Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ мизи мудаввар таҳти унвони “Ваҳдат – пояи рушду суботи ҷомеа” баргузор гардид. Дар он олимон, устодони донишкада ва намояндагон аз донишгоҳҳои олии шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.
Директори донишкада, дотсент Ҳомид Ҳошимзода Ҳасан дар бораи арзиши Ваҳдати миллӣ ва аҳамияти тақдирсози он сухан гуфт.
Мавсуф иброз дошт, ки ин воқеаи таърихӣ, пеш аз ҳама, бо кӯшишу талошҳои қаҳрамононаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад ва ҳаёти имрӯзаи осоиштаву хушбахтонаи моро таъмин гардонид, ки ин худ неъмати бузург аст.
Мудири кафедраи “Таърихи Ватан ва археология”-и ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷ. Исоматдинов дар маърӯзаи худ таҳти унвони “Роҳҳои ташаккул ва ҳифзи Ваҳдати миллӣ” оид ба рӯйдодҳои фоҷианоки ҷанги шаҳрвандӣ, қурбониёну муҳоҷирон, талафоту зарарҳои моддиву иқтисодӣ, пастравии иқтисодиёт, қафомонӣ дар ҳамаи соҳаҳо, расидан ба сатҳи баланди камбизоатӣ, дастовардҳои пас аз бастани созишномаи сулҳ ноилгардида маълумоти муфассал дод.
Мудири кафедраи назарияи иқтисодии донишкада, профессор А. Азимов, устоди кафедраи ҷомеашиносӣ А. Ибодуллоев ва дигарон оид ба масъалаҳои матраҳгардида ибрози андеша намуданд.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр