Нашрияи Омӯзгор

ЭЙ АБР!

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 813        Шарҳ: 0

 

Эй абр, ман туро зуд-зуд мебинам. Дар фазо ҷавлон мезанӣ. Гоҳ сап-сафедию гоҳе сип-сиёҳ. Ту ҳам қаҳр дорӣ, ханда дорӣ, ноз дорӣ, гиря дорӣ. Гоҳе бо вазиши бод шинокунон сайри ҷаҳон мекунӣ, вале гоҳе ба хашм меоию менолӣ. ғазабат ки афзуд, дод мезанӣ, худро оташ мезанӣ ва аз ту падид меояд борону барфу жола. Мерезӣ яксон ба рӯйи дашту ёла.

Вале рӯзи дигар дам мегирӣ. Болои қуллаи баланди кӯҳе нишаста, андеша мекунӣ, ба марғзорон, ба кӯҳу пуштаҳо менигарӣ ва завқ мебарӣ аз файзи рехтаат. Зеро он неъмате, ки ту рехтаӣ, бахту саодати табиат аст, одам аст, замини роҳатрасон аст. Яъне, ҳама қаҳру ситеза, итоб ва шитоби ту ба манфиати кор аст. Ҳаётбахшу наҷотбахш аст. Табъи дили инсон аст.

Мо аз ту нолон нестем, балки шодон ҳастем. Охир, агар ҳамту одиякак назар андозем, ту ҳам бегона нестӣ, хеши мойӣ, фарзанди ҳамин заминӣ.

Шояд ба ҳайрат ойӣ ва пурсӣ, чӣ гуна?

Эй абр, ту таблидотро андеша кун. Ту чӣ гуна арзи ҳастӣ дорӣ. Чӣ гуна зода шудӣ, чӣ гуна болои осмон манзил гирифтӣ, ман медонам. Охир ту ҳамон чангу хоки ин заминӣ, ҳарорати гарми чашмаву рӯд, баҳру наҳру дарёҳоӣ. Дуди оташи хонаву мошину заводҳоӣ. Яъне, мо туро сохтаем, ки имрӯз соҳиби мулки волоӣ. Осмонро дилороӣ. Маснад дорӣ, ноз дорӣ, ҷилва дорӣ, ханда дорӣ.

Барои ҳамин, андеша кун, ҳар гоҳе ба шӯр меоӣ, ҳар чӣ хоҳӣ, мерезӣ, андеша кун, ки бо инсон, бо хоку обу замин пайвастагӣ дорӣ.

Мағрур машав. Худро гум макун, зеро ту ҳам зодаи ҳамин замину обу хокӣ.

Рафтӣ ба фазо, боз бармегардӣ. Ҷоят мағзи ин замин аст.

Бинобар ин, дӯст дор одамиро, ин заминро!

Саидмурод ИСКАНДАРӢ,

шаҳри    Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш