Дар коллеҷи омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ имтиҳони давлатии хатмкунандагон идома дошт. Хабарнигорамон ба хотири огаҳии рафти имтиҳонот ба устоди факултаи филологияи Донишгоҳи милллии Тоҷикистон Шаҳбоз Кабиров - Раиси комиссияи имтиҳонӣ дар муассисаи мазкур мусоҳибаи кӯтоҳ анҷом дод.
- Дар мамлакати мо яке аз масъалаҳои муҳим роҳандозии таҳсилот мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ мебошад. Дониши хатмкунандагони муассисаи таълимие, ки раиси комиссияи интиҳонии онро ба уҳда доред, оё ба ин чиз мувофиқат мекунад?
- Ба сатҳи ҷаҳонӣ расонидани омӯзишу парвариш ҳадаф ва мақсади мо аст. Ба ин сатҳ расидан вақт мехоҳад. Ин амалест, ки дар як фосилаи муайян ва кӯтоҳ онро анҷом додан мушкил аст.
Дар муассисаҳои олии таълимӣ донишҷӯёне вомехӯранд, ки бо дили хоҳам-нахоҳам ба дарсу машғулиятҳо муносибат карда, ба хотири аз хизмати сарбозӣ озод шудан курсии донишҷӯиро банд мекунанд. Аммо саъйу талош ва масъулияти бештари донишомӯзӣ дар муассисаҳои миёнаи касбӣ бештар ба назар мерасад. Онҳо саъйу талоши бештар мекунанд, то ки дониши хуб гирифта, ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил шаванд. Коллеҷи омӯзгорӣ дар маконе ҷойгир шудааст, ки ин ҷо мисли шаҳр муассисаҳои фароғатию тафреҳӣ бисёр нест. Аз ин рӯ, донишҷӯён вақти зиёди худро барои аз худ кардани маводи додашуда сарф мекунанд.
- Мусаллам аст, ки ҳар як имтиҳони давлатӣ чун меъёри санҷиши дониши хатмкунандагон махсусиятеро дорост. Дар имтиҳони имсола чӣ вижагие ба мушоҳида расид?
- Мастчоҳ ноҳияест, ки дар он қавму миллатҳои мухталиф, аз ҷумла, ӯзбекзабонҳо ҳаёт ба сар мебаранд. Як амали воқеист, ки фарзандони онҳо низ дар коллеҷи омӯзгорӣ таҳсил мекунанд. Дар рафти супоридани имтиҳонҳо маълум гардид, ки ин донишҷӯён забони тоҷикиро мисли дигар шарикдарсони соҳибзабон хуб балад ҳастанд.
- Сатҳи дониши хатмкунандагони имсолаи коллеҷро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Сатҳи дониши хатмкунандагонро, дар маҷмӯъ, метавон қаноатбахш ҳисобид. Ин ҳам бесабаб нест, зеро дар коллеҷ муаллимони донишманду пуртаҷриба кору фаъолият доранд, 4 нафари онҳо номзади илм, 2 нафар аз ҳамкорон низ номзадҳои илманд. Чор нафари дигар дар арафаи ҳимояи рисолаи номзадӣ қарор доранд.
- Раиси комиссияи имтиҳони давлатӣ ба ҷуз қабули имтиҳон боз кадом ваколатҳои дигарро дар ихтиёр дорад?
- “Ваколат”-ҳои дигар ба худи кас вобаста аст. Бахусус, барои онҳое, ки ба муассисаҳои таълимии музофотҳо аз пойтахт мераванд. Муассисаҳои таълимии ин ҷо ба мадади олимоне, ки дар пойтахт фаъолият доранд, хеле ниёзманданд. Мақсад фақат қабули имтиҳон нест. Дар муддати маъмурияти худ раиси комиссия метавонад ба раванди таълим аз наздик хуб ошно гардида, бисёр норасоиҳои онро ошкор созад ва барои бартарафсозии онҳо дастуру маслиҳатҳои методӣ диҳад.
Аксар маврид дар тартиб додани саволҳои билетҳои имтиҳонӣ тавозуни суолҳои фанҳои омӯхташуда риоя карда намешавад. Гоҳо суолҳо аз як фан бештар буда, аз фанни дигар камтар оварда мешаванд. Барномаи таълимӣ бояд дар билетҳои имтиҳонӣ ифодаи пурраи худро ёфта, суолҳои гузошташуда ба барномаи таълимӣ мувофиқат кунанд.
Неъмат НЕЪМАТЗОДА,
“Омӯзгор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр