Нашрияи Омӯзгор

Хулосаи ҳуқуқӣ ба 147 лоиҳаи қонун

Сана: 2018-07-25        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

- Дар нимсолаи якуми соли 2018 Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани сифату самаранокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии қонунгузории амалкунанда ва дастрасии  иттилооти ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо ба 147 лоиҳа хулосаи ҳуқуқӣ додааст.

Ҷиҳати баланд бардоштани сифати қонунҳо, бартараф кардани мухолифат, номутобиқатӣ ва холигии байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хулосаи ҳуқуқӣ дода шуд, ки дар маҷмӯъ, зиёда аз 465 пешниҳодро дарбар мегирад, - гуфт дар нишас-ти матбуотӣ муовини аввали директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддинзода Субҳиддин Исо. 130 мақолаи илмии кормандон дар нашрияҳои гуногун ба табъ расидаанд.

Кормандони марказ дар ин давра дар 28 гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шомил буданд. Инчунин, дар кори 66 конфронси илмӣ-амалӣ, форумҳо, мизҳои мудаввар ва семинарҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок ва бо маърӯзаҳо баромад намуданд.

Аз ҷониби марказ ду мизи мудаввар  - «Рушди қонунгузории зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Нақши Ваҳдати миллӣ дар пешрафти давлатдорӣ ва инкишофи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуданд.

Марказ бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, озмуни мақолаҳои беҳтарин дар мавзӯъҳои «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «Ваҳдати миллӣ»-ро эълон кард, ки натиҷаи он дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъбаст карда шуда, ғолибон бо мукофотҳои пулӣ қадр карда шуданд.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз сомонаи марказ зиёда аз 48 ҳазор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ, ташкилоту муассисаҳо истифода бурдаанд.

Яке аз самтҳои фаъолияти марказ ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии таълимии кишвар мебошад. Айни ҳол байни марказ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст.

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш