Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар вилояти Хатлон даври сеюми маҳфил – озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ» миёни донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва хонандагони синфҳои 10-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ доир гардид.
Дар озмуни мазкур беш аз 25 нафар иштирок намуда, миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ҷойи якум Мунира Бобоева аз шаҳри Кӯлоб, ба ҷойи дуюм Саёҳат Назарова аз ноҳияи Восеъ ва ба ҷойи сеюм Тоиршои Қадамшо аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шарафёб гардиданд. Миёни донишҷӯён ҷойи аввалро Шарифхон Азизӣ аз шаҳри Бохтар, ҷойи дуюмро Муборакшоҳ Юсуфов аз ноҳияи Данғара ва ҷойи сеюмро Шаҳноза Шарифова аз ноҳияи Ҷайҳун сазовор шуданд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр