Нашрияи Омӯзгор

Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба арифметикаи менталӣ

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 772        Шарҳ: 0

 

Дар литсей-интернати Президентӣ ба муносибати раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон якҷо бо Академияи STEEM — таҳсилоти Империяи дониш ва иштироки зиёда аз 130 нафар толибилм аз кишварҳои СҲШ бори нахуст олимпиадаи байналмилалӣ оид ба арифметикаи менталӣ баргузор гардид.

Мусобиқоти зеҳнии Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба арифметикаи менталӣ имкон медиҳанд, ки омилҳои ҳамкории судмандро, ки дар консепсияи мавҷудият ва фаъолияти СҲШ ҷой дода шудаанд, татбиқ гардад.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон як навъ пуле шудааст, ки на танҳо сиёсатмадорон, дипломатҳо ва дигар шахсиятҳоро, балки кӯдаконро ба ҳам васл мекунад, ки дӯстӣ ва таассуроти онҳо тамоми умр боқӣ мемонад ва дӯстони наве, ки онҳо дар рафти муошират пайдо мекунанд, барои муттаҳидшавии бештар ва самараноки кишварҳоямон дар оянда мусоидат намояд.

Ёдовар мешавем, ки натиҷаи озмун 25 июни соли равон  дар муассисаи мазкур ҷамъбаст гардида, ғолибони олимпиадаи байналмилалӣ оид ба арифметикаи менталӣ бо “Ифихорнома” ва туҳфаҳо қадрдонӣ мегарданд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш