Нашрияи Омӯзгор

Бинои нави таълимии коллеҷ

Сана: 2021-07-01        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ ва сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода бинои нави таълимӣ иборат аз маркази машваратии тестӣ, маркази ҳунаромӯзии истеҳсолӣ  ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд.

Дар ифтитоҳи бинои нав раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода, омӯзгорону донишҷӯён ва меҳмонон ширкат намуданд.

Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода  зикр кард, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат ҷиҳати омӯзиши илму дониш дар кишвар ба толибилмон имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Чунонки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода изҳор дошт, эътимод дорам, омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода сазовори боварии муҳтарам Пешвои миллат гардида, ба сатҳу сифати таълим бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, илмро ҳамчун пояи устувори давлат ва ҷомеа дониста, барои рушди пайвастаи он кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Дар идома як зумра  омӯзгорону донишҷӯён барои саҳми муносиб дар рушди соҳа ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсиву ҷамъиятӣ бо ифтихорномаву сипосномаҳои Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр сазовор гардиданд.

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш