Нашрияи Омӯзгор

Диққат: озмун!

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Ҳафтаномаи «Омӯзгор» бо ҳадафи такмили тарбияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва хештаншиносии насли наврас дар мавзӯи «Ҳомии Ватан будан шараф аст» барои беҳтарин мақолаву гузоришҳо озмун эълон менамояд. Нигоштаҳо ба озмун бояд ба умдатарин масоили ватанпарварию ватандорӣ бахшида шуда бошанд, андешаву мулоҳизоти ҷолибро дар бар бигиранд ва барои ба ҳимояи ватан, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ омода намудани ҷавонон нақши шоиста бигузоранд.

Озмун аз рӯзи эълон шуданаш то аввали моҳи феврали соли 2022 идома меёбад ва дар арафаи Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад.

Ғолибони озмун соҳиби  мукофотҳои махсус ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон мегарданд.

 

Таъкид:

Ҳаҷми  мақолаҳо набояд аз 3-4 саҳифаи чопи компютерӣ (ҳарфи Times New Roman Tj, 14-2 интервалӣ) зиёд бошанд, дар акси ҳол ба озмун роҳ намеёбанд


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш