Нашрияи Омӯзгор

Инсони комил ва устоди варзида

Сана: 2021-07-08        Дида шуд: 841        Шарҳ: 0

 

Дотсенти кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълими факултаи санъати тасвирӣ ва технологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров Саидмаҳмад Олов дар сафи устодони фаъолу номвар қарор дорад.

Ӯ шогирдони зиёдеро ба камол расонидааст, ки дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи ҷумҳурӣ ва берун аз он фаъолият менамоянд.

Ин устоди варзида  зодаи  ноҳияи Айнӣ буда, шуъбаи нақша, расм ва меҳнати факултаи физика-математикаи ДДОЛ ба номи С.М.Киров (ҳозира ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров)-ро соли 1973 ба итмом расонидаст. Дониши мукаммал доштан, чандин сол роҳбари маҳфили нақшакашҳо будан ва аз соли хониши сеюм дар қатори устодони худ ба донишҷӯёни курсҳои поёнӣ дарс додани Саидмаҳмад Оловро ба назар гирифта, комиссияи давлатӣ бо қарори худ устодро ба сифати ассистенти кафедраи нақшакашӣ ва расмкашии факултаи номбурда ба кор тавсия намуд.

Ӯ солҳои 1974-1979 ба ҳайси муаллими кафедраи нақшакашӣ ва УТФТ фаъолият карда,  солҳои 1979-1980 муҳаққиқ - коромӯзи кафедраи методикаи таълими Донишкадаи омӯзгории ба номи В. И. Ленини шаҳри Москва ба фаъолияти илмию омӯзгории худ идома бахшида, соли 1980 ҳамчун аспиранти шуъбаи рӯзонаи Донишкадаи зикршуда ба кори илмӣ пардохт. Дар давоми таҳсил  фаъолияти кордонию ташкилотчигӣ ва илмии Оловро ба назар гирифта, аспиранти курси якумро ба вазифаи раиси ташкилоти аспирантони донишкадаи номбурда интихоб намуданд. Саидмаҳмад Олов соли 1984 аввалин шуда дар байни муҳаққиқони ҷавон рисолаи номзадии худро дар соҳаи фанҳои графикӣ  ҳимоя намуд.

Мавсуф  соли 1986 ба сифати дотсенти кафедра ва декани факултаи рассомӣ-графикии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров фаъолиятияшро давом дода, дар ин вазифа то соли 1996 кор карда, дар масъалаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва пешрафти факулта ва донишгоҳ саҳми калон мегузорад. Бори савум (солҳои 2001-2007) ба вазифаи декани факулта таъйин ва сазовори  иззату эҳтироми устодону омӯзгорон донишҷӯён мегардад.

Солҳои 1996-2001 ва 2007-2015 ҳамчун мудири кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи  таълим таъйин гардида, тамоми истеъдод ва кӯшишу ғайрати хешро баҳри беҳбудии сатҳу сифати таълиму тарбияи донишҷӯён равона менамояд.

Ҳоло панҷ сол мешавад, ки  таҳти роҳбарии Саидмаҳмад Олов маҳфили фарҳангӣ - бадеии “Одоби ҳамида” ташкил шуда, дар  донишгоҳ  фаъолияти фарҳангӣ- маърифатӣ ва тарбиявӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Саидмаҳмад Олов зиёда аз 60 мақолаи илмӣ ва илмӣ-методӣ, роҳнамоҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ ва китобҳои дарсиро таълифу таҳия ва ба чоп расонидааст. Фаъолияти хубу назаррас, навҷӯёна ва эҷодкоронаи устодро дар самти корҳои таълиму тарбия, илмӣ  ва  ҷамъиятӣ ба назар гирифта, ӯро бо нишони “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ифтихорномаҳои Вазорати маориф, раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Хуҷанд ва раёсати ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров сарфароз гардондаанд.

Саидмаҳмад Олов баробари устоди хуб будан, ҳамсари мушфиқу меҳрубон, падари панҷ фарзанд ва бобои дуогӯи наберагон мебошад.

 Ман бо устод Саидмаҳмад Олов аз соли 1968 шинос буда, лаҳзаҳои зиёди хотирмонро аз давраи донишҷӯӣ, фаъолияти корӣ, дамгирӣ дар осоишгоҳ, инчунин, ғунучини пахта дар хотир дорам. Чанде  аз ин лаҳзаҳоро ба ёд меорем:

1. Таҷлили 25- солагии факулта буд, тайёрӣ мерафт, бо вуҷуди он, ман хавотир шуда, борҳо ба Саидмаҳмад Олов,  мегуфтам, ки ягон нақшаи рафти ҷамъомадро тартиб диҳем, лекин он кас, “парво накунед, ҳамааш хуб мешавад”, гӯён аз пайи коре мешуданд, ман, зиқ мешудам. Ба ҷамъомад меҳмонони зиёд аз факултаҳои донишкада, омӯзгорон ва шогирдон даъват шуда буданд. Садри ҷамъомад  Саидаҳмад Олов буд ва он хеле хотирмон гузашт. Дар хотима профессор А.Сайфуллоев (рӯҳашон шод бод) гуфтанд, ки Саидмаҳмад Олов на фақат номзади илми педагогика, балки лоиқи  номзади илми суханшиносӣ  мебошанд.

2. Давраи тиллоии донишҷӯӣ буд.  Мо 4-5 нафар зергурӯҳча ташкил намуда, пас аз машғулиятҳо то бегоҳӣ дар сифхононаҳои факулта ба дарсҳо тайёрӣ  медидем.

Адабиёт оид ба ихтисоси мо хеле кам, он ҳам ба забони русӣ буд.

Аз фанни таърихи санъат имтиҳонро бо забони русӣ супоридан лозим меомад, барои ин фан ҳамагӣ як китоб мавҷуд буд. Китобро толори хониш  метавонист фақат як нафар истифода кунад. Мо маслиҳат мекардем, ки бо навбат, ҳар рӯз як нафар  китобро барвақт рафта мегирад ва дар лаби дарёи Сир якҷо ба имтиҳон тайёрӣ мебинем. Саидмаҳмад Олов, ки дар мактаб-интернат таҳсил карда буд, дар масъалаи донистани забони русӣ бартарӣ дошт. Натиҷаи ҳамин заҳматҳояш буд, ки аз 17 нафар хатмкардаи гурӯҳ, 5 нафар - Саидмаҳмад Олов, Ю.Юсупов  А.Бобоҷонов, М.Ҷалилова ва К.Абдуллоев  дар донишгоҳ то ҳол фаъолият карда истодаем.

 

Юнус Юсуфов,

муаллими кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълими МДТ, ДДХ ба номи

академик Бобоҷон Ғафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш