Нашрияи Омӯзгор

Фарзанди содиқи меҳан

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 823        Шарҳ: 0

 

Сотим Улуғзода 11-уми сентябри соли 1911 дар деҳаи тоҷикнишини Варзики ноҳияи Чусти вилояти Намангони ҶШС Ӯзбекистон, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Соли 1929 Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошкандро бомуваффақият хатм намуда, ба пойтахти тоҷикон - шаҳри Душанбе раҳсипор мегардад. Чанд сол ба сифати котиби масъули нашрияҳои “Комсомоли Тоҷикистон” ва “Тоҷикистони сурх” ва муовини муҳаррири маҷаллаи “Барои адабиёти сотсиалистӣ” ба кор пардохта, дар ташаккули матбуоти тоҷик саҳми назаррас гузоштааст.

Ҳамчун мунаққид ва адабиётшиноси фаъолу ҷавон дар рӯзномаю маҷаллаҳои матбуоти даврӣ мақолаҳои публитсистӣ, илмӣ, илмию оммавӣ, ёддоштӣ, методӣ ва интиқодӣ ва таҳлилию таҳқиқотӣ навиштааст. Аксари мақолаю рисолаҳои иншонамудаи мавсуф роҷеъ ба масоили адабиёти классикию муосири тоҷик ва эҷодиёти намояндагони ҷудогонаи он, инчунин, сарнавишти шахсиятҳои бузург ва қаҳрамонони далеру шуҷои марзу буми Ватан, аз қабили Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Саъдии Шерозӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Саидмуродзода Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Абдусалом Деҳотӣ ва Темурмалику Восеи диловару шуҷоъ бахшида шудаанд.

Бо эҷоди “Ривояти суғдӣ” барин асарҳои мондагору безаволи таърихӣ даст задани нависанда ва инъикоси воқеаҳои асрҳои VII-VIII  таърихи форсу тоҷик касро ба ҳайрат меорад. Тасвири оғози ин ҳаводис пешрафти муборизаҳои қаҳрамононаи шикастнопазири таърихӣ ва рӯҳи эпикии халқро тавзеҳ намудааст. Махсусан, дар тасвири ҷангҳои Хотуни Бухороӣ бо Убайдуллоҳи Зиёд ва Саид бинни Усмон боз ҳам равшантар зуҳур ёфтааст. Зеро офариниши чунин асарҳои таърихӣ осон нест. Нависандаи асар дар ин мавридҳо бояд ақаллан муаррих, олим ва донишманду сиёсатмадори асил бошад.

Аммо адиби мумтоз Сотим Улуғзода тавонистааст, ки маҳорату истеъдоди Худододи худро истифода бурда, далерона ба омӯзиши зарра ба зарраи ҳамаи он воқеот камари ҳиммат баставу ба тазкираю китобҳои таърихӣ, асарҳои илмию адабӣ, ривояти атиқа сар фурӯ бурда, таърихи он аҳди бостониро ба таври мӯшикофона таҳқиқ карда, хронология ва сюжети воқеотро барқарор созад. Ҳамзамон образҳои мухталиф, типҳои гуногунро кашф намуда, рӯйдоду ихтилофи ҳаводисро дуруст муайян гардонад, ки ин кор аз адиб заҳмати зиёд талаб карда, як навъ қаҳрамонӣ маҳсуб меёбад.

Фаъолияти устод Сотим Улуғзода дар соҳаи тарҷума низ хеле пурсамар ва ибратбахш аст. Мавсуф ҳанӯз соли 1931 романи Э. Л. Войнич “Ғурмагас” ва соли 1981 онро такроран бо номи “Занбӯр” ба забони тоҷикӣ тарҷума намудааст. Китоби якумӣ бо таҳрири устод Садриддин Айнӣ ба табъ расидааст. Инчунин, тарҷумаи пйесаи Н. Ф. Погодин-“Одами милтиқдор” (1940), А. Островский- “Гунаҳкорони бегуноҳ” (1945), драмаи В. Н. Билл-Белотсерковский -“Ҳаёт даъват мекунад” (1935), мазҳакаи К. Голдони - “Хизматгори ду хоҷа” (1944), Максим Горкий - “Модар” (1953), В.Шекспир - “Ҳамлет” (1970), Ж. Б. Молйер - “Табиби зӯракӣ” (1972), М.Сервантес - “Дон кихот” (1974), Шарл де Костер - “Тил Уленшпигел” (1975), Чингиз Айтматов “Қуллаи Фудзияма” ва инчунин, чанде аз ҳикояҳои адибони барҷастаи рус Антон Чехов ва Максим Горкий ба қалами ӯ мутааллиқанд.

Устод Сотим Улуғзода аз интиҳои солҳои сиюм дар баробари таълифи корҳои илмию адабӣ ба таълифи асарҳои саҳнавӣ иқдом намуда, пйесаҳои “Шодмон” (1939) ва “Калтакдорони сурх”- ро (1940) эҷод мекунад, ки аз тарафи ҳунарпешагони Теат-ри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба саҳна гузошта шудаанд. Пйесаи “Калтакдорони сурх” соли 1941 дар рӯзҳои баргузории нахустин Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Москва намоиш дода шуд, ки сазовори баҳои баланд гардида буд. Пас аз ин намоиш Сотим Улуғзода ҳамчун драматург обрӯю нуфузи зиёд пайдо карда, минбаъд драматургия яке аз соҳаҳои асосии фаъолияти адабии ӯ гардид.

Адиби маъруф ва нависандаи меҳандӯст ҳамчун иштирокчии фаъоли Ҷанги Бузурги Ватанӣ роҷеъ ба корномаву ҷонфидоиҳои фарзандони диловару содиқи Ватан ва халқҳои гуногуни мамлакатамон дар майдони муҳорибаҳои шадиди зидди фашистон пйесаи ”Дар оташ” (соли 1944)-ро эҷод намуд, ки он дар саҳнаи Театри академӣ - давлатии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба намоиш гузошта шуд. Инчунин, мавсуф соли 1946 дар бораи Аҳмади Дониш монографияе таълиф намуд, ки яке аз аввалин тадқиқоти муфассал роҷеъ ба ҳаёт ва эҷодиёти сардафтари адабиёти маорифпарварии тоҷик маҳсуб меёбад.

Нахустин асарҳои насрии нависандаи маҳбуб ба шакли очерк ва мақолаҳои публитсистӣ дар солҳои сиюм ва давраи ҷанг дар матбуоти ҷумҳуриявӣ чоп шудаанд. Ба навиштани асарҳои калонҳаҷми насрӣ-повесту роман асосан дар солҳои пас аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз бахшида, соли 1947 аввалин повест бо номи “Ёрони боҳиммат”-ро дар мавзӯи садоқат ва вафодории одамони ақибгоҳ нисбат ба иштирокчиёни фронт эҷод намудааст. Пас аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба тасвири ҳаёти осоиштаи мардумони Шӯравӣ ва меҳнати бунёдкоронаи онҳо рӯ оварда, соли 1951 аввалин асари мазҳакавии худ “Ҷӯяндагон”-ро таълиф менамояд, ки муҳтавои он аслан, ба ҳаёти геологҳо бахшида шудааст.

Дар жанри тарҷимаиҳолӣ ва таърихӣ сенарияи филмҳои “Ибни Сино” (соли 1953, дар ҳаммуаллифӣ бо В. Виткович, киностудияи Тошканд) ва “Қисмати шоир”-ро (1957, студияи “Тоҷикфилм”) эҷод намуд. Хусусан, филми “Қисмати шоир” хеле муваффақият пайдо намуда, соли 1960 дар дуюмин Фестивали кинофилмҳои мамолики Осиё ва Африқо дар шаҳри Қоҳира сазовори мукофоти якум ва медали “Уқоби тилло” гардид. Яке аз марғубтарин асарҳое, ки дар эҷодиёти нависанда ва умуман, дар таърихи насри муосир мақоми намоён дорад, повести тарҷимаиҳолии “Субҳи ҷавонии мо” маҳсуб меёбад.

Соли 1958 Сотим Улуғзода дар асоси сенарияи филми “Қисмати шоир” бо номи “Рӯдакӣ” драмае ба вуҷуд овард, ки он дар рӯзҳои ҷашни 1100-солагии асосгузори адабиёти форсу тоҷик - устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар саҳнаи Театри академӣ - давлатии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ намоиш дода шуд. Соли 1962 бошад, мазҳакаи комедияи “Гавҳари шабчароғ” таълиф ёфта, аз тарафи ҳунармандони театри номбурда ба саҳна гузошта шуд. Муҳимтарин мақола ва очеркҳои мавсуф дар китоби “Ягонагӣ” соли 1963 ба забони русӣ фароҳам оварда шудаанд.

Чунонки рӯзноманигори шинохта, он замон котиби матбуотии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Ҳалима Хушқадамова дар мақолаи худ таҳти унвони «Дар ёди Ватан» (Хотирае чанд аз вопасин рӯзҳои устоди наср С. Улуғзода), 3-юми декабри соли 2009 дар шумораи 49 (692)-и нашрияи “Чархи гардун” нигоштааст: “Моҳи майи соли 1995 сарони давлатҳои муштаракулманофеъ ба шарафи 50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба шаҳри Москва даъват шуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз фурсат истифода бурда, ба аёдату табрики нависандаи маъруф Сотим Улуғзода омад. Устод ин вақт бисёр лоғару мариз буд ва аз бистар қариб намехест.

Эмомалӣ Раҳмон ба кати Сотим Улуғзода нишаста, ба ӯ муроҷиат карда, аз ҷумла гуфт: ”Домулло, ба Ватан баргардед, як шакароб хӯред, ҳама дардҳо рафъ мешаванд. Ман омадам, ки Шуморо барам. Хонаву ҷоятон обод, духтурони беҳтаринро ба нигоҳубину табобати шумо вобаста мекунем”.

Ин лаҳза чашмони устод ашкрез гаштанд ва ҳаракати аз ҷо хестан намуд. Любов Андреевна (ҳамсари нависанда) бо кумаки писараш Зариф ӯро ба курсии мулоим шинонданд. Устод “Ватан, Ватан...” мегуфту оби чашмаш беист мерехт....

Президенти кишвар ба писари устод Зариф гуфт, ки даҳ сол падари ӯ ҳам дар ин ҳол буд, вале ҳеҷ аз наздаш дур намешуд ва таъкид намуд, ки падарро то тавонад, эҳтиёт намояд. Ба Ватан баргарданд, боз беҳтар, алъон он ҷо баҳори зебо ҳукмронӣ дорад.

Баъди рафтани ҳайати расмӣ ба ваҷоати устод зеҳн мондам. Рӯйи ӯ назар дар як он дигар гашт. Аз чеҳрааш нуру аз дидаҳояш донаҳои ашки шодиву қаноат меборид. Любов Андреевна бо нигоҳҳои суоломезам посух дода гуфт, ки охир Сотим Улуғзодаро боре ҳам ягон котиби якуми Кумитаи Марказӣ қабул накардааст ва ӯ хуб мефаҳмад, ки кӣ имрӯз ба дидори ӯ омад. Албатта, шод аст. Ва ҳатто моро фармуд, ки ӯро аз ҷо хезонем.

Бале, агар аз як тараф, мақоми Эмомалӣ Раҳмон ба устод таъсир расонда бошад, аз тарафи дигар, суханҳои заминию самимии ӯ ба устод лаҳзае ҳам бошад, сабукӣ бахшиданд. Баъди ин дидор Любов Андреевна ва аҳли хонаводааш дар фикри бозгашт ба Ватан буданд. Вале ҳоли устод торафт бадтар мегашт ва табибон барои раҳсипор гаштани ӯ ба воситаи тайёра иҷозат надоданд”.

Ҳамин тавр, 25-уми июни соли 1997 қалби поку беолоиши адиби маъруф ва ватандӯсти содиқ ба абадият пайвасту турбати адиб бо эҳтимому супориши бевоситаи Сарвари давлат ба шаҳри Душанбе оварда шуда, дар мавзеи Лучоб ба хок супорида шуд.

Ба хотири гиромидошти драматурги мумтоз, адиби шинохта, нависандаи маҳбуби миллат, шодравон Сотим Улуғзода тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 29-уми апрели соли 2009 Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон, ки пештар номи Александр Сергеевич Пушкинро дошт, ба номи ин абармарди миллат номгузорӣ гардид.

 

Мухбирҷон КЕНҶАЕВ,

журналист, сармутахассиси

шуъбаи табъу нашри

раёсати Академияи миллии

илмҳои Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш