Ҳар вақте исми журналист, публитсисту мутарҷим ва шарқшиноси варзида Ҷумъахони Ҳотамиро ба забон меорам, пеши назар чеҳраи шахси ҳалиму хоксор, хушсуҳбату ботамкин, чашмони маъсуму каме хаёлолуда ва хандаҳои баланду беғашаш, ҷилвагар мешавад. Боварам намеояд, ки ӯ имрӯз ба таври ҳамешагӣ мо наздикону пайвандон ва дӯстону ҳаммаслаконашро тарк намудааст. Шоми тираи 4-уми июли соли 1999 ҳангоми аз дафтари корӣ ба хона баргаштан Ҷумъахон аз тарафи ноҷавонмарде, ки дар тинаташ аз одамгарӣ нишоне набуд, ба ҳалокат расонида шуд…
Ҷумъахони Ҳотамӣ 31-августи соли 1957 дар деҳаи Шаҳрибарбари ноҳияи Шӯрообод (ҳозира Шамсиддин Шоҳин) дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Пас аз хатми мактаби деҳа ба шуъбаи арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1978 бомуваффақият хатм намуд. Солҳои 1978-1979 ба ҳайси тарҷумони забони арабӣ дар давлати Ироқ ва аз соли 1980 то соли 1984 дар давлати Ливия кор кардааст. Солҳои 1984-1987 нозири калони кумитаи давлатии омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии Тоҷикистон буд. Баъдан ду сол дар давлати ба мо ҳамсоя - Афғонистон хизмат намуда, баъди бозгашт, аз соли 1989 то соли 1992 ҳамчун омӯзгори омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №58 фаъолият кард. Солҳои 1992-1993 ба сифати мухбири калони рӯзномаи «Нидои ранҷбар» ва корманди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмат намуд. Ҷумъахони Ҳотамиро дар давраи барои халқу Меҳан ниҳоят душвору ҳассос, яъне ҷанги шаҳрвандӣ, соли 1993 ба вазифаи сардори Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намуданд. Ҳамчун ҷавонмарди далеру шуҷоъ то лаҳзаҳои охирини ҳаёташ 4 июли соли 1999 ин вазифаро содиқона ва сарбаландона иҷро кард. Гӯё ҳамин дирӯз буд, ки тавассути барномаи «ВКД хабар медиҳад!» парда аз рӯйи ҷинояткориву қонуншиканиҳо бармедошту мардумро, бахусус, ҷавононро ба интихоби роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят менамуд.
Ёд дорам, вақте ки соли 1992 аз тири мухолифини давлат ҷароҳат бардошта буд, ба аёдати волидайн ба деҳа омад, лекин ҳамагӣ якчанд рӯз дар деҳа монд. Аз гуфторҳояш пай мебурдем, ки аз нооромиҳои ба сари кишвар омада ботинан азият мекашаду ихтилофи ҳаммиллатонро таҳаммул надорад. Аз ин рӯ, захми пояш шифо наёфта, озими пойтахт шуд, то дар барқарорсозии сулҳ ба қадри имкон саҳм гузорад.
Дар деҳа ӯро пиру барно дӯст медоштанду аз он ифтихор менамуданд, ки фарзанди деҳаашон чун журналисти ҳақпарасту хайрхоҳ ва инсони наҷибу бошараф маҳбуби дили ҳамватанон гаштааст. Ҷумъахони Ҳотамӣ ҷаҳоне дошт поку равшан, зебову дӯстдоштанӣ ва пурвусъату пурарзиш, ҳар як лаҳзаашро баҳри ободии диёри маҳбубаш сарф мекард.
Ӯ шарқшиноси варзидае буду аз осори адибони классику муосири Шарқ огоҳии комил дошт. Садҳо панду андарз ва пораҳои ҷолибро азёд медонисту ҳангоми дидорбиниҳо дар фурсатҳои мувофиқ ёдовар мешуд, ки ба гуфтаҳояш ҳусн зам намуда, таъсири андешаҳояшро меафзуд.
Ҳар гоҳ ки ба зиёрати оромгоҳаш мераваму дар ҳаққаш дуои хайр менамоям, чашмам беихтиёр ба санги мармари тирафоми болои қабри одию хоксоронаи ӯ меафтад. Дар он чунин мисраъҳо, ки таҷассумгари саъю талошҳои шаҳиди роҳи ҳақ барои барқарории ҳақиқату адолат мебошанд, ҳаккокӣ шудаанд:
Намудам умр сарфи ҳақталошиҳову
ҳақҷӯйӣ,
Чу ҳақ пайдо нашуд, рафтам, маро
дигар чӣ меҷӯйӣ?
Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки рӯзҳои вопасини ҳаёташ ин мисраъҳоро батакрор мехондааст. Ҳарчанд Ҷумъахони Ҳотамӣ имрӯз дар байни мо нест, вале роҳи пешгирифтаи ӯро ҳамкорону шогирдонаш, дӯстону наздиконаш, аз ҷумла, бародараш полковники милитсия Ҳасан Шералӣ, фарзандаш Алишер Ҳотамов ва садҳо ихлосмандонаш, ки меҳри Ватан ва ҳифзи оромию осудагии халқамон барояшон муқаддас аст, идома дода, баҳри волоияти қонун ва пойдории сулҳу оромии кишвар шабу рӯз заҳмат мекашанд.
Ҷумъахони Ҳотамӣ дар давоми умри кӯтоҳи худ тавонист корҳоеро ба анҷом расонад, ки на ба ҳар кас муяссар мегардад. Хизматҳои ӯ бо орденҳои «Ситораи сурх», «Спитамен» ва чандин мукофотҳои дигари ватаниву хориҷӣ қадршиносӣ гаштанд, вале мукофоти аз ҳама арзишмандтарин дар қалби халқ маскан гирифтани ӯст, ба сифати хулосаи ин навишта биоварам: Мехоҳам суханони дар маросими видоъ баённамудаи хешро: «Рӯҳат шоду манзили охиратат обод бошад, эй ғӯрамарги роҳи ҳақиқату адолат. Акнун осуда бихоб. Осуда бихоб, ки дар зиндагӣ даме осудагиро ба худ раво надидӣ, баҳри волоияти қонун, ҳақиқату адолат мубориза бурдӣ ва чун марди сарсупурда дар ин роҳ худро қурбон кардӣ. Осуда бихоб, ки ҳарчанд дар зиндагӣ барои худ қасре насохтӣ, лек дар замири мардуми ҳақиқатпараст кохе аз меҳру муҳаббати саршор ва боварию эҳтиром бино кардӣ, ки то абад газанде нахоҳад ёфт. Осуда бихоб, ки кори пешгирифтаи туро ҳампешагону дӯстдоронат ба итмом хоҳанд расонд. Осуда бихоб!»
Холмурод ҒИЁСПУР,
омӯзгори мактаби №6-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
Иловакунӣ
Иловакунии фикр