Нашрияи Омӯзгор

Наҷоти миллат ва бақои давлат

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

Чанд рӯз қабл дар маҷлисгоҳи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи  маориф бо ибтикори роҳбарияти донишкада ҳамоиши илмӣ дар мавзӯи «Ваҳдат - наҷоти миллат ва бақои давлат» баргузор шуд. Ҳамоишро ректори  муассисаи мазкур, доктори илмҳои  таърих Хоналӣ Қурбонзода ифтитоҳ намуда, дар хусуси таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ дар кишвар сухан ронд. Сипас, муовини сардори раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомназар Каримиён дар мавзӯи «Ваҳдат- наҷоти миллат ва бақои давлат» ҳарф зад.

Мушовири бахши робитаҳои хориҷии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир Абдуллои Раҳнамо суханронии худро ба  мавзӯи «Таҳаввули мафҳуми «Ваҳдат» ва вазъияти имрӯзи он дар Тоҷикистон» бахшид.  Мавсуф  зикр кард, ки ваҳдат чун падидаи сиёсӣ сабаби бақою ҳастии миллат гардид. Ӯ ҳамчунин, таъкид кард, ки Созишномаи  истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ аз назари эътибори худ ҳамрадифи Эъломияи истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Муовини директори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, шоир Беҳрӯзи Забеҳулло дар масъалаи «Нақши омӯзгор дар таъмини раванди сулҳ» сухан ронда, зимнан изҳор дошт, ки барои устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ адабиёти классикии  форсу тоҷик сарчашмаи беминнат дар масъалаи омӯзонидани ғояҳои сулҳу оштӣ ва ваҳдату ягонагӣ ба шогирдон мебошад. Номбурда дар хусуси ақидаҳои ваҳдатгароёнаи Ҳофизи Шерозӣ, Саъдӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва  бахусус,  Фаридаддини Аттор ва маснавии  «Мантиқ-ут-тайр»-ӯ, ки дар он тарғибу талқини ягонагию муттаҳидӣ равшану барҷаста ба мушоҳида мерасанд, бо тафсил сухан ронд. Китобдори мактаби №67-и ноҳияи Рӯдакӣ Бекназар Худойназаров ва рӯзноманигор Шодӣ Раҷабзод андешаҳои худро пиромуни Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар  ҷумҳурӣ ҳамчун санади сарнавиштсози таърихӣ баён намуданд.    

Ш. Суҳайл,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш