгор талаботи нав мегузорад. Дар ин замина, нақши синфхонаҳои муҷаҳҳази таълимӣ (дорои васоити аёнии чопӣ ва дастгоҳҳои навини техникӣ, амсоли тахтаи электронӣ, видеопроектор, компютер…) дар баланд гардидани сатҳу сифати донишандӯзии хонандагон хеле бузург аст. Ходими калони илмии шуъбаи таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии  ПРМ  АТТ Холмаҳмад Бобоёров дар мавзӯи «Нақши типҳои фаъолияти олии асаб дар инкишофи тафаккури хонандагон» сухан ронда, зикр кард, ки инкишофи амалҳои фикрӣ аз такмил ёфтани хосиятҳои фаъолияти олии асаб вобастагии калон дорад. Вобаста ба инкишоф додани тафаккури хонандагон  ба назар гирифтани  тафовути байни намояндаҳои типҳои фаъолияти олии асаб дар раванди таълим хеле муҳим аст. Бо дарназардошти вобаста будани инкишофи тафаккур ва типҳои ФОА зарурати ташаккул додани  намуд ва амалҳои фикрии он пеш меояд. Ҳангоми дуруст ба роҳ мондани раванди таълим дар хонандагон амалҳои  фикрӣ, аз қабили таҳлил, таркиб, муқоиса, хулосабарорӣ, ҷамъбаст ва сифатҳои устувори системаи сигнали дуюм, пеш аз ҳама, нутқ, инчунин, қобилияти мутобиқавӣ ба шароитҳои нав, худтакмилдиҳӣ, худташкилдиҳӣ, устувории психикӣ, инкишофи интиқоди эҷодӣ ва дигар тағйироти шахсият шакл мегиранд.

Мудири шуъбаи фанҳои табиию риёзӣ ва технологияи иттилоотии ПРМ ба номи А. Ҷомии АТТ С. қурбонов дар мавзӯи «Истифодаи усули проблемагузорӣ дар дарсҳои математика» маърӯза карда, таъкид намуд, ки таълими проблемавӣ дар омӯзиши фанни математика мавқеи муҳим дорад.  Истифодаи таълими проблемавӣ дар хонандагон малака, маҳорат ва қобилияти тафаккурро ташаккул медиҳад. Омӯзгор ва психологи  литсейи №1-и шаҳри Кӯлоб Хосият Назарова  дар хусуси вижагиҳои асосии рушди тафаккури хонандагон дар ҷараёни таълим ҳарф зада, қайд кард, ки рушди тафаккури хонанда бештар ба солҳои аввал ва дувуми ҳаёти ӯ вобастагӣ дорад, ки дар ин марҳалаҳо оила нақши калонро мебозад. Яке аз хусусиятҳои дигари рушди тафаккури хонандагон дар давраи синни хурди мактабӣ бозӣ ба ҳисоб меравад, ки дар ин давра кӯдак аз ҷиҳати ҷисмонӣ, психикию ақлӣ ва тафаккур бо суръат тараққӣ мекунад.

Дар умум, тафаккур  табиати иҷтимоӣ дошта, дар баробари пайдоиши чомеаи инсонӣ ба вуҷуд омада, рушду нумӯъ ёфтааст…

Дар ҷараёни ҳамоиши илмӣ сармутахассиси шуъбаи педагогикаи муқоисавӣ ва мактаби муосири АТТ Сулаймон Исматов, докторанти кафедраи психологияи ДМТ Фариза Файззода, доктори илми педагогика Файз Гулмадов, ходими илмии АТТ Иззатулло Давлатшоев, омӯзгор аз шаҳри Ҳисор Сафаралӣ Раҷабов андешаву пешниҳодоти хешро дар масъалаи рушди тафаккури хонандагон ва баланд бардоштани сатҳу сифати донишазхудкунии толибилмони таълимгоҳҳо баён намуданд.

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш